• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ...
 Новости
ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва суханрониҳо борҳо таъкид кардаанд, ки мо бояд шукри Истиқлол, сулҳу субот ва оромии кишвари азизамонро намоем. Зеро ки маҳз оромии давлат асоси ободӣ ва рушди ҳар як мамлакат мебошад. Ҷангу ҷидол дар давлатҳои мухталифи ҷаҳон баръало оқибати фоҷиабори онро инъикос намудааст. Бисёр давлатҳои ободи ҷаҳон дар натиҷаи нооромӣ ва зиддият ба гирдоби нобудӣ ва маҳв кашида шудаанд.
Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим созанда ва бунёдкор, сулҳпарвар ва озодидӯст, инсонпарвар ва хайрхоҳ нисбати дигар миллату кишварҳо буд ва чунин муносибатро алҳол идома медиҳад. Донишмандон ва адибони бузурги тоҷик дар осори худ мудом мардумро ба дӯстиву рафоқат, ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ ва сулҳу субот даъват мекарданд. Дар эҷодиёти онҳо ғояҳои кирдор ва рафтори нек, раҳму шавқат ва инсондӯстиву инсонпарварӣ ҳамеша танинандоз буд. Мардуми тоҷик кишвареро забт накардааст, миллатеро таҳқир ва таъқиб нанамудааст, баръакс ба ҳамзистии осоишта ва дӯстона мудом кӯшиш менамуд. Зеро ки мардуми тоҷик табиатан фарҳангдӯст, маърифатпарвар, хайрхоҳ ва некандеш буданд ва чунин хусусиятҳои волоро имрӯз низ дар ниҳоди худ мепарваранд.
Дӯстӣ ва ҳамсоягии нек яке аз омилҳои муҳими сулҳу субот ва рушди устувор дар байни миллатҳо ва давлатҳо мебошад. Халқи тоҷик аз азал бо кишварҳои ҳамсоя робитаҳои дӯстона ва бародарона дошта, ин муносибатҳо дар тӯли таърих таҳким ёфтаанд. Аз ҷумла, дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамсарҳад ва ҳамтақдир мебошанд, барои рушди минбаъдаи минтақа аҳамияти бузург дорад.
Тоҷикон ва қирғизҳо асрҳои зиёд дар фазои ягонаи тамаддунӣ, бо риштаҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ пайвастанд. Муносибатҳои ду халқи бародар на танҳо дар ҳамкорӣ ва тиҷорат, балки дар мубодилаи арзишҳои фарҳангӣ, забонӣ ва илмӣ низ равшан инъикос ёфтаанд. Қирғизистон макони зиндагии ҳазорон тоҷикон аст, ки дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои гуногуни он умр ба сар мебаранд. Ҳамзамон, дар Тоҷикистон низ қирғизҳо зиндагӣ мекунанд, ки бо мардуми маҳаллӣ муносибати неки бародарона доранд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистону Қирғизистон муносибатҳои дипломатии худро тақвият дода, дар соҳаҳои мухталиф ҳамкорӣ менамоянд. Ин ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории зич доранд. Дар бахши иқтисод, ду кишвар барои рушди тиҷорати дуҷониба, ҳамлу нақли маҳсулот ва рушди инфрасохтор талош меварзанд. Аз ҷумла, бозорҳои наздисарҳадӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунанд. Албатта, мисли ҳар як ҳамсоягии дигар, байни Тоҷикистону Қирғизистон низ баъзан масъалаҳои марбут ба сарҳад ва манобеи табиӣ ба миён меоянд. Вале роҳбарияти ҳар ду кишвар кӯшиш мекунанд, ки мушкилотро бо роҳи гуфтушунид ва муколамаи дӯстона ҳал намоянд.
Мулоқотҳои сатҳи олӣ ва ҳамкориҳои байниидоравӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таҳкими муносибатҳои дӯстона аҳамияти калон доранд. Ҳар ду миллат дарк намудаанд, ки ҳамкории мутақобилан судманд ва сулҳу дӯстӣ омили асосии пешрафт ва некӯаҳволии мардум мебошад. Бешубҳа, дӯстии халқи тоҷик бо халқҳои ҳамсоя, махсусан бо Қирғизистон, бояд боз ҳам тақвият дода мешавад. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамкорӣ метавонем ояндаи дурахшон ва зиндагии осоиштаро барои наслҳои оянда таъмин намоем.
Зафар Раҳмонов,
устоди ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 195

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены