Дӯстии миёни тоҷикон ва қирғизҳо на танҳо барои худи давлатҳо балки барои амният ва суботи минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад. Вақте ки ду халқ якдигарро эҳтиром мекунанд ва дар ҳамкориҳои дӯстона ширкат меварзанд, натиҷаҳои он ба ҳар ду тараф ва тамоми минтақа манфиат мерасонад. Аз ин рӯ, дӯстии тоҷикон ва қирғизҳо метавонад ба шукуфоии ҳарду кишвар ва осоиштагии мардумони онҳо оварда расонад.
Барои тасдиқи гуфтаҳои боло ишорати мазкурро аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ овардан кофист. «Ҳадафи асосии сиёсати хориҷии мо ҳамкории мутақобилан судманд ба хотири ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии мо мебошад».
Ҷумҳурии Қирғизистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон робитаи зич дорад. Дар оғози асри ХХI самтҳои рушди стратегии муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя дар доираи боздидҳои расмии дуҷонибаи чандинкаратаи ҳайатҳои ҳукуматҳои ду кишвар, вохӯрии сараварони ду кишвар дар ҷараёни саммитҳои созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ муайян шуданд ва шакл гирифтанд.
Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва марҳилаи муҳими равобит дар ин давра сафари расмии собиқ Президенти Қирғизистон А. Акаев ба пойтахти кишвари мо дар таърихи 26 майи соли 2004 мебошад. Дар натиҷаи ин сафар ҳуҷҷатҳои муҳим аз қабили «Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оиди шарикӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ», «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ», «Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи осонтар сохтани тартиби ба даст овардани ҳуқуқи табаият», «Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвар», «Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳифзи мутақобилаи сармоя», «Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ» ва Меморандуми ривоҷу равнақи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи амният ба имзо расиданд, ки ба рушди равобити ҷонибҳо таъсири ниҳоят мусбии худро гузошт.
Сафари охирини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар таърихи 12-13-уми марти соли 2025 бори дигар исбот намуд, ки сарварони ду кишвар ҳамеша дар фикри пешрафту ороми минтақа буданд. Инчунин яке аз хусусиятҳои хоси ҳамкории миёни ин ду кишвар дар доираи 16 созишнома ба вуқуъ пайваст, ки дар сиёсати давлату ҳукумати ҳар ду кишвар нақши калидиро соҳиб буда, созишномаҳои кунунӣ маҳз дар рушди кишварҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ин хуҷҷатҳо эҳтиром ба истиқлолият ва ҳокимияти давлатӣ, баробарӣ ва дахолатнопазирӣ дар корҳои дохилии ҳамдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, робитаҳои иқтисодии сатҳи давлатӣ ва дар сатҳи субъектҳои соҳибкориро инъикос мекунанд.
Нигоҳ доштани гуфтугӯи созанда ва озод дар байни Қирғизистон ва Тоҷикистон мусоидаткунандаи таъмини амнияти минтақавӣ, инчунин рушди устувори минтақа мебошад. Қирғизистон ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷорати иқтисодиёт ва гуманитарӣ, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ва таъмини суботи минтақа манфиатдор аст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бахшҳои гуногун имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд. Бо истифода аз умумиятҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, сарҳадҳои умумӣ ва коммуникатсияҳои рушд, ҷонибҳо метавонанд ҳаракати озоди шаҳрвандон, интиқоли молҳо ва хизматрасониҳоро таъмин намоянд, рушди бештари соҳаҳои иқтисодиёти ду кишварро баланд бардоранд ва истифодаи қобилияти транзитии якдигарро барои ворид шудан ба дигар бозорҳо беҳтар гардонанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳамдигар пайвандҳои зиёд доранд. Вақтҳои охир дар ВАО роҷеъ ба муносибатҳои неки сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвар матолиби зиёде ба нашр мерасанд.
Ҳамаи он дигаргуниҳо ва муносибатҳои мусбие, ки дар даврони истиқлолият миёни ин ду кишвар ба амал омадааст, натиҷаи дӯстӣ ва ҳамкории халқҳо ва кӯшиши сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.
Ҳамкориҳои Қирғизистону Тоҷикистон бар пояи ҳамсоягии нек, дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда асос ёфтаанд. Умумияти зиёди таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва пайвандиҳои устувори дӯстӣ миёни халқҳои тоҷику қирғиз омили муҳими густариши равобити ду кишвар мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишвар ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Қирғизистон некбин мебошад ва барои густариши равобити гуногунҷанбаи мутақобилан судманд ба алоқаи мардумони ду кишвар пайваста талош меварзад.
Лозим ба зикр аст, ки Қирғизистон яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва сарҳадӣ мебошад. Ба манзури рушди ҳамкориҳо дар заминаи мазкур Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ташкил шудааст. Дар ҷаласаҳои ин комиссия масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои истифодаи маҳсулоти саноатӣ, об, кишоварзӣ, нақлиёту иртиботот ва масоили дигари равобити тиҷоратию иқтисодӣ мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор мегиранд.
Боиси қаноатмандист, ки ҳамкориҳои кишвари мо беш аз пеш рушд меёбанд ва шумораи шаҳрвандони ду кишвар, ки ба қаламрави якдигар сафар мекунанд, меафзояд.
Халқҳои мо ба муносибати аз ин ҳам беҳтар, ба рафтуомади аз ҳозира ҳам бештар ва зиндагии аз имрӯза ҳам гуворотар ҳақ доранд. Яъне, баъди сипарӣ шудани чандин солҳо шукри Худо, ки мушкилиҳои зиёди садди роҳи дӯстиву ҳамкориҳо буда, бартараф шудаанд. Ҳар яки моро мебояд барои ҳамкории самимӣ ва тақвияти дӯстӣ миёни тоҷикону қирғизҳо пайгирона кӯшиш намоем, то ин ки ҳамкориҳои мо ҳамеша дар сатҳи баланд ҷойи худро касб кунанд ва то охир чунин боқӣ монанд.