

ДАВРИ ДОНИШКАДАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН –ВАТАНИ АЗИЗИ МАН БАРГУЗОР ШУД”
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» тадбирҳои мушаххас андешида шуда, даври донишкадавии он дар сатҳи баланд ташкил гардид.
Дар даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 30 нафар донишҷӯёни соҳибистеъдод аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, дизайн иштирок намуданд.
Ҳайати ҳакамон иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти тавсеа ва дастгирии истеъдоду ҳунарро амали саривақтӣ дониста, ба ҳунару малакаи ҷавонон баҳои воқеӣ доданд.
Таъкид шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик равона гардида, тайи ҳафт сол аст, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.
Ҳамин тавр, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон ғолибон муайян гардиданд.
Абдуқаюм Умаров, донишҷӯи курси 1, ихтисоси технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонот, Нозанин Раҷабова, донишҷӯи курси 1 ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ Самира Солеҳзода,донишҷӯи курси якум ихтисоси молия ва қарз дар номинатсияи сарояндагӣ аз руйи жанрҳои анъанавӣ ва эстрада мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар номинатсияи санъати тасвирӣ Умарҷон Тӯхтаев, донишҷӯи курси 1 ихтисоси меъморӣ ҷойи якум, Улуғбек Бобоев, донишҷӯи курси ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ҷойи дуюм ва Сарвиноз Абдухолиқова, донишҷӯи курси 1, меъморӣ зинаи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар номинатсияи дизайн Зӯҳрохон Мирзобобоева, донишҷӯи курси 3 ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, Сарвиноз Халимова донишҷӯи курси 2 ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ аз рӯйи равияи мӯд ва Динара Байзакова, донишҷӯи курси 2 ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ аз рӯйи равияи маҳсулоти бадеӣ аз метал мақомҳои ифтихориро гирифтанд.
Ба ғолибону иштирокдорони чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ Дипломҳои дараҷавӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати донишкада, ба иштирокчиёни боқимонда ҷиҳати иштироки фаъолона Сипоснома супорида шуд.
Ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ маҳоратиу истеъдоди хешро дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» месанҷанд.
Муфассал: https://www.facebook.com/share/p/16JrVBA1AD/
Шуъбаи кор бо ВАО