• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат
Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат

Мудири кафедра: профессор, д.и.к., Рашидов Наим Ҷалолович

 

Маълумот барои тамос бо кафедра:

Почтаи электронӣ: naimrashidov-tj@mail.ru

Суроға: ш. Хуҷанд, кӯч. Ҳаким Карим 52, ДПДТТ, ФМТ, каб. Т 215

Сомона:

 

Аз таърихи кафедра:

Кафедраи огратехнология ва экологияи саноат бевосита бо ташаббуси собиқ мудири он н.и.т. Сайфуллоев Т.Х.  соли  1.09.1998 дар назди филиали Хӯҷандии донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчу кафедраи агротехнология ташкил карда шудааст. Дар соли 2010  кафедраи агротехнология пас аз ҳамроҳ шудани ду филиалҳо - Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба таркиби Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дохил гардид, соли 2016 бо кафедраи технологияи хӯрока ҳамроҳ шуда, кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология ном гирифт, соли 2022 пас аз таҷдид гардидани кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, ду ихтисосро дарбар гирифта ба кафедраи агротехнология ва экологияи саноат таъсис гашт.

 Ихтисосҳои кафедра:

1.      1-74.02.06 – Истеҳсол, нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ (бакалавриат ва магистратура) аз соли 1998 фаъолият мебарад. Ин ихтисос дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ дар вилояти Суғд яккаву ягона мебошад.

2. 1-57 01 01 01 – Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ соли 2019 дар назди кафедра ихтисоси таъсис гашт ва соли 2023 якумин хатмкунандагон ин ихтисосро хатм намуданд

Барои омода сохтани мутахасисони баландпояи ихтисосҳои номбаршуда ба донишҷӯён устодони пуртаҷриба, номзадҳо ва докторони илм   аз рӯи ихтисос дарс мегуянд.

 

Кормандони кафедра

Маълумоти мухтасари статистикӣ. Дар охир истинод / ссылка (бо номи “муфассалтар”) ба саҳифаи алоҳида бо рӯйхати кормандон бо вазифа, фанҳои дарсдиҳанда, корҳои нашршудаи асосии онҳо

 

 

Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагии кафедра

.   Кафедраи агротехнология ва экологияи саноат фаъолияти илмӣ, тадқиқотӣ ва созандагии худро ба омӯзиши масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат равона мекунад

Самтҳои асосии тадқиқоти илмӣ

1.        Инкишофи технологияҳои экологӣ дар истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ
–
омӯзиши роҳҳои кам кардани партовҳо, тоза кардани обҳои ифлос, безараргардонии партовҳои саноатӣ ва маишӣ.

2.        Истифодаи самараноки захираҳои об, замин ва энергия
– таҳияи усулҳои обёрии каммасраф, истифодаи энергияҳои барқароршаванда ва технологияҳои “бе партов”.

3.        Мониторинг ва арзёбии ҳолати муҳити зист
– таҳияи системаҳои назорати ҳаво, об ва хок, истифодаи усулҳои
GIS ва моделсозии экологӣ.

4.        Беҳсозии сифати маҳсулоти кишоварзӣ бо усулҳои биотехнологӣ ва экологии тоза
– омӯзиши таъсири омилҳои муҳити зист ба ҳосилнокӣ ва сифати зироатҳо.

5.        Татбиқи меъёрҳои байналмилалии стандарти экологӣ (ISO 14000)
– таҳияи тавсияҳо барои корхонаҳо ҷиҳати гузариш ба менеҷменти экологӣ ва истеҳсолоти сабз
.

Фаъолияти созандагӣ ва амалии кафедра

•           Таҳияи лоиҳаҳои амалии ҳифзи муҳити зист дар корхонаҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ;

•           Ташкили лабораторияҳои таҳлили муҳити зист ва омӯзиши донишҷӯён дар онҳо;

•           Гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои саҳроӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаҳои обёрӣ, мелиоратсия ва саноати сабз;

•           Иштирок дар барномаҳои илмӣ ва грантҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба экология ва технологияҳои тоза;

•           Нашри мақолаҳо, тавсияҳо ва дастурҳои илмӣ-методӣ барои хоҷагиҳо ва донишҷӯён.

Ҳадафи умумии кафедра

Ҳадафи асосӣ — омодасозии мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаҳои агротехнология, муҳандисии экологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин рушди тадқиқотҳое мебошад, ки ба беҳтар намудани муҳити зист ва рушди устувори кишвар равона шудаанд.

 

   Маълумоти мухтасар оид ба ихтисосҳои кафедра:

 

-          Ихтисоси 1–740206–Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ роҳу усулҳои раванди истеҳсолоро аз замин то бозор бо технологияҳои муосир меомӯзонад.

•           Омӯзиш дар Донишкадаи политехникӣ – ин таҷҳизоти замонавӣ, лабораторияҳо ва усулҳои рақамӣ мебошад.

•           Хатмкунандаи  ин соҳа  на танҳо мутахассис, балки менеҷери агротехнология ва агробизнес мешавад.

-          Дар рафти ҷараени таълим дар ин касб донишҷӯ чиро меомӯзад:

•           Технологияҳои кишоварзии муосир (smart farming)

•           Системаҳои интеллектуалии обёрӣ ва мелиоратсия

•           Нигоҳдорӣ ва коркарди ибтидоии маҳсулоти кишоварзӣ

•           Логистика ва идоракунии захираҳо

•           Стандартизатсия ва назорати сифат

 

Баъди хатми ин касб ки мешавад:

•           Мутахассиси агротехнология(агроинженер)

•           Менеҷери истеҳсолоти кишоварзӣ

•           Мутахассиси нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулот

•           Эксперти лабораторияҳои сифат ва сертификатсия

•           Идоракунандаи агробизнес

 

Куҷо кор карда метавонад?

•           Фермаҳои муосири кишоварзӣ.

•           Марказҳои нигоҳдорӣ ва сардхонаҳо.

•           Марказҳои илмӣ – тадқиқотӣ.

•           Корхонаҳои коркарди маҳсулоти растанипарварӣ.

•           Лабораторияҳои стандартизатсия ва сертификатсия.

•           Ширкатҳои агробизнес ва савдо.

•           Мутахасис дар бонк.

•           Гумрук – назорати крантинӣ.

•           Ташкилоти амнияти озуқаворӣ.

•           Ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамиятӣ.

 

 

Афзалиятҳои асосии ин ихтисос

✅ Омезиши технология ва агробизнес

✅ Омӯзиш бо таҷҳизоти замонавии техникӣ

✅ Ихтисос, ки ҳам истеҳсол, ҳам нигоҳдорӣ, ва ҳам коркард-ро фаро мегирад

✅ Имконияти фаъолият дар дохил ва хориҷи кишвар

✅ Имконияти таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар ( Полша, Германия ва ғайра)

 

 

Ихтисоси 1–57010101–Экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ донишҷӯёнро барои идора ва ҳифзи муҳити зист дар шароити рушди саноатӣ омода мекунад.

 

Чаро ин ихтисос муҳим аст:

       Дар замони муосир масъалаҳои ифлосшавии муҳити зист, сарфаи захираҳои табиӣ ва рушди устувор дар маркази таваҷҷуҳи тамоми кишварҳо қарор доранд. Барои ҳалли ин масъалаҳо мутахассисони соҳибкасби соҳаи экологияи саноатӣ ниёзанд.

Мақсади асосии ихтисос

Омодасозии мутахасисони баланихтисос, ки метавонад:

·           Таъсири фаъолияти саноатиро ба муҳити зист таҳлил ва кам намоянд;

·           Системаҳои ҳифз ва барқарорсозии , об ва хокро тарҳрезӣ кунанд;

·           Истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табииро таъмин созанд;

·           Дар амал технологияҳои сабз ва иноватсиониротатбиқ намоянд.

 

Дар рафти ҷараени таълим дар ин касб донишҷӯ чиро меомӯзад:

·           Асосҳои экология ва муҳити зист

·           Технологияҳои ҳифз ва барқарорсозии об, ҳаво ва хок

·           Усулҳои истифодаи самараноки захираҳои об, замин ва энергия

·           Кор бо таҷҳизоти лаборотории муосир

·           Лоиҳакашӣ ва татбиқи технологияҳои сабз

 

Бартариҳои ихтисос:

 

ü  Талаботи зиёд ба мутахассисон дар бозори меҳнат

ü  Омӯзиш бо таҷрибаомӯзии амалӣ дар корхонаҳо ва созмонҳо

ü  Имконияти иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ оид ба экология ва рушди устувор

ü  Касби шуғли муосир ва серталаб

 

Кай ва дар куҷо метавонад кор кунад:

·           Корхонаҳои саноатӣ ва энергетикӣ

·           Вазорату идораҳои давлатӣ

·           Марказҳои илмӣ – тадқиқотӣ

·           Созмонҳои байналмилалии ҳифзи муҳити зист

·           Лабороторияҳои назорати сифат

Вазифаҳои эҳтимолӣ:

·           Муҳандис эколог

·           Менеҷери истифодаи самараноки захираҳо

·           Машваратчии экологӣ

·           Мутахасиси лаборотория

 

       Фаъолияти байналхалқии кафедра:

Кафедра бо донишгоҳову корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар робитаи зич дорад (Донишгоҳи Технологии Таҷикистон; Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур; Донишкадаи мевапарварӣ ва сабзавотпарварии Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон; донишкадаи илми-тадқиқотии чорводорӣ; лабораторияи тадқиқотии вилояти Суғд  (микробиологии, ветеринари и др.); стансияи тухмчигии вилоят; стансияи минтақави-таҷрибавии «Зироаткорӣ»; Маркази стандарти Давлатии вилояти Суғд; Ташкилотҳои байнатхалқии GIZ (Олмон), KOICA (Кореяи Ҷанубӣ), YGP (Тоҷикистон) ташкилотҳои ҷамиятии Саодат, Сароб, Зан ва ҷомеаъ, Муносибатҳои иқтисодии миёнмарзӣ дар вилояти Суғд ва ғайра..

Донишҷӯён ҳар сол дар доираи барномаҳои гуногун ба монанди «Erasmus+, TEMPUS, Wainstefan, DAAD, Agricool (Лаҳистон) иштирок намуда таҳсили худро дар донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо давом медиҳанд, ва инчунин таҷрибаомузии истеҳсолии худро бисёртар дар Давлатҳои Олмон, Лаҳистон, Русия ва дигар давлатҳои хориҷ мегузаронанд.

 

 

Барномаҳои таҳсилотии магистратура:

·           1 – 74 02  06 – Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ (зинаи магистратура):

Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ, салоҳиятӣ масъалаҳои илмӣ асоснок намудани технологияҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ, методикаи гузаронидани тадқиқот дар раванди онҳо, таҳлил ва ҳисоби натиҷаҳои ба дастоварда аз рӯи дастурамалӣ олимонӣ соҳа, иҷрои босифати раванди технологӣ ва муайян намудани параметрҳои иҷро намуда ва ба даст оварда, баланд бардоштани  истифода ва маҳсулнокии воситаҳои  технико-технологӣ бо назардошти хусусиятҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, муайян намудани самараноки истеҳсолии корҳои иҷрошуда, баланд намудани сифати он ва беҳтар намудани шароити меҳнат, муайян кардани сифати маҳсулот ва нигоҳдории он, ташхисҳо мувофиқи СДТ гузаронидан  ва ба сифати он хулоса дода тавонистан, аз рӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муайян карда онҳоро таҳлил намудан ва истеҳсолот реҷаҳои оптималии истифодаи усулҳои агротехникӣ ва коркарди онҳоро тавсия намудан, дохил мешавад.

 

Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD):

       6D080600- Техника ва технология аграрӣ (Phd докторантура);

Техника ва технологияи аграрӣ – соҳаии илм ва техника мебошад, ки самтҳои зерин дохил мешавад: технологияҳо ва воситаҳои механиконии соҳаи кишоварзӣ, технологияҳои хизматрасонии техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъсири он ба объектҳои истеҳсоли кишоварзӣ (хок, растанӣ, консерва, чорво, шир, гӯшт ва ғайра.). Ҳалли масъалаҳои илми техникии ин ихтисос ба иҷрои босифати раванди технологӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии воситаҳои техникӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат, коҳиш додани сарфи энергетикӣ ва захираи материалҳо ба як воҳиди маҳсулот, баланд намудани сифати он, кам намудани сарфа, коркарда баромадани  равандҳои механиконӣ, воситаҳои техникӣ, олотҳои кории мошинҳо барои соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, мелиоративӣ, корарди авалияи маҳсулот, инчунин коркарди партовҳои истеҳсолоти кишоварзӣ равона буда, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, эътимоднокии техникаи кишоварзӣ, энергия ва захирасарфкунӣ бо назардошти талаботи бехатарии экологиро таъмин менамояд.


: 648

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 04.12.2025
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ НИСБАТ БА ЗАН
  • 04.12.2025
САҲМИ «AI ACADEMY» ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
САҲМИ «AI ACADEMY» ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены