

ТАШРИФИ ОЛИМОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДОНИШКАДА
ТАШРИФИ ОЛИМОНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДОНИШКАДА
Имрӯз, санаи 8-уми апрели соли 2025 ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд як гуруҳ меҳмонон бо роҳбарии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Саидаҳрор Ғуломов ташриф оварданд.
Директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода меҳмононро ба ҳузур пазируфта, нахуст бо фаъолияти донишкада шинос намуда, доир ба зарурати боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои таълимии олӣ касбӣ, олимон ва мутахассисони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон изҳори андеша намуд.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар самти илму маориф байни кишварҳои дӯсту бародар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мулоқот дар фазои дӯстию бародарӣ анҷом пазируфт.
Шуъбаи кор бо ВАО