МУЛОҚОТ: ОМӮЗИШИ ИЛМУ ДОНИШ ВА ТАРБИЯ ДАР РӮҲИЯИ ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ
Дар толори донишкада мулоқоти донишҷӯёни соли якуми факултети энергетика бо намояндагони раёсати донишкада ва бахши таъминоти ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини директори донишкада оид ба тарбия Назира Инъомзода, декани факултети энергетика Шоҳзода Назирӣ ва сардори бахши таъминоти ҳуқуқӣ Сафархон Алиев иштирок намудаанд.
Мавзӯъи асосии мулоқот шиносоии донишҷӯёни соли якум бо тартиботи дохили донишкада, бо талаботи оид ба риояи меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ошноӣ бо тартибот ва талаботи факултетҳо ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирӣ аз шомил шудан ба гуруҳҳои иртиҷоӣ, тарбияи меҳанпарварӣ, дӯст доштану давлату миллат, содиқ будан ба сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии милли байни донишҷӯён буд.
Дар вохӯрӣ намояндагони раёсат ва бахши таъминоти ҳуқуқӣ донишҷӯёнро дар руҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ намуданд.
Таъкид кардашуд, ки донишҷӯён сидқану самимона кӯшиш намоянд, ки нисбат ба ояндаи давлат ва миллати худ бетарафӣ зоҳир накарда, бо қувваҳои солим ва созандаи ҷомеа ҳамқадам шуда, дар ободӣ ва рушди меҳан саҳмгузор бошанд. Ҳамсолон ва ҳамсафони худро аз гароиш ба гуруҳҳои ифротӣ боз дошта, нерӯи онҳоро ба анҷоми корҳои судманд, ба нафъи халқу Ватан равона созанд, тартиботи дохили донишкадаро риоя намуда дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ ва шанбегиҳо фаъолона иштирок намоянд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО