• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ
Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ

Мудири кафедра: номзади илмҳои физика ва математика, Ғуломнабиев Сардор Ғуломайдарович, sardor1967@listl.ru.

 

Маълумот барои тамос бо кафедра:

Почтаи электронӣ: kbni@polytech.tj

Суроға: ш.Хучанд, минтакаи Шаркиқӣ, 30 мкр, бинои И.

 

Аз таърихи кафедра:

Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ соли 2010 дар асоси кафедраи таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотии ФХДТТ ташкил ёфтааст. Аз соли 2014 дар ҳайати факултети информатика ва энергетикаи ДПДТТХ қарор дошта, аз соли 2025 ба ҳайати факултети технологияҳои рақамӣ дохил мешавад.

Кафедра дар самти гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа як қатор корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба анҷом расонида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Натиҷаҳои илмии кафедра, аз ҷумла дар самтҳои автоматикунонии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ (МТОК), иқтисоди рақамӣ, лингвистикаи компютерӣ ва дигар бахшҳо, татбиқи амалӣ ёфтаанд.

Хусусан, дар тӯли солҳо таҳти роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Усмонов З.Ҷ., як силсила таҳқиқоти муҳим анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, аз тарафи ин мактаби бузурги илмӣ бори аввал таҳлили ҷойгиршавии оптималии ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ дар клавиатура анҷом дода шудаат. Шогирдони ин мактаб дар раванди воридсозии забони тоҷикӣ ба системаи оператсионии Windows ва таҳияи бастаи барномавии забони тоҷикӣ барои Microsoft Office, бо ҳамкории ширкати ҷаҳонии Microsoft, фаъолона иштирок намудаанд. Ин бастаҳо тафтиши автоматии имло, тезаурус ва гузаронидани калимаҳо аз сатр ба сатрро фаро мегиранд.

Илова бар ин, як қатор барномаҳо барои синтез ва шинохти овоз, тарҷумаи автоматии матн, инчунин шинохти муаллиф аз рӯйи матн таҳия гардидаанд. Барои саҳми арзанда дар рушди лингвистикаи компютерӣ, соли 2017 номзадони илмҳои физика ва математика Солиев О.М. ва Худойбердиев Х.А. ба ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С. Умаров дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шудаанд.

Натиҷаҳои илмии устодони кафедра дар истеҳсолот ва ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон васеъ татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, метавон системаи қабули пардохтҳо тавассути терминалҳои худхизматрасон (Express Pay), системаи автоматикунонидашудаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе ва дигар лоиҳаҳои амалиро ном бурд.

Дар давоми даҳ соли охир аз ҷониби кафедра 4 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардида, зиёда аз 10 монография ва беш аз 200 мақолаи илмӣ дар нашрияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд. Инчунин, зиёда аз 40 шаҳодатномаи моликияти зеҳнӣ ба даст оварда шудаанд.

Устоди кафедра, олими ҷавони умедбахш Хуршед Худойбердиев соли 2024 рисолаи докториро дар мавзуи «Балоиҳагирӣ ва коркарди низомҳои худкори коркарди маълумот бо забони тоҷикӣ» бо муваффақият дифоъ кардааст. Муаллифи 3 монографияи илмӣ, 72 мақолаҳои илмӣ ва 32 шаҳодатномаҳои дар соҳаи ихтирои маводди зеҳнӣ, 10 китоби дарсӣ, 20 дастурамали таълимию методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси самти технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Дар лоиҳаҳои самти лингвистикаи забони тоҷикӣ (таҳияи луғатҳои электронӣ, маҷмуи барномаҳои TajSpell барои санҷиши имлои забони тоҷикӣ, талаффузи компютерии матни тоҷикӣ, тарҷумони худкори матни забони тоҷикӣ, маҳзани овози забони тоҷикӣ, низоми иттилоотии TajLINGVO барои коркарди худкори маълумот бо забони тоҷикӣ ва ғ.) саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Фаъолияти асосии кафедра

Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ (КБваНИ) яке аз ҷузъҳои асосии сохтори таълимӣ ва илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТХ) буда, барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои “1-400101 – Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ” (зинаи бакалавриат), “1-450101 – Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо” (зинаи бакалавриат) ва ихтисоси докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) “6D070400 – Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ” фаъолият мебарад. Инчунин дар назди кафедра курси кӯтоҳмуддати “Технологияи иттилоотӣ” фаъолият мебарад.

Кормандони кафедра

Дар кафедра як нафар доктори илм, ду нафар номзадони илм, чор нафар омӯзгори калон, се нафар ассистент, як нафар котиб-коргузор ва як нафар лаборант фаъолият мебаранд.

1.  Худойбердиев Хуршед Атохонович, доктори илмҳои техникӣ, дотсент

2.  Ғуломнабиев Сардор Ғуломайдарович, номзади илмҳои физика-математика

3.  Левандовский Богдан Игоревич, номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон

4.  Назаров Абдусамад, омӯзгори калон

5.  Ашӯрова Шабнам, омӯзгори калон

6.  Фозилова М.М., омӯзгори калон

7.  Етмишбоева Шаҳноза, ассистент

8.  Қодирова Хиромон Муродҷоновна, ассистент

9.  Бобоева Дилноза Наимовна, ассистент

10.  Тоҷиддинова Мутриба Ҳикмамхӯҷаевна, котиб-коргузор

11.  Мамадҷонов Ф.И., лаборант.

 

Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ

·                        Коркарди таъминоти барномавии автоматикунонии истифодаи забони тоҷикӣ.

o  Усулҳои коркарди симои рақамии забони тоҷикӣ.

o  Модели математикии омори забони тоҷикӣ.

o  Модели компютерии транслитератсия матн аз алифбои кириллии тоҷикӣ ба алифбоҳои кириллии русӣ ва лотинии англисӣ.

o  Сохтори мантиқии корпуси овозии забони тоҷикӣ.

o  Алгоритмҳои таҳлили хатогиҳои грамматикӣ дар забони тоҷикӣ.

o  Корпуси забони тоҷикӣ дар асоси матнҳои ашъори классикии бачагона.

o  Усулҳо, тарҳи компютерӣ ва модулҳои барномаҳои компютерӣ барои тарҷумони мошинии тоҷикӣ.

 

·                        Коркарди низомҳои иттилоотӣ барои пешбарии раванди корӣ дар соҳаҳои гуногун

o  Раванди таълим дар МТОК

o  Мактаби электронии Тоҷикистон

o  Китобхонаи рақамӣ

o  Тандурустӣ ва тиб

o  Ҳуқуқшиносӣ

o  1С-Муҳосибот

o  Тарҳрезӣ, сохтан ва баамалдарории шабакаҳои локалӣ-ҳисобӣ дар ташкилот ва корхонаҳо

 

Фаъолияти байналхалқии кафедра

1. Институт математикаи ба номи А.Ҷӯраев, Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон

2. Маркази илмии Хуҷанд, Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон

3. Кафедраи информатикаи факултети механикӣ-математикаи Дониишгоҳи миллии Тоҷикистон.

4. Факултети технологияи информатсионӣ ва математикаи Донишгоҳи давлатии Нижневартовск, шаҳри Нижневартовск, округи автономӣ Ханты-Мансийский, Федератсияи Россия

5. ТУСУР

6. Донишгоҳи давлатии радиотехникии Рязан ба номи В.Ф. Уткина.

7. Маркази илмӣ-инноватсионии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкент ба номи М. ал-Хоразмӣ

Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат

·                        1-400101 – Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ

           Хатмкунандаи ихтисос метавонад дар соҳаҳои зерин фаъолият намояд: коркард ва татбиқи низомҳо ва технологияи иттилоотӣ, автоматикунонии равандҳои корӣ дар ташкилоти буҷавию тиҷоратӣ; таъмини кори IT шуъбаҳо, маъмурӣ ва идоракунии системаҳои иттилоотӣ; коркард ва таҳлили лоиҳаи низоми иттилоотӣ; ташкили низомҳои ёрирасон, коркарди Web-замимаҳо, манбаи додаҳо, мутобиқ гардонидани таъминоти барномавии низомҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои компютерӣ; коркард ва идоракунии иттилоот; омодасозӣ ва маъмуркунии таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти компютерӣ.

·                        1-450101 – Низоми бисёрқанотаи телеробитаҳо

           Хатмкунандаи ихтисос метавонад дар соҳаҳои зерин фаъолият намояд: истифодаи техникии системаҳои бисёрқанотаи телеробитавӣ ва шабакаҳои алоқа; таъмини кори шуъбаҳои алоқа, идоракунии системаҳои алоқа, коркард ва таҳлили шабакаҳои алоқа; таҳлили талабот ба системаҳои алоқа, системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ; таъмири таҷҳизотҳои телеробитавӣ ва шабакаҳои алоқа

Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)

·                        6D070400 - Техникаи ҳисоббарор ва таъмини барномавӣ

           Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ – ихтисосест, ки тадқиқот ва коркарди қонуниятҳои илмиро бо истифода аз воситаҳои алгоритм, сохторӣ, мантиқӣ ва техникӣ барои идораи техникаи ҳисоббарор дар бар мегирад. Масъалаҳои дар ихтисоси зерин ҳал шаванда, ба ташкили коркарди алгоритм, мантиқӣ, ташкили ҳимояи иттилоот асос ёфтаанд. Илова бар ин, масъалаҳои идораи техникаи ҳисоббарор бо истифодаи таъминоти барномавии намудҳои гуногун дар назар дошта шудааст. Аҳамияти муҳими ихтисос ба хоҷагии халқ – ин сохтан ва азнавкунии пояҳои назариявӣ ва техникии техникаи ҳисоббарор, таъминоти барномавӣ ва ҷамъи онҳо, ки ба дараҷаи баланди нишондиҳандаҳои самаранок соҳиб мебошанд ва равнақ додани ҷараёни илмӣ-техникӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият ба ҳисоб меравад.

         Соҳаҳои тадқиқот: коркарди системаҳои компютерӣ ва тарҳрезии сунъӣ; коркарди усулҳо ва алгоритмҳои барои ҳалли масъалаҳо таҳлили сохтор, беҳтаркунӣ, идора, интихоби ҳалли масъала ва коркарди маълумот; коркарди таъминоти барномавӣ барои интихоби ҳалли масъалаҳо ва коркарди худкори иттилоот; коркарди моделҳо, усулҳо, алгоритмҳо ва воситаҳои барномавӣ барои ташкили робитаҳои мултимедионӣ дар муҳитҳои корӣ байни инсон ва мошин; идора ва ташкили ҳимояи иттилоот.


: 600

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 04.12.2025
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
  • 04.12.2025
САҲМИ «AI ACADEMY» ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
САҲМИ «AI ACADEMY» ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены