Тибқи нақшаи курси 3-моҳаи «Зан-роҳбар» мудири кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти донишкада Муҳиба Аминҷонова дар мавзӯи “Зан-роҳбар, имиҷи зан-роҳбар” бо донишҷӯдухтарон лексия-мубоҳиса доир намуд.
Мавсуф дар ҷараёни машғулияти хеш аз ҷумла иброз дошт, ки бонувон бояд дорои иродаи қавӣ, масъулият ва ҳисси баланди худшиносии миллӣ бошанд. Занҳо қодиранд ба равандҳои гуногуни ҷомеа назари фардии худро дошта бошанд. Дар саҳифаҳои таърих симои зани тоҷик ҳамчун фарҳангпарвару сиёсатмадор ва илмдӯсту хирадманд, ҳунарманду кордон тасвир ёфтааст. Заминаи бофарҳангу ватанпарвар будани зани тоҷик буд, ки имрӯз зани тоҷик олиму омӯзгор, ҳунарманду соҳибкор, варзишгару рӯзноманигор буда, қариб, ки дар ҳамаи соҳаҳои калидӣ иштироки хуби занон дида мешавад.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбати дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Умуман барои ояндаи дурахшони оилаву тарбияи насли наврас ва ободии ҷомеа зани тоҷик ҳамеша омода аст.
Шунавандагони курси мазкур Сарвиноз Ҳалимова, донишҷӯи курси 3, ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва Фазилат Содиқова, донишҷӯи курси 2, ихтисоси таълими касбии донишкада иброз доштанд, мавзӯъҳое, ки барои машғулиятҳо ба нақша гирифта шудаанд, ба болоравии имиҷи занон, рушди касбият, раванди коргузорӣ, солимии зан ва механизмҳои амалигардонии идоракунии захираҳои инсонӣ мусоидат менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2025-2030» баргузории курси 3-моҳаи «Зан-роҳбар» ба роҳ монда шудааст. Шунавандагон аз омӯзишҳои ин курс аз устодон, занони роҳбар, сиёсатмадорони варзида барои худ дониш ва аз таҷрибаи бойи эшон бардоштҳои муҳим ва зарурӣ мегиранд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО