- 04.12.2025
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
Фаъолияти Шӯрои
кураторони донишкада тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Низомномаи Шӯрои парасторони муассисаҳои таҳсилоти касбии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Шӯрои кураторон усулҳои
самараноки корҳои тарбиявиро дар амал татбиқ намуда, оид ба ташкил ва
гузаронидани соатҳои кураторӣ, хонишҳои сиёсӣ, шабҳои саволу ҷавоб, озмунҳо,
мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра саҳм мегузорад.
Шӯрои кураторони
донишкада барои инкишофи фаъолияти касбии мутахассисони ҷавон дар руҳияи волои
ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ, баланд бардоштани
малакаи ташкилотчигию фаъолияти илмӣ-озмоишӣ, амалӣ-истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии
донишҷӯён масъул мебошад.