ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ (БОҶ) ВА KOICA БА ДОНИШКАДА
Намояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи таълимӣ-намоишии факултети муҳандисӣ-технологӣ ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Ташриф дар доираи татбиқи лоиҳаи «Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифодаи технологияҳои кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираи арзиши маҳсулот» баргузор гардид. Кооперативи ғайритиҷоратии «Сароб», ҳамчун иҷрокунандаи асосии лоиҳа, низ дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, фаъолияти худро дар самти татбиқи технологияҳои муосири кишоварзӣ ва дастгирии ҷавонони деҳот муаррифӣ намуд.
Дар рафти боздид меҳмонон бо фаъолияти гармхонаи таълимӣ-намоишӣ, имкониятҳои омӯзишию тадқиқотӣ ва дастовардҳои донишкада дар самти рушди технологияҳои муосири кишоварзӣ аз наздик шинос шуданд.
Ҳамчунин вохӯрии расмии ҳайати меҳмонон бо директори донишкада, Хурсанд Содиқзода сурат гирифт. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои афзалиятноки донишкада баррасӣ шуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва ҷалби маблағгузории грантӣ ба намояндагони KOICA панҷ лоиҳаи нави инноватсионӣ пешниҳод гардиданд, ки ба самтҳои амнияти озуқаворӣ, технологияҳои рақамии кишоварзӣ, энергияи сабз, зеҳни сунъӣ дар маориф ва рушди занҷираи арзиши маҳсулот нигаронида шудаанд.
Меҳмонон ба имкониятҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инфрасохтори таълимии донишкада баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуданд.
Роҳбарияти донишкада изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳои ин мулоқот барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав ва рушди устувори бахшҳои маориф, илм ва кишоварзии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО