• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    DEVCON 2024: КОНФЕРЕНСИЯИ БАРНОМАСОЗОН ВА МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ
 Новости
DEVCON 2024: КОНФЕРЕНСИЯИ БАРНОМАСОЗОН ВА МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ

Баҳри татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040) санаи 7-уми декабри соли 2024 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ - назариявии барномасозон ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ DevCon - 2024 баргузор гардид.
Конференсия дар доираи шарикии Донишкада бо ширкати "Silk Road Professionals" ва “NET Community Tajikistan” роҳандозӣ гардида, барои ҷомеаи IT-и вилоят як рӯйдоди муҳиме мебошад.
Қобили зикр аст, ки кофнеренсияи DevCon таърихи бомуваффақият дорад. Аз тарафи ширкати "Silk Road Professionals" аллакай дар солҳои 2021 ва 2023 чунин конфронсҳоро ташкил карда шуда буд, ки ин аз афзоиш ва рушди устувори ҷомеаи IT дар минтақа шаҳодат медиҳад.
Ҷеймс Венгер, ҳаммуассиси ширкати "Silk Road Professionals", барномаро бо сӯҳбати «Ҳадафи тиҷорат чист?» ифтитоҳ намуда, таҷрибаи худ оид ба сохтани ширкатҳо ва муайян кардани ҳадафҳои тиҷоратро барои рушди устувор мубодила афкор намуд.
Фирӯз Қосимов, роҳбари бахши рушди мобилӣ ва интернети ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар мавзуъи «Коммуникатсия барои миллат: аҳамияти таҳияи нармафзор дар телекоммуникатсия»- баромад намуда, роҷеъ ба ҷанбаҳои табдили рақамии бахши телекоммуникатсионӣ маълумот дод.
Сергей Шулгин ва Аҳлитдин Низомиддинов аз zypl.ai дар бораи татбиқи амалии AI-и тавлидӣ ва додаҳои синтетикӣ бо истифода аз мисоли технологияи zGAN сӯҳбат карданд.
Қодирзода Исфандиёр, мудири шӯъбаи кадрҳои Агентии технологияҳои инноватсионӣ ва рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои Агентӣ дар соли 2024 ва нақшаҳои оянда маълумот дод.
Сипас конфронс дар ду марҳила: гузоришҳои соҳавӣ ва ҳисоботҳои техникӣ сурат гирифт.
Бояд қайд намуд, ки конфронс зиёда аз 250 нафар иштирокчиён, аз қабили : мутахассисони IT, таҳиягарон, донишҷӯён ва соҳибкорон, ки ба рушди технология ҳавасманданд гирд овард, ки ба майдони табодули ғояҳо, дониш ва таҷриба, инчунин барои муҳокимаи тамоюлҳои муосири IT табдил ёфт.
Дар конфронс мавзӯъҳои марбут ба рушди технологияҳо, иртибот байни ширкатҳои IT ва маориф баррасӣ шуданд. Дар қисми техникӣ гузоришҳо ба воситаҳо барои рушди малакаҳои таҳиягарон, ташкили даста ва навоварӣ дар NET 9 бахшида шуда буданд.
Иштироккунандагони конференция на танхо донишхои назариявй, балки барои дар кори худ истифода бурдан таҷрибаи амалӣ низ гирифтанд. Ҳодисаҳои воқеии татбиқи технология ва воситаҳои нав намоиш дода шуда, роҳҳои ҳалли кор пешниҳод карда шуданд. Инчунин, имкони додани саволҳо ба маърӯзачиён пас аз муаррифӣ хеле муфид буд.
Анҷоми қисми аввал як муҳокимаи панелӣ оид ба рушди захираҳои инсонӣ дар бахши ТИ буд. Таҳти модератории Мирзодалер Мӯҳсинзода ҳамчунин Қодирзода Исфандиёр, Мақсудов Хуршед , Ҷеймс Венгер, Фирӯз Қосимов ва Сайдуллохоҷа Насуллоев дар баҳс иштирок намуданд.
Конфронси SRP DevCon 2024 дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд, ки аҳамияти чунин чорабиниҳоро барои рушди бахши ТИ дар минтақаро нишон дод. Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки доираи робитаҳои касбии худро васеъ намоянд, табодули таҷриба ва пешомадҳои навро барои рушди касбӣ ва шахсӣ кушоянд.


: 325

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены