ТАВАҶҶӮҲ БА ПАЁМ - ҚАДАМЕ БА РУШДИ УСТУВОР
Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст. Махсусан дар риштаи илму маориф, ки имрӯз Президенти кишвар бисёр ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд, як силсила вазифаҳо гузошта шуд, ки онҳо барои рушди илми тоҷик бисёр муҳиманд.
Паём воқеан ҳам барномаи мукаммали фаъолият барои як соли оянда ва татбиқи нақшаҳои дурбинонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб меёбад.
Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи нави ҳаётӣ, марҳилаи созандагиву пешравиҳои назаррас қарор дорад. Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад.
Нуктаи меҳварии Паёми Сарвари давлат чун ҳамешагӣ таваҷҷӯҳ ба рушди соҳаи маориф, илму инноватсия, некӯаҳволии ҷомеа, сулҳу субот, рушди иқтисоди миллӣ, баландбардории мақому манзалати занону бонувон, нақши ҷавонон дар мамлакат, посдории фарҳанг, пешгирии хавфҳои гуногун ва дигар ҷабҳаҳои ҷомеаи давлатамонро фаро гирифт.
Зимни ироаи қайд гадид, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррасро соҳиб гаштааст, ки маълумоти оморӣ – некӯаҳволии кишвар бо муқоиса бо соли 2019- ум ин нуктаро тасдиқ менамояд.
Тавре ки қайд гардид, соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд. Аз ин рӯ ҷомеи омӯзгорони донишкада барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ, ки омили рушди саноат ба ҳисоб меравад, кӯшишҳои зиёд менамояд.
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ пешниҳоди сарвари давлат барои эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» барои муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ шароити мусоид хоҳад буд.
Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Инчунин истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва дигар соҳаҳо низ вусъат гирифта зимни ин дар факултети муҳандисӣ – технологӣ истифодаи зеҳни сунъӣ дар омодасозии намоишномаҳо, корҳои озмоишӣ ва лавҳаву аёният ва ғайраҳо пурзӯр карда мешавад.
Таъкиди Президенти кишвар, ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода кардани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, хусусан, доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат кӯшиши ҷомеаи омӯзгорони факултети муҳандисӣ – технологиро барои омодасозии кадрҳои баландихтисосро металаб. Аз ин рӯ дар марҳилаи минбаъд кори маҳфилҳои доимоамалкунандаи илмӣ, инноватсионӣ ва эҷодии кафедраҳои тахассусӣ дар ин самт пурзӯр карда мешавад.
Баҳри тақвияти корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии кишвар, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард, афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ дар асоси рушди маҷмааҳои соҳавӣ, корҳои тахассусии хатми донишҷӯёни зинаҳои бакалаврӣ ва магистратура маҳз барои ҳамин равона карда шудааст.
Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад. Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, ташкили экскурсияҳо бо донишҷӯён, ташриф дар ҷойҳои таърихии вилоят дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс, гузаронидани озмунҳои ҳунарманди беҳтарин аз иқдомҳои пешгирифтаи донишкада мебошад, ки барои ҷалби сайёҳон мусоидат хоҳад кард.
Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ Пешвои миллат ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа дода мешавад. Тайи шаш соли охир баргузории озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ бозгӯкунандаи нуктаи боло мебошад. Пеш аз ҳама саноатикунонии кишвар мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникиро талаб мекунад. Ташкили таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзии кадрҳои тайёрӣ дар корхонаҳои саноатӣ фаъолияткунанда дар корхонаву муассисаҳои саноатии хориҷ баҳри дар оянда ба роҳ мондани таҷрибаҳои бой ва пешқадам дар саноати кишвар раванди кунунии саноати кишварро тақвият мебахшад.
Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад.
Ҳамчунин ҳукумати мамлакат ба масъалаи ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Вобаста ба ин дар факултети муҳандисӣ – технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар ш.Хуҷанд, алалхусус кафедраҳои тахассусӣ бо таҳияи мақолаи илмӣ, монографияҳо, иҷрои корҳои тахассусии хатм, корҳои курсӣ оид ба масъалаҳои иқтисоди сабз машғул буда, баҳри баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ кафедраҳои технологияи маҳсулоти хӯрока ва технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ низ кӯшишҳои худро ба ин самт равона менамояд.
Масъалаи муҳими дар Паёми имсола зикргардида, дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, аз тарафи кафедраи агротехнология ва экологияи саноат дар сатҳи зарурӣ баррасӣ гардидааст. Дар кафедра мунтазам нисбати масъалаи зикргардида мизҳои мудаввар, дарсҳои истеҳсолӣ ва саҳроӣ баргузор гардида, таҳия ва нашри мақолаҳои илмӣ дар конфронсҳои байналмиллаливу ҷумҳуриявӣ, маҷаллаҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар натиҷаи фаъолияти илмист. Ба ин нигоҳ накарда баҳри вусъат додани масъалаи мазкур ҷомеаи устодони кафедра кӯшишҳои зиёдеро намуда то Паёми оянда корҳои зиёде аз тарафи онҳо анҷом дода хоҳад шуд.
Иқдомҳои башардӯстона аз Паём то Паём тақвият ёфта, обрӯ ва мақоми Тоҷикистону Пешвои инсондӯсти он дар дунёи сиёсат боло меравад, ки ин ҳама мояи ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Мо аз даъвату ҳидоят ва пешниҳодоти ватанпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дастгирии комил менамоем. Бояд қайд кард, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки дар Паём зикр шуданд, дар муассисаи мо зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Боварии комил дорам, ки нуктаҳои муҳими Паёмро ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён сармашқи фаъолияту таълими худ дониста, барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори донишкада саҳм мегузорад.
Маҳмудова Ф.М.
Омӯзгори калони кафедраи
технология саноати сабук ва нассоҷӣ