

ҲАМОИШ: ПАЁМИ САРВАРИ КИШВАР - РОҲНАМО ДАР РУШДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
Санаи 3 январи соли 2025 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Паёми Сарвари кишвар - роҳнамо дар рушди таълиму тарбия” ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоишро директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар Паёми Сарвари давлат, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, рушди соҳаи маориф ҳамчун заминаи рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат баён гардид. Имрӯз, дар шароите, ки Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир ҳамгироии худро васеъ менамояд, таҳкими низоми маориф муҳимтарин омили расидан ба ҳадафҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Суханони Сарвари кишвар дар Паём: “Ҳамаи пешравию пирӯзиҳои миллат аз мактабу маориф сарчашма мегирад”, гувоҳи равшани он аст, ки илму маориф таъминкунандаи ояндаи равшани давлату миллат мебошанд.
Дар ҳар давру замон, пешрафт ва қудрати давлатҳо аз низоми маорифи онҳо сарчашма гирифтааст. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ на танҳо ҷойи таълим, балки манбаи ташаккули шахсиятҳои босавод ва ватандӯст мебошанд. Аммо ин раванд танҳо дар сурате муваффақ хоҳад шуд, ки агар ҳар як фарди ҷомеа масъулияти худро дар ин раванд дарк намоянд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода дар баромади худ иброз дошт, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Ҳамзамон аз ҷониби Рустамзода С. қайд гардид, ки сухану андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи Паём дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳунару забономӯзӣ, саховату эҳсон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус, ҷавонон мегардад.
Дотсенти кафедраи иқтисоди рақамӣ Хуршед Мақсудов таҳти унвони “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - баёнгари роҳи дурахшони фардои мардуми тоҷик” маърӯза намуд. Мавсуф дар баромади худ аз ҷумла иброз дошт, ки Паёми Сарвари кишвар яке аз муҳимтарин ҳуҷҷате ба ҳисоб меравад, ки давоми сол ба таври фарогирии дастовардҳои миллӣ дар самтҳои иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, илму фарҳанг, маориф ва таъмини амнияти ҷумҳурӣ таҳлилу арзёбӣ гардида, нақшаҳои соли минбаъдаро таҳия ва дар асоси он дурнамои рушди ҷомеаи моро муайян месозад.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Қайд шуд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин, аз ҷумла такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот ва ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Омӯзгори ҷавони кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент Шоира Турсунова дар баромади худ таҳти унвони “Паёми Пешво - роҳнамои мо” иброз дошт, ки боиси хурсандист, ки соли сипаригашта тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодӣ назар ба солҳои қаблӣ тамоюли афзоиш дорад. Аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба зиёда аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Дар доираи ҳадафи стратегӣ доир ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда қариб ду баробар зиёд мебошад. Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида дар самти иқтисоди миллӣ Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Воқеан, ҳамасола амалӣ намудани иқдомҳои наҷибу сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти рушду инкишофи соҳаҳои илму маориф боиси руҳбаландии қишри ҷомеа мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзгоронро мебояд аз ҳар вақта дида бештар бо дилу назари хосса, фарогир аз маълумоти дар Паём омада ҷавононро дар руҳияи худшиносиву хештаншиносӣ тарбия намоянд.
Дар поёни ҳамоиш таъкид шуд, ки ҷомеаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар асоси ин ҳуҷҷати барномавӣ нақшаи кории худро таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру нишондодҳои навбатии Пешвои миллат, ки моро ба ҳифзу таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, фатҳи уфуқҳои нави рушд ва саодати миллӣ ҳидоят мекунанд, саҳми шоиста мегузоранд.
Шуъбаи кор бо ВАО