

АМАЛИЯ: “АРЗЁБИИ ИҚТИСОДИИ ИСТИФОДАИ IT ДАР ЛОГИСТИКА”
Санаи 18-уми сентябри соли 2025, дар мавзӯи "Арзёбии иқтисодии истифодаи IT дар логистика" дар доираи фанни иқтисодиёт ва технологияҳои рақамӣ дар логистика бо гурӯҳи донишҷӯёни курси 4, ихтисоси логистика, бо ҳамроҳии омӯзгори фан н.и.и., Шаҳзода Муъминова дар филиали кафедра дар ҶДММ “Молия Гуруҳ” машғулияти амалӣ гузаронида шуд.
Донишҷӯён бо муҳит ва равандҳои кории ташкилот шинос шуданд. Мутахассиси корхона барномаи shamCRM-ро муаррифӣ намуда, нозукиҳо ва афзалиятҳои истифодаи он дар идоракунии равандҳои логистикӣ шарҳ дод.
Мавзӯи интихобшуда дорои аҳамияти баланди назариявӣ ва амалӣ буда, ба талаботи замони муосир ва рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи логистика ҷавобгӯ мебошад. Таъкид шуд, ки дар шароити рақобати бозорӣ ва зарурати оптимизатсияи равандҳои логистикӣ, истифодаи ҳалли рақамӣ, аз ҷумла барномаҳои идоракунии равандҳо, нақши калидӣ мебозад
Бояд зикр намуд, ки ин иқдом дар партави эълон шудани соли 2025 ҳамчун "Соли рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсия" роҳандозӣ гардида, ташкили чунин машғулиятҳои амалӣ на танҳо ба таҳкими дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён мусоидат мекунад, балки ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир низ муносиб аст.
Сипас, саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва мутахассис баргузор гардид, ки дар он шароити мусоид барои таҳкими малакаҳои касбӣ фароҳам оварда шуд.
Ин ташриф ба донишҷӯён имконият дод, ки донишҳои назариявии худро бо таҷрибаи амалӣ пайваст намуда, фаҳмиши амиқтар аз истифодаи технологияҳои рақамӣ дар логистика пайдо кунанд.
Шуъбаи кор бо ВАО