

ҲАМОИШ: ИСТИҚЛОЛУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МАФҲУМҲОИ БАРОБАРАРЗИШ МЕБОШАНД
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои дарси Ваҳдат таҳти унвони “Истиқлолу Ваҳдати миллӣ мафҳумҳои баробарарзиш мебошанд” бо иштироки Қурбонҷон Мирзоева, котиби аввали Кумитаи вилояти Суғди ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ҷумъадилло Қодиров, сардори шуъбаи ташкиливу назорати фаъолияти китобдории Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Мазбут Холиқзода, муовини директор оид ба таълими донишкада ҳамоишро оғоз бахшида аҳли толорро бо мақсаду муҳтавои мулоқот шинос намуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки ҷашни мазкурро ба хотири он иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарак медиҳад. Ин ҷашни муттаҳидии ҳамаи бошандагони Тоҷикистон аст. Иди Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки бар ивази чи қадар азобу ранҷ дар кишвар сулҳу суббот барқарор гардид ва минбаъд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста бояд талош намуд.
Қурбонҷон Мирзоева дар баромади худ зикр намуд, ки дар масъалаи дастрасӣ ба мусолиҳаи миллӣ, садоқат, ватанхоҳӣ ва миллатдӯстӣ нақши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле муассир буд. Раванди сулҳи тоҷикон рўйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Умуман сулҳе, ки дар Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд, бар ивази хуни ҳазорон ҳамватанони мо ба даст омадааст, дар миқёси умумиҷаҳонӣ руйдоди беназир ва намунаи ҳалли мухолифат ва низоъҳои миллию хонаводагӣ, ки имрӯз дар гӯшаву канори гуногуни олам ба назар мерасанд, эътироф шудааст. Ба имзо расидани "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.
Ҷумъадилло Қодиров дар баромади худ аз ҷумла изҳор дошт, ки дар дунё чандин мардумоне арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар ҳатто фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд. Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.
Дар интиҳои қайд шуд, ки имрӯз мо бояд сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлол ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарини тамоми мардуми Тоҷикистон аст.
Чорабинӣ бо шукргузорӣ аз миллати ободу озод дар фазои сулҳу осоиштагӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Шуъбаи кор бо ВАО