

МАҚОМҲОИ ИФТИХОРИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ
Субҳи имрўз дар қатори дигар муассисаҳои олии вилоят, ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар маъракаи васеи Дави миллӣ ва марафони воледсипедронӣ, ки дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғози Дави миллӣ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ ба ҷисму рўҳи инсон нерўи нав мебахшад. Шуғл варзидан ба варзиш асоси комёбиҳо ва гарави асосии саломатии инсон аст. Мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад.
Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз даромадгоҳи хиёбони Раҳим Ҷалил оғоз гардида, иштирокчиён тариқи ин хиёбон ва ба воситаи кўчаи Султон Умаров, купрўки нав ва хиёбони Раҳмон Набиев то майдони назди Парчами миллӣ миёни ҳам сабқат намуданд.
Ҳамчунин дар ин масир марафони велосипедронон низ сурат гирифт, ки дар он беш аз 1000 нафар иштирок доштанд.
Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи донишкада Рӯзибек Эргашев дар Дави миллӣ мақоми сеюмро ба даст овард. Ҳамчунин дар марафони велосипедронӣ Муродбек Каримбердиев низ зинаю сеюмро соҳиб шуд. Дар қатори дигар муассисаҳои олӣ, раёсати ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои иштироки фаъолона дар Дави миллӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии Раиси вилояти Суғд қадршиносӣ гардид.
Шуъбаи кор бо ВАО