

НАМОИШИ МУСАВВАРАҲО: ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иқдоми донишҷӯдухтарони ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ бо роҳбарии номзади илмҳои саънатшиносӣ, омӯзгори калони кафедраи меъморӣ Гулрухсор Умарова намоиши мусаввараҳои либоси миллиро ташкил намудаанд. Намоиш мазкур дар чорчӯбаи аксияи “Тоҷикона мепӯшем” роҳандозӣ гардид.
Дар намоиш зиёда аз 20 мусаввараҳои бонувон бо либоси миллии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нишон дода шуд. Мусаввараҳо дар мавзӯҳои гуногун пешниҳод карда шуданд, аз ҷумла маликаи шарқ, духтари тоҷик, сири рӯймоли кабуд, ҳақиқати хомӯшӣ, духтари Помир, меҳри модар, шохзодаи биёбонҳо, атласи тоҷик, сири либоси тоҷик ва ғайраҳо.
Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузор намудани иқдоми мазкур ин арҷ гузоштан ба фарҳанг ва либоси миллӣ, тарбия намудани ҳисси зебопарастӣ дар ниҳоди ҷавондухтарон, баланд бардоштани шавқу ҳаваси онҳо ба либоси миллӣ, ҳамчунин пешгирӣ намудан аз фарҳанги бегона мебошад. Давлатҳое ҳастанд, ки либосашон ягон нишонаи фарқкунандаи миллӣ надорад. Мояи ифтихори мо, тоҷикон аст, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастему нақшу нигори миллӣ, тахаюли созандаю рангинамон дар либоси мо инъикос ёфтааст. Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқу миллат дар худ таҷассум менамояд, василаи муҳими нигоҳдошти он ба ҳисоб меравад. Ҳар як нафаре, ки ба дараҷаи худшиносӣ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам нанг аст.
Шуъбаи кор бо ВАО