Санаҳои 17–18 апрели соли 2025 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мизбони як гурӯҳи бонуфузи олимону мутахассисон аз Ҷумҳурии Лаҳистон гардид. Ба ҳайати меҳмонон намояндагони донишгоҳу корхонаҳои пешрафтаи кишоварзии Лаҳистон шомил буданд, аз ҷумла:
• Krzysztof Ròżycki – узви Шӯрои директорони Green Crops,
• Daria Jankowska – директори шуъбаи қабули Green Crops,
• Ewa Mojsa – мудири захираҳои инсонии Green Crops,
• Rafal Gorski – муовини декан факултети муҳандисӣ ва иқтисоди Донишгоҳи Ignacy Moscicki,
• Marcin Niemiec – профессори Донишгоҳи кишоварзии Лаҳистон (Uniwersytet Rolniczy).
Дар доираи сафари мазкур рӯзи 17 апрел мулоқоти расмӣ бо директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо иштироки меҳмонон 18 апрел мастер-класси омӯзишӣ барои донишҷӯён ва устодони факултети муҳандисӣ-технологӣ баргузор гардид, ки таҷрибаи муосири Аврупо дар соҳаи муҳандисию аграриро фаро гирифт.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамкориҳо бо ширкатҳои Green Crops ва Донишгоҳи кишоварзии Лаҳистон (Uniwersytet Rolniczy) ҳанӯз дар оғози соли 2025 расман оғоз гардида буданд. Ҳамзамон, дар доираи ин шарикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то охири соли ҷорӣ то 20 нафар донишҷӯён ва устодони донишкада барои табодули академӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Лаҳистон сафар намоянд.
Шӯъбаи кор бо ВАО