Вазъияти ҳассоси сиёсии ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки ҳар як миллат ба хотири дифоъ аз марзу бум ва сокинонаш барои ангезиш наёфтани ҷараёнҳои зиддидавлатӣ мубориза барад. Махсусан он кишварҳое, ки чунин рӯзи сиёҳ ва наҳсро паси сар намудаанд, дар ин росто бояд ҳушёру зирак бошанд. Тоҷикистон оғози истиқлолияти хешро бо ҷурми чанде аз мансбхоҳони ҷоҳталабон бо ҷанги бародаркуш оғоз намуд, ки ин ҳодисаи нангин дар хотираи таърих хохад монд. Аммо корнамоҳою ҷоннисориҳои фарзандонаи фарзонаи миллат дар такя ба нерӯи боэътимоди халқ низ ҷовидона хоҳад монд. Мо имрӯз бо корномаҳои шахсиятҳои варзидаи ҳукумати муосир, ки дар саргаҳи он   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ифтихор дорем.   

Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар шахсиятҳое  пайдо шуда истодаанд, ки  боистифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири манфиатҳои шахсони беруна оташи ҷангу ҳусуматро дубора аланга додан мехоҳанд.  Яке аз рақибони заифи Ҳукумати имрӯза  Ҳизби мамнуъи наҳзати исломии мебошад, ки пас аз шикасти худ дар интихоби охирон мехоҳад бо дасисаву иғво тарафдорони худро дар дохил ва хориҷи кишвар зиёд намояд.  Аксарияти нафарони бедору ҳушёр, ки бо барномарезиҳои ин ҳизб ошно аст, медонад,  ки ин ҳизб тӯли 40 соли арзи мавҷудияташ танҳо инсонҳоро ба тафриқа андохтаву оташи бадбиниро байни ҳамдигар меафрӯхт. Мардуми шарафманди тоҷик сидқан боварӣ ҳосил намуд, ки ин ҳама бозиҳои ҳизбӣ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ ва ҷоҳу мансаб будааст. Ин гурӯҳ то ба имрӯз аз мақсаду нақшаҳои иғвогаронаи худ даст накашидаву таҳти роҳбарии саркардагонашон дар ба дари ташкилотҳои байналхалқӣ ҳукумату миллати тоҷикро санги туҳмату маломат мезананд. Пас аз он, ки мардум дигар ба суханони «намакин»-и онҳо бовар намекардагӣ шуд, ба хотири эътимоду боварии мардум бо ҷалби як зумра «равшанфикрон» гурӯҳи наверо бо номи «Озодандешагон» таъсис дод.  Ва ин гурӯҳии «босаводон» имрӯз бо истифода аз расонаҳои электронии олам мехоҳанд бо дурӯғу бӯҳтон ба сари давлати тоҷикон санг заданӣ мешаванд. Онҳо як рисолат доранд, ин ҳам бошад ноооромии кишвари мо ва табадуллоти давлатӣ. Аммо ин нафарон ва хоҷагони онҳо бехабаранд, ки имрӯз мардуми маърифтпарвар ба қадри сулҳу оштӣ, ваҳдату ягонагӣ мерасад. Ва намегузорад, ки нохалафе ба хотири мнфиатҳои худ ҷомеаро ноором созад.

Воқеан ҳам сол то сол сатҳи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандонамон боло меравад. Имрӯз дар қиёс ба даҳ соли пешин шумораи ҷавонони рӯ ба мактабҳои олии кишвар ва хориҷа ниҳода ба маротиб зиёд гардидааст. Ҳатто он волидоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, аз Вазорати маориф ва илми кишвар дархост намуда истодаанд, ки дарсҳои мустақим,  маҷлиси падару модаронро тариқи интернет ташкил намоянд, то онҳо аз рафти дарсгузарии фарзандон аз наздик огоҳии комил дошта бошанд. Ин нишонаи он аст, ки имрӯз мафкураи мардум баланд шудааст. Дигар шаҳрвандон аз вазъи пасти зиндагӣ шиква намекунанд, балки ғами ояндаи фарзандонашонро фикр мекунанд.

Мо бар ин боварем,  ки халқи тоҷик, дастовардҳои меҳнатиро боз ҳам афзунтар намуда, барои пойдории ҷовидонаи сулҳу субот ва оромии кишвари соҳибистиқлоламон аз пештар бештар саҳм хоҳанд гузошт. Ва ба чунин носипосон ҷавоби саривақти ва сареъ хоҳанд дод.

 

 Дилрабо Комилова, Руслан Бобохоҷаев, устодони кафедраи технологияи хӯрока

Дар ҳоле, ки ҷаҳони муосир аз кашфиёту ихтирооти бемислу монанд тавассути расонаҳои хабарии олам баҳсу мунозираҳо ороянд, чанд «равшанназарону равшанзамирон»-и гурезаи тоҷик дар хориҷи кишвар бо баргузории як ҳамоиши мазҳакаомез  гӯиё «инқилобе» дар ҷамъияти кунунии кишвар карданианд. Ин нафарон, ки ба гуфти худашон «камбудиҳои ҷомеаи кишварро  таҳаммул  карда натавонистанд» мехоҳанд, ба даври худ сиёсатмадорону олимони даврро кашанд. Ва бо ҳамин баҳона вазъи сиёсии кишварро муташанниҷ намуда, табадуллотеро ҷорӣ намоянд. Ин нақшаю орзуҳои онҳо аз афсонае беш нест. Зеро ки дар кишвари мо ба ҷузъ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар тӯдакаше нест. Ва мардуми болиданазар ва саодатгуҳар танҳо ба нафаре эътимоду боварӣ доранд, ки амалан корашро нишон диҳад. Таҷрибаи талхи аввали солҳои навадум, иқтисодиёт ва сиёсати ба рукуд рафта сабақи хуби таърихие хоҳад буд, барои ҳар яки воқеан равшанзамир. 

Имрӯз Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо пешрав аст. Дар мисоли назари хосса ва таваҷӯҳ ба ҷавонони ба истилоҳ рақамӣ танҳо ҳамин нуктаро метавон ёдрас намуд, ки имрӯз дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои роҳандозии Ҳукумати электронӣ ҳамагуна шароитҳо муҳайё аст. Барои ҷавонони навовари соҳиблаёқат бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  кишвар озмуни беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис ёфта, ҳамасола беҳтарин барномасозон гирандаи ин ҷоиза мегарданд. Ҳамчунин Вазорати маориф ва илми кишвар низ дар доираи озмуни лоиҳаи инноватсионӣ барои беҳтарин олимони ҷавон тӯҳфаҳо медиҳад.

Дар донишкадаи мо низ барои рушд ва пешрафти технологияи иттилоотӣ ва дар ин замина огоҳии комил ёфтани ҷавонон аз навигариҳои илму техника воситаҳои хуби омӯзишӣ фароҳам оварда шудааст. Мо устодони донишкада мекӯшем, ки шогирдони мо аз маънавиёт ва сиёсат огаҳ бошанд. Рақибони сиёсии мо тариқи расонаҳои хабарӣ ҷор мезананд, ки кишвар рӯ ба «таназзул» ниҳодааст, аммо онҳо боре ҳам зикр намекунанд, ки замоне бинобар паст будани вазъи иҷтимоӣ сафи донишҷӯён дар мактабҳои олӣ кам буд. Ҳоло дар 39 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар беш аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсили илм доранд. Ва аксари ин донишҷӯён таҳсилдидаи имрӯзи мактабу маориф ҳастанд. Онҳо такягоҳ ва нерӯи солими миллатанд. Пайравони Пешвои миллат ва ҷоннисорони ин миллати куҳанбунёд мебошанд. Мафкураи моро ягон қувваи аҳриманӣ дигар карда наметавонад.

Пас ба олимони кундзеҳн гуфтанием: «Зӯри беҳуда миён мешиканад.

Хуршед Худойбердиев, Одилхӯҷа Солиев, устодони кафедараи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ  

