• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2025
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ТАМОШОИ САРҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ДОНИШКАДА
 ТАМОШОИ САРҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ДОНИШКАДА
ТАМОШОИ САРҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз устодону донишҷӯёни донишкада Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро сарҷамъона тамошо карданд.
Дар толори асосии донишкада бо иштироки кормандони раёсати донишкада, омӯзгорони собиқадор ва донишҷӯёни фаъол Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ мустақиман тамошо карда шуд.
Ҳамчунин роҳандозии ин тадбир дар толорҳои лексионӣ, синфхонаҳо, китобхонаҳои донишкада бо донишҷӯёни факултети энергетика, факултети сохтмон ва нақлиёт, донишҷӯёни факултети муҳандисӣ-технологӣ воқеъ дар бинои Ҳаким Карим ва донишҷӯёни факултети технологияҳои рақамӣ воқеъ дар маҳаллаи 30-ум бо роҳбарии декани факултетҳо, ноибони декан ва омӯзгорони дарсдиҳанда баргузор гардид.
Тавре дар Паёми худ Президенти мамлакат зикр намуданд: “Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад”.
Таъкид шуд, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Аз ироаи Паёми навбатӣ устодону донишҷӯёни донишкада изҳори хушҳолӣ намуда, ин раҳнаморо сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд. Дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи илму маориф эҳсос мегардад ва рушди соҳаҳои дигари хоҷагии халқ аз ин соҳаи муҳим вобастагии амиқ дорад.
Ҷомеаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо таваҷҷуҳ ба ҳар нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тасмим гирифтанд, ки дар асоси ин ҳуҷҷати барномавӣ нақшаи кории худро таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру нишондодҳои навбатии Пешвои миллат, ки моро ба ҳифзу таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, фатҳи уфуқҳои нави рушд ва саодати миллӣ ҳидоят мекунанд, саҳми шоиста гузоранд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 22

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 25.12.2025
ОЗМУНИ «ТЕХНОЛОГИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2025» БАРГУЗОР ШУД
ОЗМУНИ «ТЕХНОЛОГИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2025» БАРГУЗОР ШУД
  • 23.12.2025
ПАЁМ: ИҚТИСОДИ САБЗ-АСОСИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
ПАЁМ: ИҚТИСОДИ САБЗ-АСОСИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены