• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ДАР ДОНИШКАДА ҲАФТАИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
 Новости
ДАР ДОНИШКАДА ҲАФТАИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳафтаи забонҳои русӣ ва англисӣ, ки аз санаи 2-6-уми декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, натиҷагӣ шуд.
Бояд қайд намуд, ки омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо тарзу шеваҳои нав ба роҳ монда шуда, омӯзгорону устодон вобаста ба тақозои замон мекӯшанд,то шогирдонашон ин забонҳоро ба таври мукаммал ва ҳамаҷониба аз худ намоянд. Тавре ки маълум аст, ки Ҳукумати Ҷумхурӣ низ дар иртибот ба беҳтар роҳандозӣ намудани таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар чанд марҳила барномаҳои махсуси давлатиро қабул ва тасдиқ кардааст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ ба таври ҳамешагӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат дар ҳар як суханронияшон вобаста ба беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбия, дар дараҷаи созгор ба замони муосир аз худ кардани забонҳои русӣ ва англисӣ ба таври махсус таъкид менамоянд.
Аз ҷониби устодони кафедраи забонҳои факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ ҳафтаи забонҳо дар сатҳи зарурӣ ташкил гардида, таъкид шуд, ки ҳадаф аз гузаронидани ин иқдом ҷалби донишҷӯён ба ташаббусҳои тоза, таҳкими сатҳи дониши онҳо, ташкили чорабиниҳои судманд ва ба ин васила таъмини пешрафти фаъолияти кафедраи забонҳо ба ҳисоб меравад.
Барои шавқовар ва рангин гузаронидани ин ҳафта омӯзгорон гузаронидани ҳар гуна озмуну викторинаҳоро гузаронида, мизҳоро бо дастовардҳои омӯзгорони кафедраи забонҳо дар толори факултет оро намуданд. Ҳамчунин газетаҳои деворӣ дар мавзӯҳои «Ихтисоси ман беҳтарин!» ва «Language is a key» аз ҷониби донишҷӯён омода шудаанд. Намоиши хӯрокҳои миллӣ, русӣ ва аврупоӣ аз тарафи донишҷӯён ба ҳамагон пешкаш карда шуд.
Донишҷӯён бо барномаи адабӣ-мусиқӣ бо забони русӣ ва англисӣ шарҳу тавзеҳ додани аҳамияти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо ду забон баромадҳои пурмазмун намуданд, ки он аҳамияти калони ҳам тарбиявӣ ва ҳам илмӣ дошт. Дар ин ҳафтаи забонҳо меҳмонон, роҳбарияти донишкада аз дастовардҳои донишҷӯён, омӯзгорон ва таомҳои миллӣ, русҳо ва англисҳо аз наздик шинос гардиданд.
Ҳамчунин озмуни “Газетаи девории беҳтарин” дар мавзӯи «Ихтисоси ман беҳтарин!» бо забони русӣ ва «Language is a key»бо забони англисӣ баргузор мегардад.
Дар ҷамъбасти ҳафтаи забонҳои русӣ ва англисӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия У. Ахмедов, и.в. декани факултет З. Одилов, ҷонишини декан оид ба тарбия М. Алиназарова ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки ҷавонони имрӯза бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба хусус забони русӣ ва забони англисӣ аҳамияти бештар диҳанд, то ки кишварамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд. Ҳар як шахс ва дар навбати аввал ҷавонон бояд ғайр аз забони давлатӣ, ду забони хориҷиро дар сатҳи забони модарӣ донанд, зеро ин тақозои замони муосир мебошад.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли ҳафта бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуда, барномаи фарҳангӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва фаронсавӣпешкаши ҳозирин гардонида шуд.


: 319

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены