НАҚША ВА ДУРНАМОИ ДОНИШКАДА ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. МУСОҲИБАИ РАДИОӢ
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ)
Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ санаи 2-юми январи соли 2025 дар доираи барномаи “Амвоҷи зиндагӣ”-и радиои Суғд мусоҳибаи мустақими муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар ш.Хуҷанд Усмонҷон Ахмедов бо муҳаррири барнома М.Мирзоумарова баргузор гардид.
Савол:
Зимни ироаи Паёми навинашон бо назардошти нақш ва мақоми технологияҳои рақамӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд. Нахуст андешаи Шуморо рочеъ ба ин пешниҳоди Сарвари давлат шунидан мехохем?
Ҷавоб:
Албатта, ҳар як иқдомҳое, ки аз тарафи Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, асоси илмию амалӣ дошта, ба рушди иқтисоди кишвар нигоранида мешавад.
Пешниҳоди Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба эълон кардани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” як иқдоми хеле муҳим ва стратегӣ мебошад. Ин пешниҳод метавонад ба рушди устувори иқтисод, беҳтар шудани сифати зиндагии мардум ва пешрафти технологии кишвар кӯмак расонад. Дар ин ҷода мо метавонем, ба таҷрибаи давлатҳои рушдкарда дар ба монанди Амрико, Сингапур, Япония, Чин, Кореяи Ҷанубӣ назар андозем. Масалан, дар Хитой ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 40%-ро ташкил мекунад, ки ин нишондиҳандаи хеле калон аст.
Пеш аз ҳама, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ба баланд гаштани самаранокии соҳаҳо, аз ҷумла паст гаштани арзиши аслии маҳсулот (аз ҳисоби автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ), афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ҷорӣ намудани тиҷорати электронӣ ва тезонидани гардиши муомилот, дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо, аз ин рӯ баланд гаштани даромаднокӣ ва рақобатпазирии ширкатҳо мусоидат мекунад.
Рақамикунонӣ ба рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва энергетика низ аҳамияти калон дорад.
Савол:
Пешниҳоди дигар барои таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва ташкили факултаю кафедраҳои дахлдор дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои вусъати равандҳои рақамикунонӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионӣ омода кардани мутахассисони то кадом андоза аҳамият дорад?
Ҷавоб:
Албатта, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ба кадрҳои соҳибтахассус, ба монанди барномарезон, мутахассисони зеҳни сунъӣ, таъмини бехатарӣ ва идоракунии иттилоот ниёз дорад. Новобаста аз оне, ки дар кишвар ҳоло ин мутахассисон омода карда мешаванд, сифати омодакунӣ ва миқдори онҳо ба талаботе, ки аз тарафи роҳбари давлат гузошта шудааст ҷавобгӯй нест. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат вазифагузорӣ намуданд, ки дар назди ҳар як донишгоҳҳо факултет ва ихтисосҳои омодакунии мутахассисони соҳаи рақамикунонӣ ташкил карда шавад. Бо баробари ин бояд ба баланд бардоштани сифати омода намудани ин кадрҳо аҳамияти махсус дода шавад. Дар донишгоҳҳо ҷиҳати ҷалби мутахассисони варзида ба фаъолияти омӯзгорӣ бояд шароити муфид омода карда шавад.
Савол:
Робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки аҳамияти торафт бештар ва мубрам касб карда истодааст... .
- Фаъолияти ихтирокорӣ ва тадбиқи он ба истеҳсолот – яке аз самтхои мухими фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад, хамин тавр ?
Ҷавоб:
Дуруст қайд гардид. Яке аз самтҳои фаъолияти донишкада, ғайр аз таълим, ин фаъолияти илмию инноватсионии омӯзгорон мебошад ва дар ин самт донишкада ба дастовардҳои назаррас ноил ҳам шудааст. Дар давоми соли 2024 аз тарафи омӯзгорон 9 адад маҳсулоти зеҳнӣ, аз ҷумла 5 адад нахустпатент барои ихтироот ва 4 адад шаҳодатномаҳои зеҳнӣ барои таҳияи барнома ва захираҳои иттилоотӣ гирифта шудааст. Аз дигар тараф, натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии омӯзгорон дар раванди таълим ва истеҳсолот барои татбиқ пешниҳод карда мешаванд. Дар соли 2024 аз тарафи омӯзгорони донишкада зиёда аз 10 адад санадҳои татбиқ аз тарафи корхонаҳои таълимию истеҳсолӣ гирифта шудааст. Дар умум, дар давоми 5 соли охир зиёда аз 60 адад чунин ҳуҷҷатҳои ҳифзи маҳсулоти зеҳнӣ гирифта шуда, маълумот оид ба онҳо дар маҳзани интернетии ягона ҷойгир карда шудааст. Вале, барои вусъат бахшидани корҳо дар ин самт бояд ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ беҳтар карда шавад, аз дигар тараф, корхонаҳои истеҳсолӣ низ дар ин ҷода бояд ҳавасманд бошанд, то ки ин навгониҳо ба истеҳсолоти онҳо ҷорӣ карда шавад. Ман аз фурсат истифода бурда ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ муроҷиат мекунам, ки Донишкадаи политехникӣ омода аст барои ҳамкорӣ дар самти иҷро намудани корҳои илмию тадқиқотӣ тибқи фармоиши корхонаҳои истеҳсолӣ.
Савол:
Нахуст, мегуфтед, ки бахри баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани мутахассисони сохибихтисос дар ин маскани донишу касб имруз чи гуна шароит мухаё гардидааст?
Ҷавоб:
Ҳоло дар донишкада зиёда аз 3000 нафар аз рӯйи 29 ихтисосҳои зинаи бакалавриат, 19 ихтисосҳои зинаи магистратура ва 9 ихтисосҳои докторантура аз рӯйи ихтисос таҳсил мекунанд. Барои таҳсили босифати донишҷӯён ҳамаи шароит муҳаё карда шудааст. Дар донишкада 148 синфхонаи таълимии барҳаво, 47 озмоишгоҳи таълимию таҳкиқотӣ, 15 синфхонаи компютерӣ, 3 толори маҷлис, 2 ошхона бо 300 ҷойи нишаст, 2 бунгоҳи тиббӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 3 китобхона бо толори хониш, хобгоҳ барои 600 ҷой ва марказҳои таълимию омӯзишӣ фаъолият мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо 134 тахтаҳои электронӣ ва 312 адад видеопроекторҳо ҷиҳозонида шуда, ба системаи баландсуръати интернет пайваст шудааст. Ба донишҷӯён зиёда аз 160 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд, ки 42 % онҳо унвон ва дараҷаи илмӣ доранд.
Раёсати донишкада ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, такмили ихтисоси омӯзгорон, беҳтар намудани шароити таҳсил мунтазам чораандешӣ менамояд.
Савол:
Дар доираи ичроиши “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” кадом барномаҳои давлатӣ амалӣ мешаванд?
Ҷавоб:
Бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 -“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудааст ва мақсади асосии он омода намудани кадрҳои соҳибтахассус барои саноатикунонии босуръати мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Дар доираи амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои вазорат ва Донишкадаи политехникӣ таҳия гашта мавриди иҷро қарор дода шудааст. Ғайр аз ин дар донишкада “Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025” мавриди иҷро қарор дода шудааст. Дар доираи амалисозии ин барномаҳо дар 5 соли охир зиёда аз 10 озмоишгоҳҳо, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, ташкил карда шудааст, таъминоти китобҳо ва дастурҳои таълимӣ бо забони давлатӣ аз фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ беҳтар карда шуд, миқдори ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз тарафи омӯзгорони донишкада аз равияҳои дақиқ ва риёзӣ низ зиёд шудааст.
Савол:
Соли таҳсили сипаришуда, яъне солхои 2023-2024 чанд нафар донишкадаро хатм карданд, аз натичахо конеъ ҳастед. Донишҷӯён аз оилаҳои ниёзманд чӣ имтиёзро доро ҳастанд ?
Ҷавоб:
Натиҷаи соли таҳсили 2023-2024 хеле хуб буд нисбат ба солҳои гузашта. Дар соли 2024 дар се зинаи таҳсилот 796 нафар Донишкадаро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби диплом гаштанд, аз ҷумла 768 нафар зинаи бакалавриат, 25 нафар магистрантон, 3 нафар докторантон аз рӯйи ихтисос. Ҷоиз ба зикр аст, ки 10,02%-и хатмкардагони соли 2024 бо баҳои “аъло” аттестатсияи хатмро ҷамъбаст намуда, 77 нафар барои гирифтани дипломи аъло сазовор гаштанд, ки нисбат ба соли гузашта 62,33% зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки миқдори дохилшавӣ ва хатм дар зинаҳои магистратура ва докторантура дар солҳои охир коҳиш ёфтааст, аз ҳисоби паст будани талабот ба таҳсил дар магистратура ва докторантура.
Ҳамзамон дар донишкада донишҷӯёни аз оилаҳои ниёзманд ва ятим аз тарафи раёсати донишкада дастгирии молиявӣ ва маънавӣ меёбад. Ин гуна донишҷӯён бо хобгоҳ дар навбати аввал таъмин карда мешаванд, ки шароити хуби зиндагӣ дорад. Ҳар иду айём ба донишҷӯёни эҳтиёҷманд кумакпулиҳо расонида мешавад. Донишҷӯёне, ки дар корҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, варзишӣ фаъолона шират меварзанд ба гирифтани стипендияи иҷтимоии Шурои олимони донишкада пешниҳод карда мешаванд.
Савол:
Шароити мусоиди муосири таълим, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин будан – яке аз омилҳои пешравии донишкада мебошад. Яъне яке аз омилҳои пешравии таълим баланд бардоштани пояи моддию техники маҳсуб меёбад. Дар ин самт чӣ корҳо амалӣ мешаванд?
Ҷавоб:
Чӣ тавре, ки ман дар боло қайд кардам, дар донишкада дар доираи амалисозии барномаҳои давлатӣ ва бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ дар 5 соли охир зиёда аз 10 озмоишгоҳҳои муосир ташкил карда шудааст. Дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва “Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025”, 3- озмоишгоҳ дар самти зеҳни сунъиӣ, 1 озмоишгоҳи технологияи молиявӣ, 1 озмоишгоҳи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, маркази таълимию омӯзишӣ оид ба лоиҳакашии автоматикунонидашудаи либос ташкил карда шудааст.
Омӯзгорону кормандон ҷиҳати азхуд намудани кор бо таҷҳизоту технологияҳои нав зина ба зина аз такмили ихтисос дар донишгоҳҳои хориҷӣ гузаштанд.
Савол:
Дар идомаи суҳбат мехостам аз корҳои илмӣ – таҳқиқотии олимони донишкада низ мегуфтед?
Ҷавоб:
Дар донишкада корҳои илмию тадқиқотӣ дар “Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030” иҷро гашта, ба ҳалли муаммоҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат нигаронида шудааст. Дар доираи мавзуҳои илмӣ муаммоҳои гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия, роҳҳои самаранок истифодабарии энергия ва паст кардани талафоти он, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технологияҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокаи функсионалӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ таҳқиқ карда мешаванд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр карда мешаванд. Масалан, дар соли 2024 5 мақолаҳои илмии омӯзгорон дар маҷаллаҳои байналхалқии сатҳи Скопус ва зиёда аз 100 мақолаҳо дар маҷаллаҳои сатҳи тақризшавандаи КОА ФР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шуд.
Хурсандиовар аст, ки дар соли 2024 мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ Худойбердиев Х.А. рисолаи доктории худро дар мавзуи “Балоиҳагирӣ ва амалигардонии низомҳои худкори коркарди маълумот бо забони тоҷикӣ” ҳимоя намуд. Омӯзгори донишкада Негматуллоева Махинахон рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Коркарди технологияи хокаи аз донаҳои мош ва истифодаи он дар истеҳсоли маҳсулоти хӯроки функсионалӣ” ҳимоя намуд, дастовардҳои илмии донишкад дар соли сипаришуда маҳсуб меёбад.
Савол:
Зимни суханронии худ Сарвари давлатамон таъкид доштанд: «Мо ... ба хотири он, ки ҷавонону наврасон ва умуман, шаҳрвандони худро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем, озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»-ро эълон намудем.»
Мехостам аз иштироки донишчуён дар озмунхои бонуфузи чумхуриви аз кабили «Илм фуруғи маърифат», «Фуруги субхи донои...» дар кадом сатх аст?
Ҷавоб:
Дар донишкада ҷиҳати амалисозии иқдомҳои наҷиби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди «Илм фуруғи маърифат», «Фуруги субхи донои.китоб аст», «Тоҷикистон ватани азиз ман» аҳамияти хоса нигаронида шудааст ва ин озмунҳо дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Хушбахтона сол аз сол шумораи иштирокчиёни озмун дар сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ зиёд шуда, донишҷӯён ба грифтани ҷойҳои намоен созовор шуда истодаанд, хусусан дар озмуни “Илм-фуруғи маърифат”. Дар соли 2024 дар даври ниҳоии озмун 11 нафар иштирок намуда, 2 нафар донишҷӯён ба гирифтани ҷойҳои мукофотӣ сазовор гаштанд: аз номинатсияи физика ҷойи 2-юм -Ҳобилов Далерҷон –донишҷӯи курси 2-юм, аз номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ ҷойи 3-юм Мусоева Муаззамхон-– донишҷӯёни курси 2-юм.
Дар даври ниҳоии озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман” донишҷӯ Нушофарин Абдухолиқова дар номинатсияи санъати тасвирӣ ҷойи дуюмро сазовор гашт, ки мо бо ин донишҷӯён ифтихор мекунем. Ғолибони ин озмунҳо аз тарафи раёсати донишкада ва факултетҳо қадрдонӣ карда шудаанд.
Савол:
Оре, таълиму тарбияи ҷавонони ватандусту соҳибмаърифат ва мутахассисони соҳибкасбу ботаҷриба махаки асосии фаъолияти донишкада мебошад... Албатта китобхонаи худро дорад донишкада?
Ҷавоб:
Бале, чӣ тавре, ки дар боло қайд намудам, донишкада 3 китобхона дорад, 1 китобхонаи асосӣ ва 2 филиалҳои китобхона дар назди факултетҳо фаъолият мебарад. Ҳар се китобхона дорои толорҳои қироат буда, бо 192 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Фонди китобхона зиёда аз 150000 китобҳоро дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар назди китобхона китобхонаи рақамӣ низ фаъолият мебарад, ки бо 103 адад компютерҳои ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, бо системаи идоракунии донишкада ва Интернет пайваст мебошад. Барои таъмин намудани фаъолияти мунтазами китобхона низоми автоматикии идоракунии китобхона ташкил карда шудаасст, ки бо воситаи он донишҷӯён китобҳои заруриро фармоиш меедиҳанд, ёки истифода мебаранд.
Савол:
Мегуфтед, ки давоми солҳои охир дар донишкада кадом конфронсҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ баргузор гардиданд?
Ҷавоб:
Дар соли 2024 тибқи нақша баргузории 4 конференсияи сатҳи байналхалқӣ, 3 конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 20 конференсияҳои сатҳи вилоятию донишгоҳӣ баргузор карда шуд. Ин конференсияҳо дар доираи амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф”, Солҳои рушди саноат ва дигар санаҳои таърихӣ ва Идҳои миллӣ бахшида шуда, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодиёти кишвар нигаронида шудаанд. Масалан, 19 апрели соли 2024 конференсияи байналхалқии илмӣ-амалӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” ва Рӯзи илми тоҷик дар мавзуи “Вазъи муосири таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар Осиёи Миёна” баргузор гашт, ки дар он олимон аз далатҳо Эрон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуда, натиҷаҳои илмии худ ва тавсияҳоро доир ба ҳалли муаммоҳои бехатарии маҳулоти хӯрока пешниҳод намуданд.
14 майи соли 2024 конференсияи байналхалқии илмӣ-амалӣ бахшида дар мавзуи «Ҳамкориҳои байниминтақавӣ: дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон», бо ҷалби доираи васеи олимон аз Ҷумҳурии Узбекистон баргузор карда шуд, ки дар он монографияи коллективии олимони тоҷик ва узбек доир ба ин мавзуъ муаррифӣ карда шуд.
Санаи 20.12.2024 конференсияи байналхалқӣ дар мавзуи “Вазъи муосир ва дурнамои рушди комплекси нақлиётӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарони аз вазорату ташкилотҳои соҳа иштирок намуда доир ба ҳалли муаммоҳои соҳа тавсияҳои худро пешниҳод карданд.
Савол:
Бо кадом донишкадаҳо созишномаҳои ҳамкорӣ доред?
Ҷавоб:
Донишкада айни ҳол бо зиёда аз 100 донишгоҳои хориҷӣ робитаҳои ҳамкорӣ дорад. Дар соли 2024 бо 10 донишгоҳҳои хориҷӣ ба монанди Донишкадаи мошинсозии Андиҷон, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент Донишкадаи политехникии Фарғона Донишгоҳи техникии нафтии Уфа, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Самара, Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои иттилооти Қазоқистон баста шудааст. Дар доираи ин шартномаҳо барномаҳои мубодилаи акдемии донишҷӯён ва омӯзгорон чорабиниҳои илмӣ, такмли ихтисоси омӯзгорон баргузоар карда мешавад. Дар давраи ҳисоботи 15 нафар омӯзгорон дар давлатҳои хориҷӣ такмили ихтисос намуданд.
Савол:
Устодону донишҷӯён дар амалӣ сохтани кадом лоиҳаҳои байналхалқӣ ширкати фаъолона доранд?
Ҷавоб:
Дар соли 2024 омӯзгорон ва донишҷӯён дар амалигардонии 4 лоиҳаи байналхалқи иштирок намуданд, аз ҷумла “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ (PECA)” бо дастгирии Ташкилоти ҳамкориҳои Олмон, “ Ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ бо Маркази тиҷоратии байналмилалӣ , Erasmus+ mobility program дастгирии Иттиҳоди Аврупо .
Мақсади лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ (PECA)” мутобиқ намудани таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи бозори меҳнат, баланд бардоштани самарнокии таҳсилоти олӣ касбӣ ва таҳсилот барои калонсолон, ташкили тренингҳо барои омӯзгорон дар самти таҳия намудани барномаҳои таҳсилотии омехта барои омода кардани магистрҳои таҳсилоти касбӣ мебошад. Дар доираи ин лоиҳа дар соли 2024 3 нафар омӯзгорони донишкада ба кишвари Словакия сафар намуда такмили ихтисос намуданд.
Дар доираи ҳамкориҳо бо ташкилоти Маркази байналмилалии тиҷоратӣ дар Донишкада маркази таълимӣ ташкил карда шудааст, ки дар он омӯзгорон ва мутахассисони корхонаҳои истеҳсолии вилоят дар семинарҳо иштирок намуда, доир ба автоматикунонии лоиҳакашии либос такмили ихтисос мегузаранд.
Савол:
Дар ниҳоят аз нақшаҳои нави роҳбарияти донишгоҳ дар соли 2025, дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат мегуфтед?
Ҷавоб:
Роҳбарияти донишкда дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 дар назди худ чунин вазифагузориҳо кардааст:
1. Ташкил кардани гуруҳҳои таҳсилаш бо збони англисӣ;
2. Боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия тавассути такмили ихтисоси омӯзгорон, зиёд намудани дарсҳои истеҳсолӣ дар пойгоҳҳои корхонаҳо, ҷалби мутахасисон аз истеҳсолот;
3. Ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ кунонидани барномаҳои таҳсилотӣ ва аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои донишкада;
4. Беҳтар намудани фаъолияти парки технологии донишкада дар самти ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯён ба навоварию ҷустани роҳҳои татбиқи ихтироот дар истеҳсолот;
5. Тақвият бахшидани иқтидори донишкада дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ ва ташкили мубодилаи академии донишҷӯён бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва ғ.