БАЙНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ВА ДОНИШГОҲИ ЛИФТИ КОРЕЯ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД
Санаи 31-уми октябри соли 2025 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими имзои ёддошти тафоҳум байни Донишкада ва Донишгоҳи лифти Корея баргузор гардид.
Санади мазкур ба рушди муносибатҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея равона гардида, заминаи устувор барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак фароҳам меорад. Мақсади асосии он рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҷалби донишҷӯёни нав, амалигардонии барномаҳои табодули донишҷӯён, таъсиси курсҳои забони кореягӣ, ҳамчунин таъсиси Маркази таълимии лифтсозӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Пас аз маросими имзо, намояндагони Донишгоҳи лифти Корея бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот доир намуда, дар бораи донишгоҳи худ, раванди таҳсил, барномаҳои таълимӣ, имкониятҳои таҳсил ва дурнамои шуғли хатмкунандагон маълумот пешниҳод карданд.
Маркази байналмилалӣ
ва идораи лоиҳаҳо