• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ҒОЛИБИЯТИ 3 НАФАР ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
 ҒОЛИБИЯТИ 3 НАФАР ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
ҒОЛИБИЯТИ 3 НАФАР ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

1 ноябри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, муовинони вазири маориф ва илм, дигар намояндагони расмӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, олимону устодони донишгоҳ, довталабону иштирокчиёни озмун ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ин озмуни умумиҷумҳуриявӣ 3 нафар донишҷӯёни донишкада мақомҳои ифтихориро ба даст оварда, соҳиби диплом ва маблағҳои пули гардиданд.
Ҳамин тавр, Билол Бобозода донишҷӯи соли чоруми ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ аз рӯйи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ-ҷойи 2-юм, Нозанин Ҳакимова донишҷӯйи курси 3, ихтисоси таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ дар номинатсияи Технологияи иттилоотӣ мақоми 2-юм, Самандар Самандаров, донишҷӯи курси 3, ихтисоси зеҳни сунъӣ дар номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ зинаи дуюмро ба даст оварданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, табрик намуда, таъкид кард, ки ин иқдоми арзандаи Пешвои муаззами миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод ва таҳқиқи илмҳои дақиқ табдил ёфтааст.
Қайд гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Раёсати донишкада донишҷӯёни ғолиб ва раҳбаронашонро бо ин дастоварди шоён самимона таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназирро орзуманд аст.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 13

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 02.11.2025
ҒОЛИБИЯТИ 3 НАФАР ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
ҒОЛИБИЯТИ 3 НАФАР ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
  • 01.11.2025
Ҳашарҳои дастҷамъона дар донишкада
Ҳашарҳои дастҷамъона дар донишкада

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены