

МАОРИФ – ЗАМИНАИ РУШДИ СОҲАҲОИ ДИГАР
МАОРИФ – ЗАМИНАИ РУШДИ СОҲАҲОИ ДИГАР
Маориф калиди пешрафт, шукуфоӣ ва рушди ҳар як давлат аст. Маҳз маориф замина барои рушди дигар соҳаҳо мегузорад. Ҳар кӣ илму дониш, хираду фазилат дорад, дар ҷомеа соҳиби эҳтиром, мартабаи баланд гардидааст. Дар баробари ин, шахси донишманд роҳнамо аст ва ҷомеаро сӯйи созандагиву бунёдкорӣ мебарад.
Бинобар ин, ҳамеша рушди илму маориф таҳти таваҷҷуҳи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки рушди маориф яке аз самтҳои афзалиятнок ва стратегии иқтисоди кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 майи соли 2024 иброз доштанд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.
Воқеан ҳам, дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин стратегия ва барномаҳои давлатӣ доир ба рушди соҳаи маориф ва илм қабул ва амалӣ гаштаанд. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, Стратегияи рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 идомаи дигар барномаҳост, ки ҳоло марҳила ба марҳила тадбиқ шуда истодаанд.
Ҳамчунин, эълони солҳои 2020-2040-“Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва солҳои 2025-2030 -“Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, марҳила ба марҳила баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи илму маориф, ташкил ва баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистонватани азизи ман” аз ташаббусҳои дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи илму маорифи кишвар ва ғамхорӣ нисбат ба омӯзгорон мебошанд.
Дар партави иқдомҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар қатори дигар муассисаҳои олии кишвар баҳри омода намудани мутахассисон нақши муассир мегузорад. Соли 2024 ҳайати устодону донишӯҷёни доникада ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ, ҷорӣ намудани натиҷаҳои он ба истеҳсолот ва ба ин васила мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти мамлакат, корҳои судмандро иҷро намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Дар донишкада корҳои илмию тадқиқотӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар кишвар, аз ҷумла ба ҳалли муаммоҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти миллӣ-таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат нигаронида шудаанд. Дар доираи мавзуҳои илмӣ муаммоҳои гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия, роҳҳои самаранок истифодабарии энергия ва паст кардани талафоти он, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технологияҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокаи функсионалӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ таҳқиқ карда мешаванд. Дар соли 2024 натиҷаҳои таҳқиқоти илмии омӯзгорон дар 8 монографияи илмӣ, 5 мақолаи сатҳи байналмилалии Скопус (Scopus ва WoS) ва зиёда аз 100 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии атестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия нашр гардидаанд. Дар ин давра 5 нахустпатент ва 4 шаҳодатномаи зеҳнӣ, 10 санади татбиқи натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар истеҳсолот гирифта шуда, назар ба соли 2023 ду маротиба зиёд мебошанд.
Раёсати донишкада барои дарёфти донишҷӯёни болаёқат, ҷалби онҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ, хусусан аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аҳамияти хоса медиҳад. Бо ин мақсад дар донишкада зиёда аз 30 маҳфили илмию инноватсионӣ ва эҷодӣ фаъолият менамоянд ва аъзоёни махфил дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъол доранд. Инчунин, бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии ғолибони озмуну олимпиадаҳо стипендияи ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъсис дода шудааст.
Соли чорум аст, ки дар донишкада чун анъана озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Хурсандиовар аст, ки сафи иштирокчиёни озмуни мазкур сол аз сол зиёд шуда истодааст. Агар соли 2022 дар даври вилоятии озмун 7 нафар ва ҷумҳуриявӣ - 6 нафар иштирок доштанд, пас дар соли 2024 дар даври вилоятӣ 15 нафар ва ҷумҳуриявӣ 11 нафар иштирок намуданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур Ҳобилов Далерҷон, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-400101, аз номинатсияи физика ҷойи 2-юм, Мусоева Муаззамхон, донишҷӯёи курси 2-юми ихтисоси 1-400102, аз номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ ҷойи 3-юмро ишғол намуданд ва бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ғайр аз ин дастовард, донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки аз тарафи МТОК гузаронида шудаанд, ба монанди “Барномарези беҳтарин”, “Донандаи беҳтарини Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Бояд қайд намуд, ки ҳамаи ғолибони даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои мазкур ва роҳбарони онҳо бо мукофотпулӣ ва ифтихорномаи директори донишкада сарфароз гардонида шудаанд. Ҳамчунин, барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон” донишҷӯёни фаъолу навовар бо стипендияи ба номи академик М.Осимӣ сарфароз гардиданд. Раёти донишкада дар пайравӣ ба иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасманд намудани устодону донишҷӯёнро минбаъд ҳам идома хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар зарфи 5 соли охир дар донишкада зиёда аз 20 рисолаи номзадӣ, 2 рисолаи докторӣ ҳимоя шуда, 70%-и онҳо ба самти илмҳои дақиқ ва техникӣ равона шудааанд. Соли 2024 мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ Худойбердиев Х.А. рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Ба лоиҳагирӣ ва амалӣ гардонидани низомҳои худкори коркарди маълумот бо забони тоҷикӣ” ва омӯзгори донишкада Неъматуллоева Маҳинахон рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Коркарди технологияи хокаи аз донаҳои мош ва истифодаи он дар истеҳсоли маҳсулоти хӯроки функсионалӣ” ҳимоя намуданд, ки дастоварди илмии донишкада ва ифтихори мо- ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён аст. Зеро раёсати донишкада ҳар як дастоварди омӯзор ва донишҷӯи худ хуш истиқбол мегирад ва онҳоро қадр менамояд, то ба дигарон намуна ва пайравӣ бошанд.
Ҳамчунин, раёсат ва ҳайати омӯзгорони донишкада аз эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» руҳбаланд гашта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ ҳамаи имконот ва захираҳои донишкадаро сафарбар менамоянд. Зеро донишкада базаи хуби илмӣ ва таъмин бо технологияи муосир дорад, ки метавон самаранок истифода намуда, мутахассисони боз ҳам беҳтару ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазирро омода намуд. Барои ин андак ташаббусу заҳмат мебояд, то ба мақсади гузошташуда ноил гардем. Раёсати донишкада бошад, ҳамеша омодаи дастгирии ташаббусҳои наву ҷолиби устодону донишҷӯён аст ва онҳоро қадр менамояд.









