• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    СЕМИНАР: ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ –ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 Новости
СЕМИНАР: ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ –ҲАМЧУН ОМИЛИ РУШДИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар доираи лоиҳаи буҷавии “Таҳсилоти фосилавӣ-ҳамчун омили рушди низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд.
Дар семинар намояндагони марказҳои таҳсилоти фосилавии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва устодони таҳсилоти фосилавии донишкада иштирок карданд.
Зикр шуд, ки мақсади асосии баргузории семинар ин шинос кардани мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи истифодабари сомонаи таълимӣ дар таҳсилоти фосилавии ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳр Хуҷанд; мубодилаи таҷрибаҳои мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳсилоти фосилавӣ; омӯзиши таҷрибаҳои педагогии пешрафта дар раванди таҳсилоти фосилавӣ ва пешниҳоди ҳалли мушкилот дар соҳаи истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ дар раванди таълим мебошад.
Дар семинар як зумра масъалаҳо, аз ҷумла: таҷрибаи ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд доир ба татбиқи таҳсилоти фосилавӣ, таҷрибаи шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, истифодаи тахтаи электронӣ дар дарси амалии фанни макроиқтисодиёти гурӯҳҳои фосилавӣ, коркарди маводи таълимӣ барои гурӯҳҳои таҳсилоти фосилавӣ, масъалаҳои ҷорикунии элементҳои таҳсилоти дуалӣ дар машғулиятҳои таҷрибаомузии гуруҳҳои фосилавӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд.
Таъкид бояд намуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар мавриди татбтиқи босамари низоми таҳсилоти фосилавӣ миёни донишгоҳҳои вилоят мавқеи пешсафӣ дошта, ин системаи таҳсилот беш аз 11 сол аст, ки дар раванди таълим ҷорӣ гардидааст. Мақсади асосии ташкил намудани тарзи фосилавии раванди таълим дар донишкада таъмини имконияти азхудкунии барномаи таълимӣ бевосита аз мавқеи ҷойгиршавии донишҷӯ ё вақти ҳозиршавии муваққатӣ, инкишоф ва татбиқи фазои ягонаи иттилоотии таълим, васеъ намудани доираи хизматрасонии таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ҷолибияти таҳсил дар донишкада мебошад.
Шуъбаи кор бо ВАО


: 326

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены