Кафедраи сохтмон яке аз воҳидҳои пешбари таълимӣ ва илмии донишгоҳ ба ҳисоб
меравад, ки мутахассисонро дар самтҳои сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, сохтмони
хоҷагидории коммуналӣ омода менамояд.
Хатмкунандагони ихтисоси сохтмон дар бозори меҳнат аз рӯйи ихтисоси худ бо
муваффақият фаъолият бурда метавонанд. Онҳо имконият доранд, ки ҳамчун
муҳандисон, сармуҳандисон, конструкторон, роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ,
муовинони роҳбарон ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни сохтмон дар Тоҷикистон ва
хориҷи кишвар фаъолият намоянд.
Дар солҳои охир хатмкунандагони кафедра дар корхонаҳои зерин фаъолияти
меҳнатӣ доранд:
- ҶДММ «Суғдсофткор»
- ҶДММ «Суғдиён»
- ҶДММ «Фаровон-1»
- ҶДММ «Хушофар»
- ҶДММ «Бунёдгари Суғдзамин»
- ҶДММ «Хуҷандмеҳр»
- ҶДММ «Ирода-2013»
- КВД «Лоиҳакаш»
- ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» (филиали Хуҷанд)
- Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва шаҳри
Хуҷанд ва дигар ширкатҳо ва ташкилотҳои давлатии сохтмонӣ.
Хатмкунандагони
кафедраи сохтмон дар вазифаҳои гуногун кор карда саҳми назаррас дар рушди соҳаи
сохтмон мегузоранд.
Хатмкунандагони муваффақи кафедра:
- Муҳиддинов Н.Л. (2001) – муовини сардори
идораи сохтмони асосии вилояти Суғд.
- Раупов Н. (2001) – директори ҶДММ
«Суғдсофткор».
- Набиев Ш.Т. (2001) – директори ширкатҳои
сохтмонии «ООО НТСМ» ва «ООО ИТЭК» дар вилояти Тюмен, Федератсияи Россия.
- Бобоев М.О. (2010) – раиси Ассотсиатсияи
сохтмончиёни вилояти Суғд.
- Оқилов Б. (2010) – сармуҳандиси қисми
бетонтайёркунии ҶДММ «Фаровон-1».
- Мамаҷонов М. (2010) – сармуҳандиси трести
«Суғдобсохтмон».
- Усмонов Б.Ш. (2011) – директори ҶДММ «КФ
Фортуна – КО».
- Исломиён О.О. (2013) – директори филиали ҶСК
«ПИЛҶ САНИИОСП» дар шаҳри Хуҷанд.
- Қодиров Ғ. (2018) – муҳандис-конструктори
филиали ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП» дар шаҳри Хуҷанд.
- Самадов С. (1998) – муовини раиси шаҳри
Хуҷанд.
- Маҳкамов Ҷ. (2013) – сардори КВД
«Лоиҳакаш»-и ноҳияи Шаҳристон.
- Ӯрунов Ш. (2012) – директори ҶДММ «Хушофар».
- Бобоев У. (2022) – директори ҶДММ «Бунёдгари
Суғдзамин».
- Орипов Ф. (2007) – директори ҶДММ
«Хуҷандмеҳр».
- Самадов Ҳасан (2009) – роҳбари ҶДММ
«Ирода-2013».
- Самадов Ҳусен (2009) – сармутахассиси ИСА
(УКС) Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд.
- Ёқубов У. (2014) – сармутахассиси шуъбаи
истеҳсолӣ-техникии КДК «Идораи сохтмони асосӣ»-и шаҳри Хуҷанд.
- Файзуллоев М. (2014) – сармуҳандиси ҶДММ «Бунёдгари
Суғдзамин».
Ин
шахсиятҳо намунаи равшани муваффақияти хатмкунандагони кафедраи сохтмон буда,
обрӯ ва нуфузи донишгоҳро дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ баланд мебардоранд.