СЕМИНАР: ТАТБИҚИ “СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2044" ДАР ДОНИШКАДА
Бо иқдоми шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронии донишкада дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишкада оид ба иҷрои бандҳои нақшаи нақшаи амали Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 дар солҳои 2025-2027 семинар - машварат дар мавзӯи татбиқи “Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 дар донишкада баргузор гардид.
Дар семинар машварат иброз гардид, ки сифати таҳсилот ҳамчун низоми доимоамалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини сифати таҳсилот, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии иттилоот оид ба таҳсилот ва қисмҳои алоҳидаи он равона карда шудааст. Мақсади асосии ба роҳ мондани семинар машварат муаррифии Низомномаи арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ; Барномаи арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ; Нишондиҳандаҳо (индикаторҳо)-и арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ғайраҳо мебошад.
Санадҳои зикршуда барои таъмини сифати таҳсилот ва низоми ягонаи татбиқи он дар донишкада ба роҳ монда, таҳлили ҳамаҷонибаи сифати воқеии таълим, танзими ҳуҷҷатгузорӣ, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, хусусиятҳои татбиқи низоми менеҷменти сифат дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ, рушди технологияи иттилоотӣ ва мушкилоти омодагии касбии мутахассисон ва муайянкунии самтҳои беҳдошти он мебошад. Умед аст, ки семинар машварати мазкур барои таъмини сифати таҳсилот ва беҳсозии он мусоидат мекунад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО