Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ҳайати расмии Донишгоҳи миллии техникии Белорус (БНТУ) ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Меҳмононро директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот доир ба имконоти зешнӣ ва пойгоҳии донишкада маълумоти муфассал дода, роҷеъ ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мубодилаи академии донишҷӯён, таҳияи барномаҳои таҳсилотии муштарак ва анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ибрози андеша намуд.
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи Нақшаи якҷояи амалишавии Шартнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф барои солҳои 2023 – 2026 амалӣ гардида, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзида ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар афзалияти ҳамкориҳо бояд қарор гирад.
Ҳайати меҳмононро, ки муовини декани факултети ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии техникии Белорус (БНТУ) Олга Дашкевич ва декани факултети муҳандисию иқтисодии донишгоҳи номбурда, номзади илмҳои таърих, дотсент Игор Сервячинский намояндагӣ мекарданд, аз истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки Донишгоҳи миллии техникии Белорус ҳавасманди ҳамкориҳои дуҷониба мебошад ва дар оянда низ онро ба сатҳи сифатан баланд мебардоранд.
Шуъбаи кор бо ВАО