ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад….”, ки санаҳои 7-8-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид ва дар он донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гардиданд.
Аз ҷумла донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ Ҷовид Тошматов аз фанни математика ва донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) Муаззамхон Мусоева сазовори ҷойҳои 3-юм гардиданд.
Ҳамзамон донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона Дилдора Иброгимова аз фанни назарияи иқтисодӣ ҷойи ифтихориро ба даст овард.
Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузориии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳимми илмӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозад, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овардааст.
Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишкада ғолибон ва омӯзгорони онҳоро ба муносибати ин дастоварди арзишманд самимона табрик гуфта, барояшон дар роҳи илмомӯзӣ, фаъолияти илмӣ ва фатҳи қуллаҳои нав муваффақият ва комёбиҳои бештар орзу менамоянд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО