• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ДАВРИ ДОНИШКАДАВИИ ОЗМУНИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» БАРГУЗОР ШУД
 Новости
ДАВРИ ДОНИШКАДАВИИ ОЗМУНИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» БАРГУЗОР ШУД

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешои миллат» баргузор шуд.
Бояд қайд намуд, ки озмун дар ду давра гузаронида шуд: факултетӣ ва донишкадавӣ. Дар умум, дар озмун зиёда аз 100 нафар донишҷӯён иштирок карданд, ки аз онҳо 7 нафар донишҷӯён аз чор факултети донишкада ба даври донишкадавӣ роҳхат гирифтанд. Озмун дар асоси саволҳои пешакӣ тартибдодашуда оид ба ҳаёту фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳояшон гузаронида шуд.
Дар натиҷаи санҷиш муқаррар гардид, ки донишҷӯи курси 2 ихтисоси технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонот Билол Воҳидов дониши хуб нишон дода, соҳиби 9 хол, донишҷӯи курси 3 ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ Абдураҳим Раупов соҳиби 8 хол ва донишҷӯи курси 2 ихтисоси таълими касбӣ (аз рӯи самтҳо) Ҷамшед Ғайбуллозода соҳиби 7 хол гашта, мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ноил шуданд.
Ғолибони даври донишкадавӣ дар бораи ҳаёту фаъолияти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳояшон дониши фасеҳ дошта, ҳисси масъулиятшиносию худогоҳии миллӣ ва дараҷаи маърифати сиёсии худро намоиш доданд. Дар тайёрӣ ва гузаронидани даври донишкадавии озмун кормандони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ ва кормандони китобхона саҳми фаъоли худро гузоштанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад.
Шуъбаи кор бо ВАО


: 2

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 03.07.2025
ҲАМОИШ: ИСТИҚЛОЛУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МАФҲУМҲОИ БАРОБАРАРЗИШ МЕБОШАНД
Новости
  • 03.07.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены