ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮИ ҲУНАРМАНД»
Санаи 27-уми декабри соли 2024 дар толори асосии Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд озмуни «Донишҷӯи ҳунарманд» баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд то санаи 25-уми декабри соли 2024 ба кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷии факултети муҳандисӣ-технологӣ муроҷиат намуда, иштироки худро ба қайд гиранд.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин баргузор мегардад:
1. Тарроҳи беҳтарин:
- либоси тантанавӣ - идона;
-либоси рӯзмарра - расмӣ;
- либоси бачагона;
2. Ҳунарманди беҳтарин
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳо, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии донишҷӯён, тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди милливу мероси пурғановати ниёгон роҳандозӣ гардида, дар баробари муаррифии либосҳои миллии тоҷикона ва пос доштани фарҳанги куҳанбунёди меҳан, инчунин ҷиҳати дарёфти истеъдодҳо барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» заминаи мусоид фароҳам меоварад.