• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ҲАМОИШ: ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТҶАМЪОНА АСТ
Новости
ҲАМОИШ: ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ КОРИ ДАСТҶАМЪОНА АСТ

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд донишкада ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Парвиз Ёдгорзода ҳамоиши иттилоотӣ маърифатӣ доир гардид.
Парвиз Ёдгорзода зимни баромади худ иброз дошт, ки 25 сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар тасдиқ карда шуд, ки он дар таҳкими роҳи минбаъдаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия хеле муҳим арзёбӣ карда мешавад. Баъди қабул ва тасдиқи Конвенсия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ, ки аз Конвенсияи мазкур бармеоянд, давра ба давра мутобиқ гардонида шуда истодаанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 таъсис додани мақомоти махсусгардонидашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 28 декабри соли 2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, се маротиба таҳия ва тасдиқ шудани Стратегия дар самти муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 ва барои давраи то 2030, инчунин як қатори дигар санадҳои зериқонунӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.
Аз ҷониби Парвиз Ёдгорзода ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, то ба хотири пешрафту инкишофи давлат атрофи масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия боз ҳам муттаҳид гардида, баҳри ташаккули тафаккури зиддикоррупсионии ҳар як фарди ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳад ва баҳри паст намудани таъсири коррупсия саҳми худро гузорад.
Омӯзгори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти донишкада Ш.Турсунова дар мавзӯи “Коррупсия - зарба ба иқтисоди миллӣ” баромад намуда иброз дошт, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад. Пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъонаи аҳли ҷомеа буда, барои решакан намудани он ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд бетараф бошад.
Бояд қайд намуд, ки ҳамоиши баргузоргардида барои боло бурдани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён мусоидат менамояд ва донишҷӯён бори дигар дарк карданд, ки коррупсия дар қатори дигар омилҳои номатлуб барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад ва пешгирии он вазифаи тамоми қишри мамлакат мебошад.







: 2983

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 02.10.2026
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
  • 02.10.2026
БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ-САМТҲОИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ "ЭНЕРГИЯИ САБЗ" ДАР ТОҶИКИСТОН
БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ-САМТҲОИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ "ЭНЕРГИЯИ САБЗ" ДАР ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои машҳур


  • 27.06.2026
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МАН БА ХОТИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХОТИМАИ ҶАНГ ҶОНИ ХУДРО ФИДО МЕКУНАМ»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МАН БА ХОТИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХОТИМАИ ҶАНГ ҶОНИ ХУДРО ФИДО МЕКУНАМ»
  • 27.06.2026
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены