ВИЖАГИҲОИ АНҶУМАНИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ
Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Хуҷанд доир шуд, дар роҳи қатъ ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва бақои миллати тоҷик саҳм гузошт. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навро ташаккул ва тақвият дода, тамоми монеаҳо ва саддҳои дорои хусусияти ғоявию сиёсиро бартараф намуда, ба эҳёи фарҳангию таърихии халқ ва мамлакат оғоз бахшид.
Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон Пешвои муваффақи сиёсиро пайдо кард, ки мамлакатро дар ҷодаи инкишоф ва демократия пеш бурда тавонист, Пешвое, ки дар ҷомеаи мо сулҳу осудагиро таъмин карда, обрӯи Ватанро дар саросари ҷаҳон афзун намуд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба халқ ва давлат роҳбари сазовору нотакрорро эҳдокард;
- пеши роҳи хатари нобудии халқу миллатро гирифт;
- оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт;
- сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор сохт;
- заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузопгг;
- ба ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат оғоз бахшида, барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуд;
- Парчам ва Нишони давлатро ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ намуд;
- имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имконпазир гардонид;
- ба ваҳдати миллӣ замина гузошт;
- дар мамлакат ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид;
- симои сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Бо ин натиҷаҳо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун воқеаи беназири миллат ба ҳукми таърих даромад. Таърих собит намуд, ки маҳз ҳамин анҷумани саодату сарнавиштсоз ва наҷотбахш дар тақдири халқу миллати мо, дар раванди хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ такони бузург гардид. Дар ин роҳ саҳми Эмомалӣ Раҳмон – сарвари давлат, ки дар ин иҷлосия интихоб гардид, хеле бузург аст. Хираду заковати фитрати сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ хидмати босазо кард. Месазад, ки наслҳои имрӯзу ояндаи мо аз самараҳои ин иҷлосияи таърихӣ бархурдор бошанд.
Ҳамагон огоҳанд, ки дар ҷанги бародаркуш зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро талаф дод, 55 ҳазор кӯдак ятиму 25 ҳазор зан бесаробон монд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати даҳумин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2002 гуфта буданд: “Он чӣ буд, гузашт ва ҳадафи мо маломати касе ҳам нест. Мо бояд аз гузашта, алалхусус, аз гузаштаи пурфоҷиа, сабақҳои пандомез гирем, то ин ки ба такрори хатоҳои пешина роҳ надиҳем. Фаромӯш набояд кард: он захмҳое, ки бо дастони худ расонида мешаванд, одатан дер шифо меёбанд”.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун анҷумани саодати миллат, наҷотбахши халқ, иҷлосияи тақдирсозу сарнавиштсоз ва давронсоз қайд намуда, аҳамияти таърихӣ-ҷумҳуриявӣ ва байналмиллии онро метавон ба тариқи зайл ифода кард:
- Иҷлосияи сарнавиштсоз ба майдони сиёсат фарзанди шоиста ва фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро овард. Ҳукумати қонунӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба сари қудрат омад, тавонист таҳти сарварии ӯ дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор созад, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷиронро ба Ватан баргардонад;
- маҳз Иҷлосияи сарнавиштсоз ба фаъолияти қонунгузории нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Ба шарофати он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва бо мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд;
- саҳми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар бобати муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат дар таърихи тоҷикон беназир аст. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва парламенти кишвар, ҳамчунин хирадмандии мардуми баору номуси тоҷик натиҷаи дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 июли соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид;
Ин воқеаи тақдирсоз имконият фароҳам овард, ки мо ба раванди барқарорсозии шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият ва сохтори давлатӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани иқтисодиёт ва эҷоди санадҳои қонунии давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шурӯъ намоем.
Воқеан ҳам ин анҷумани наҷотбахш ва тақдирсози миллат дар раванди давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бениҳоят бузург дорад. Маҳз ҳамин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тавонист анҷумани тақдирсозу созанда гашта, тоҷи давлатдориро дар сари тоҷик назаррабову давлаташро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд. Танҳо ҳамин Иҷлосия тавонист омили муҳими таҳкимбахшандаи сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Ниҳоят, ин анҷумани XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулпазирию башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит намояд.
Раҳимҷон Зокирзода,
устоди ДП ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд