ДОНИШКАДА АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МЕГУЗАРАД
Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 18-20-уми феврали соли 2026 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои 3 ихтисоси донишкада аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида мешавад.
Аккредитатсия аз ҷониби Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ оид ба аккредитатсияи таълим, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир аст, гузаронида мешавад.
Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ оид ба аккредитатсияи таълим, фаъолияти худро барои қонеъ кардани ниёзҳои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор - ҳам донишҷӯён, волидони онҳо, кормандони илмӣ ва ташкилотҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва умуман, корфармоён равона мекунад. Стандартҳои аккредитатсияи Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ оид ба аккредитатсияи таълим, мутобиқи «Стандартҳо ва дастурамал оид ба кафолати сифат дар минтақаи аврупоии таҳсилоти олӣ ENQA, INQAAHE, EQAR» таҳия шудаанд ва барои таъмини кафолати дохилии сифати муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд. Тартиби аккредитатсия, инчунин меъёрҳои давлатӣ ва стандартҳои байналмилалиро ба инобат мегирад.
Дар раванди аккредитатсия коршиносон раванди таълим, корҳои илмиву тадқиқотӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, вазъи моддиву техникии раванди таълим, фаъолияти хоҷагидорӣ ва вазъи биноҳои таълимиву хобгоҳҳоро мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аккредитатсияи байналмилали сифати муассисаи таълимиро мувофиқи мақоми эълоншуда арзёбӣ ва фаъолияти илмии муассисаи таълимӣ баҳогузорӣ карда мешавад.
Ҳадафи ин агентии мустақил мусоидат ба баланд бардоштани сифати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, рақобатпазирии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тавассути рушди сифат мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО