

ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ “МУСАВВИРИ БЕҲТАРИН” МУАЙЯН ШУДАНД
Дар доираи чорабиниҳои донишкадавии “Ҳафтаи илми тоҷик”, бахшида ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040” бо ташабусси кафедраи меъморӣ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд озмуни “Мусаввири беҳтарин” баргузор гардид.
Дар озмун донишҷӯёни курсҳои 1-4-уми ихтисоси меъморӣ ва кафедраи сохтмон ширкат варзидаанд. Иштирокчиён мусаввараҳои бо қаламу рангҳо эҷоднамудаи худро пешниҳод кардаанд.
Озмуни мазкур аз тарафи ҳакамон Гулрухсор Умарова, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ, Светлана Саидова, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ ва Холиқ Давлатов, намоянда аз бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, омӯзгори мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералӣ баҳогузорӣ гардида, ба иштирокчиён баҳои сазовор гузошта шуд.
Дар натиҷа, Нӯшофарин Абдухолиқова, донишҷӯи курси якуми ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ сазовори ҷойи якум, Томирис Ҷалилова, донишҷӯи курси якуми ихтисоси меъморӣ сазовори ҷойи дуюм ва Исммонҷон Исмонов, донишҷӯи курси якуми ихтисоси меъморӣ сазовори ҷойи сеюм гардидаанд.
Иштирокчиёни фаъоли озмун, аз ҷумла Нигора Неъматзода, Шаҳноза Самадова, Рухшона Собирова, Жасмин Тоҷибоева, Сабина Тошматова, Искандар Ӯрунов, Нозанин Турсунова ва Аниса Раҳимова барои эҷоди асарҳои пурмазмун ва ҷолиб бо Сипоснома директори донишкада қадрдонӣ шуданад.
Шуъбаи кор бо ВАО