• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ДАРАХТИ ДУСТӢ БИНШОН, КИ КОМИЛ ДИЛ БА БОР ОРАД
 Новости
ДАРАХТИ ДУСТӢ БИНШОН, КИ КОМИЛ ДИЛ БА БОР ОРАД

ДАРАХТИ ДУСТӢ БИНШОН, КИ КОМИЛ ДИЛ БА БОР ОРАД
Баҳор мавсими шинонидани ниҳолон маҳсуб мешавад. Басо рамзист, ки дар рӯзҳои наврӯзии соли 2025 ба ҷузъ аз ниҳолон, ба хотири сабзу шукуфоӣ ва зиндагии пурнеъмат ҳамчунин ниҳолони дӯстӣ низ дар марзҳои дил шинонида шуд. Пас аз сафари расмии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ифтитоҳи марзҳои бастаи байни ин ду давлат шодиву нишоти сокинонро ҳадду канор нест. Тавассути синамо, шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба ҳамдигар додани сокинони марзии ҳар ду тараф, ашки шодии мардумро дида, дилҳо ба ваҷд меояд. Селаи навиштаҳои хушҳолкунандаи ҳар ду ҷониб бори дигар исбот намуд, ки барои инсон неъмати бузургтарин маҳз сулҳ, тинҷиву амонӣ ва ваҳдату ҳамгироӣ аст. Бигзор ин ниҳоли дӯстӣ, ки боғбонашон роҳбарони ҳар ду давлат ҳастанд, ҳаргиз рӯи камобиро набинад ва он сабз андар сабз гардаду дар сояи он фардоиён фароғат намоянд.
Руҳияи нишотбахшиии мардуми минтақаи Фарғонаро боз як иқдоми раиятпарваронаи Роҳбари давлати тоҷикон гуворотар намуд. Ҷаноби Олӣ бори дигар хирадмандӣ, тавоногӣ, сулҳдӯстӣ ва муҳимтар аз ҳама одамияти баланд доштани худро амалан исбот намуданд. Яке аз суннатҳои деринаи наврӯзӣ, ки аз моварои ҳазорсолаҳо об мехӯрад, ин тараннуми дӯстӣ, бахшидани гуноҳи ҳамдигар, берун кардани кинаву кудурат аз дилҳост. Хушбахтона ин ойин пурра риоя гардид.
Хуҷанди бостонӣ, шаҳру навоҳии Гулистон, Бӯстон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров чанд рӯзи наврӯзи идгоҳи ҳақиқиро мемонд. Кучаву хиёбонҳо, ҳатто ҳавлии одамон ғарқи гул ва дар чеҳраҳои сокинон осори шодиву нишот ҳувайдо буд.
Ниҳоят дар гузаргоҳи сарҳадии Лаккон, ки се кишвар марзи муштарак дорад, Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ба имзо расид. Аз ин пас сокинони ҳар се кишвар метавонанд бемамониат руфтуо кунанд, хешу табориро идома диҳанд ва бо ҳамдигар табодули молу коло намоянд. Ин рӯйдоди бузург намунаи олии ватандорӣ, дӯстории одамият, ҳусни ҳамсоядорӣ аст, ки аҳли ҷаҳонро тасхир намуд.
Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки бо эҳтимоми Роҳбари давлат навсозӣ шуд, макони асосии ташрифи Роҳбарони давлатҳо гардид. Намояндагони ин ду миллати ҳамсоя аз маҳорати устоҳои чирадасти халқи тоҷик, риояи урфу одатҳои қадима, ҳунару ҳунармандии мардум дар ҳайрат афтодаанд. Мусиқии суннати халқҳои тоҷику ӯзбек ва қирғиз ба ҳаво мепечид. Фикр мекунам дар ин лаҳзаҳо руҳи бузургони се давлат – Мирзо Турусунзода, Абдулло Орифов ва Чингиз Айтматов шод гардид. Ба таъбири Сарвари давлати ӯзбекон Мирзо Турсунзодаи маҳбуби дилҳо
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо, он лаҳзаҳо тасдиқи худро ёфт.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд. Ин ҷо садҳо санъаткорони номӣ ҳар се давлат дар лаб танҳо суруди дӯстӣ, ваҳдату ҳамдилиро замзама мекарданд. Ҳавои серуни шоми баҳорӣ, боди салқини Сайҳунрӯд рӯйҳоро навозиш намудаву дар як лаҳза роҳбарони ҳар се давлат рӯ ба рӯ бо мардум аз неъмати бузурги сулҳ ва ҳамзистии ҳаёти осоишта сухан намуданд.
Суруди “Офтобо бори дигар” фазои наздик ба 30 ҳазор нафараи аҳли санъат ва ҳунар, тамошобинонро ба пояндагӣ, устуворӣ талқин намуд.
Ин ҷо абёти машҳури
Дарахти дӯсти биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад вирди забонҳо мешуд.
Дар фуроварди чорабинӣ дар осмони ваҳдат тавассути дронҳо манзараи дӯстии ҳалқҳо инъикос шуданд, ки хотири аҳли нишастро шод сохт.
Дар хонаводае паси оинаи нилгун модари тоҷик ва қирғиз, ки дар ин ҷанги бемаънӣ ҷигарбандашро гум карда буд, ашк мерехт, ашки надомат не, ашки шодӣ. Ӯ худро хушбахт меҳисобад, ки абрҳои тира, шамолҳои сахт, боду борони харобӣ дар пай дошта рафъ шуданд. Моро офтоби меҳр, сидқу вафо, ҳамдиливу пояндагӣ дар пеш и нтизор аст. Бовар дорем, ки риштаҳои дӯстии устувор ва халқи азиз дар фазои осмони беғубор умр ба сар мебаранд.
Зинда бод дӯстии байни миллатҳо!
Абдусабури Абдуваҳҳоб


: 138

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены