Таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба омӯзи забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Дар китобхонаи донишкада бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 таҳти №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” доир ба тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, омӯзиши ҳатмии 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022 таҳти №1337 ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 25.09.20223 таҳти №05/5 810) давраи аввали санҷиши сатҳи забондонии омӯзгорон ва кормандон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ сурат гирифт.
Минбаъд чунин чорабини бештар ташкил гардида, ҷиҳати боз ҳам азхуд намудани забонҳои хориҷӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Шуъбаи кор бо ВАО