

ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Дар Донишгоҳи Гарвард (ИМА) конференсияи байналмилалилии Boston Area Language Pedagogy Conference баргузор гардид, ки дар он устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуд.
Дар ҳамоиш омӯзгори калони кафедраи забонҳои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Парвина Исломова иштирок намуда, дар педагогикаи таълими забон маърӯза илмӣ намуд.
Мавсуф дар маърӯзааш аз ҷумла таъкид намудааст, ки далели маъмул, ки самаранокии ҷараёни таълим тавассути методикаи таълим муайян карда мешавад, оммафаҳм гаштааст. Истифодаи васеъи усулҳои ягона ва майли пурра ба назорати хаттии азхудкунии фанҳои таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён нақши омўзгорро дар раванди бевоситаи таълим коҳиш дода истодааст. Зимнан, сатҳи омодагӣ ва самаранокии таълим бевосита ба ҳамкории пайванди омӯзгору шогирд вобаста аст. Муҳимияти методика дар он ифода мегардад, ки дар асоси қолабҳои омўхташудаи таълим, он натанҳо воситаҳо, усулҳо ва шаклҳои ташкилии раванди таълимро таҳия мекунад, балки талаботҳои нормативии фаъолияти омўзгорро низ муайян мекунад.
Метавон гуфт, ки иштироки омӯзгори калони кафедраи забонҳои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Парвина Исломова имкони муаррифии таҷрибаи тоҷикӣ дар таълими забон ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам меоварад.
Шуъбаи кор бо ВАО