Дини мубини ислом аз ҳамон вақте ки миёни омма роиҷ шуд, то кунун душманони зиёде дошту дорад ва бадбахтиаш он аст, ки душманон дар либоси исломӣ бар зиди дини мубини ислом мубориза мебаран.Азбаски ин дин ваҳдат, адолат, садоқат, назофат ва саломатии руҳу танро талқин менамуд, муътақидони зиёдро пайдо кард. Аммо хусумат дар вуҷуди як гурӯҳ мардуми ҷоҳил ва золим ниҳон буду неш задан мехостанд. Диданд, ки муқобилат бефоида аст, дар ниқоби дин таблиғи ниятҳои нопок ва ғаразноки хешро оғоз карданд. Имрӯзҳо ин мазҳабҳои номатлуб чун «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Бародарон» ва ғайра байни мардум маълуманду  сад афсӯс, ки аксари ҷавонон ба он гаравида мешаванд. Хусусан, ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистии ташкилоти Ҳизби наҳзати ислом боиси маҳкум аст. Зеро эшон дар ниқоби дин ҳадафҳои хусуматомезу таҳрифгаронаашонро мехостанд амалӣ созанд. Ҷавононе ки асли дин ва таърихи онро намедонистанд, бо якчанд суҳбат пайрави онҳо мешуданд. Охир, «Ад-дину назифатун» гуфта мешавад, ки маънояш дин покизагист. Шахси муъмин набояд ҷангу ҷидолу хусумат варзад, ё хуни бародари худро резад, оромӣ ва осудагиро халалдор намояд, ки ин ҳама ҳаром аст. Дар ҳама кутуби муқаддас ва ниёкон ҳурмати ҳокими давр таъкид мегардад. Сарвари кишвар сояи Худоро дар замин монад ва итоату ҳимояти сиёсати ӯ шарти аввалин аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаи ба арсаи сиёсат қадам заданашон бо як ҷонфидоии ҷавонмардона баҳри оромӣ ва ваҳдат кӯшиданд. Бо сарварии эшон ба чандин дастоварди бузург ноил шудем, Тоҷикистон қомат рост кард, шукуфон гашт, қалбҳои мардум шоду умед ба ояндаи нек пайдо гардид. Акнун намехоҳем, ки ин оромии бо хуни дил бунёдкарда халалдор шавад. Мазҳабгарӣ ва тафриқаандозӣ аз азал падидаи зараровар маҳсуб ёфта, ҳанӯз паёмбари ислом умматони хешро ҳушдор мекарданд, ки дар ҷамъият ақидаҳои нодуруст ва бе асноди худро паҳн накунанд ва пароканда насозанд. Дар яке аз аҳодиси Муҳаммад (а) омадааст: «Мехоҳед ки шуморо аз амали беҳтар аз рӯза ва беҳтар аз эҳсон ва намоз огоҳ намоям? Эҷоди сулҳ байни ду  тан». Агар ки чунин аст, чаро байни ҷомеа тафриқаву  ҷудоӣ меандозанд, магар Қуръон ва аҳодиси паёмбар дастури эшон нест? Пас, ин тоифа мардум душмани ислом ҳастанд ва набояд муъмин хонда шаванд.

Худ қазоват кунед, ки аз замони истиқлолият то имрӯз бо ибтикори Сарвари кишвар чи қадар ободкориҳо  дар самти иқтисоду сиёсату фарҳанг ба субут расиданд. Соли 2009 -  Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардидан ва чоп гардидани тарҷумаи Қуръони карим ва якчанд китобҳои судманд аз ҳадяҳои бузурги Президенти кишвар ба аҳли кишвар ва тамоми мусулмонон мебошад. Бояд ҳамаи мо баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои неки стратегии кишвар қувваи худро равона кунем, нагузорем, ки ваҳдату ягонагии мамлакат вайрон гардад.

Рисолати муҳими мо - зиёиён, пеш аз ҳама  на балки тарбияи мутахассисони кордон, инчунин дар сиришти толибилмон ҷо намудани ғояҳои инсондӯстӣ, меҳнатқаринӣ, меҳанпарварӣ мебошад. Танҳо сипари дониш ва маърифати баланду ҳуввияти миллӣ метавонад аз ҳар гуна  ҳуҷумҳои ғаразнок ҷавононро нигаҳ дорад. Пас, биёед,  кӯшем то  баҳор оварем ва сармои аҳзоби ғараздорро ба дуриҳо андозем ва даст ба кори неку солимии ҷомеа пайкор биварзем.

 

Мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои  иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай­нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ , номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро  танзим  менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терро­ризм ва экстремизм мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терро­ризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯи умумидавлатии  муқовимат анҷом дода шавад. Хоссатан, ҳар як шаҳрванд аз мақсаду мароми ҲНИ, ки чун ҳизби террористиву экстремистӣ эътироф шудааст, огаҳ бошанд ва ба навиштаҳои онҳо посухӣ воқеӣ диҳанд.

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст  ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солимӣ ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияви маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Мо устодонро мебояд, ки ба шогирдон ба дурустӣ фаҳмонем, ки ин ҷараёну қувваҳо танҳо барои ҳифзи манфиатҳои шахсони алоҳида нигаронида шудааст ва оқибатҳои нанговар дорад.

 

Хайринисо Темирова, Муътабар Ғозиева, номзадони илми ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

 

Баргузории ҳамоиши тоҷикони берунмарзӣ, ки ба тоҷик гуфтани онҳо даҳон намеравад, бори дигар то кадом андоза бахилу нодидагирии ба қавле опозинсиони тоҷик дарак медиҳад. Воизону муаббирони наҳзатӣ шурӯъ аз Кабирӣ, баъдан Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов ва даҳҳои дигар  аз олимтарошиву овардани мисолҳои бардурӯғ шарм накарда, рӯирост бар зидди давлат ва Ҳукумат тӯҳмати ноҳақ мезананд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта кори дасти наҳзатиён нест, аммо воқеияти ҳол нишон дод, ки Кабирӣ бо ҷамъи ёронаш бо фармоиши хоҷагони беруниаш ва маблағҳои ҳангуфт мехостанд дар кишвар табадуллоти давлатӣ барпо кунанд, магар ин исботи гуфтаҳои болоӣ нест. Ягон қувва ва ирода наметавонад  ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони кишварро нақз намояд. Намедонам аз кадом сарчашма гирифтаанд, ки мақомоти низомии кишвар ба оилаҳои роҳбарони ин ҳизб ҷабру ситам мекунанд. Ҷоҳилият дар зиндонҳои кишвар ҳукмфармо аст.  Ин ҳама дурӯғи маҳз буда, баръакс  аз ин нафарон хоҳиш карда шуд, ки ба ҳаёти солим баргарданд ва зиндагиро бо чашми ҳақбин нигоҳ кунанд. Замоне аъзои ин ҳизб будан ҳеҷ маънои душмани халқу давлат буданро надорад. Чунки тавре аз мушоҳидаҳо ва назарпурсиҳо бармеояд, аксари аъзои ҲНИ он нафароне ки худ намедонанд, ки шомили ин ҳизб ҳастанд.

Ҷомеаи имрӯзаи мо ҷомеаи ободу озод аст. Касе ки қонунҳои кишварро риоя мекунад, ӯ зиндагии осудаҳолона дорад. Ба рӯяш мактабу масҷидҳо кушодааст. Хонад, маърифатнок шавад. Онҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат интиқод карда, чунин болоназар будани Сарвари муаззами кишварро чашми дидан надоранд. Чашми ҳасуд кӯр аст. Магар роҳбари давлат сазовори чунин баҳо нест, дар ҳоле ки миллат ба ҳадди нестӣ мерасид, маҳз ӯ ҷон ба каф гирифт ва масулияти дирӯзу имрӯзи кишварро бар дӯш гирифт. Мулкро тинҷ кард, кинву кудуратро аз дили размандагон берун сохт ба гузашта салавот гуфт. Бо гузашти беш аз 27 сол танҳо барои ободӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум кӯшиш варзид. Халқи тоҷикро ба оламиён чун миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофар муаррифӣ кард. Халқ худ ӯро ҳомӣ ва пешвои худ интихоб кард. Ботини Сарвари давлат, ки пок аст ҳамвора кишварамон пеш меравад.

Мо имрӯз ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар  ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем.  Ва ин ҳама ободиро аз самараи меҳнати ҳалол ва тинҷиву оромии кишвар дида истодаем.

Мо фарзандони содиқи Ватанем ва ҳаргиз намегузорем, ки идеяи бегона мафкураи моро пойбанди ифротгароӣ гардонад. Зеро фардои ин миллат бо Сарвари оқилу донояш дурахшон аст.

Ҷамшед Мирсаидов, сардори бахши кор бо ҷавонони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Тоҷикистони озоду обод, ки дар минтақаи Осиёи Миёна аз лиҳози геополтикӣ мавқеи устуворро касб кардааст, пайваста дар мадди назари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ қарор дорад. Азбаски имрӯз давлат қудрату тавононои ҳифзи марзу бумро дорад, хоҷагони беруна мехоҳанд авзои сиёсии кишварро аз дарун вайрон созанд. Мақсади ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон, ки алҳол «бозича»-и давлатҳои исломӣ ҳастанд, маҳз ҳамин аст. Аз ин хотир онҳо як гуруҳ ҷавонон, рӯзноманигорони тоҷики муқими давлатҳои аврупоро ба даври худ кашида бо додани дастмояҳо барои сиёҳ кардани Тоҷикистон кӯшиш варзида истодаанд. Аммо тирашон ҳамвора хок мехӯрад. Зеро ҳизбе, ки пояи устувор, аъзои содиқ надорад, шикаст мехӯрад. ҲНИ ҳизбе аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ мекӯшид манфиатҳои шахсии худро боло мегузоштанд. Онҳо замони Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ танҳо дар он сурат ба сулҳи бебозгашт имзо монда буданд, ки Ҳукумат курсиҳои мансабиро дар ҳаҷми 30 дар сад дод. Аммо худатон шоҳиди ҳол шудед, ки ягон нафари онҳо барои пешбурди кишвар заҳмат накашиданд. Ҳар яке бо «қаҳрамони»- ҳои худ аз вазифа рафтанд. Қазияи генерали ошӯбгар Ҳалим Назарзода парда аз рӯи бадкории ҲНИТ бардошта шуд. Пештар ин ҳизб дар интихоботи парлумонӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Ва ошкоро зидии давлат ва Ҳукумат баромад. Зимни санҷиши фаъолияти ин ҳизб ошкор шуд, ки ҲНИТ ба ҷои пиёда сохтани барномаҳои таҳия кардааш, сокинонро ба шиапарастиву шахсиятпарастии Кабирӣ даъват кардааст. Онҳо бо истифода аз масҷиду маъракаҳои мардум нафароне, ки ришу ҳиҷоб намепӯшанд ба кофарӣ бароварда, ҳар касеро ки ба ҳизби наҳзат шомил намешуданд, ба  Худою расул душман эълон мекарданд. Мақомотҳои қудратӣ маҷбур шуданд, то чанде аз роҳбарони олии онҳоро бинобар паҳни иттилооти терроризму экстремизм ба маҳкама кашанд. Саркардагон ба  ҷои исботи бегуноҳии худ рӯ ба гурез ниҳода, имрӯз дар хориҷа бо истифода аз расонаҳои бардурӯғи хориҷа ба иғвою дасисаҳо машғуланд.

Як чиз айён аст, ки кӯшишҳои онҳо беҳуда аст. Зеро халқ заршинос аст. Сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад.

Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо тамоми масъулият изҳор менамояд, ки мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои аслии роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ бохабаранд, бинобар ин ба дасисаҳои иғвогаронаи онҳо дигар бовар нахоҳанд кард. Зеро фардои ин миллат дурахшону ояндаи ин ҳизб тира аст.

Зоҳир Солиев, Охунбобо Раҳимов, дотесентони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҳамоиши тоҷикони бурунмарзӣ бахшида ба 21- солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” чунин унвон дошт саҳнаи мазҳакавие, ки Муҳиддин Кабирӣ бо “дӯстону наздиконаш” доир намуд.  Муҳиддин Кабирӣ худ дар оғози сухан иқрор мешавад, ки ҳама аз суханонони ночаспони ӯ монда шудаанд ва кӯшиш мекунад, ки камтар сухан намояд, аммо ҳамоно булбулакаш хону беш аз 47 дақиқа суханҳои по дар ҳаво гуфт. Ҷолибтарин гуфтораш он буд, ки ҳамаи ин ҷо нишастагон танҳо бо пули худ то ба ҳамоиш расида омаданд. Суоле ба миён меояд, ки аксари ба қавле “гурезагони иҷбории сиёсӣ” дар ҷое шуғл надоранд, пас чи гуна онҳо метавонанд дар дили Афрупо бисёр фохираву шинам ва зебо сайру сайёҳат намоянд. Худи Кабирӣ дар посух ба нашри видеоии Эшони Сайидқиёмиддин Ғозӣ ҳарфе нагуфт. Пас он ҳама далелку фактҳое, ки дар навори видеоӣ омадааст ҳақиқат аст.

Эътироф бояд кард, ки ҳизби наҳзати ислом яке аз намуди ҳизбҳое аст, ки ҷомеаро аз давлат дур намуда, шахсони бегуноҳро гумроҳ менамояд ва тӯъмаи доми худ мекунад. Ин ҳизб мисли дигар ҳизбҳо солҳои пеш дар таҳти назорати давлат буд ва кору фаъолияти хешро ба пеш мебурд. Аммо шахсони нохалафе пайдо гаштанд, ки ба номи пуршарафи ҳизб хатҳои сиёҳро ворид карда, аз давлат онро ҷудо намуданд. Маҳз иштирокчиёни ҳамоиш аз ҷумалаи он ғафлатзадагонанд.

Ин носипосон дар посух ба таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва Ҳукумати кишвар, ки тамоми шароитҳоро барои халқи кишвар муҳайё намудаанд, ҳатто тамоми масҷиду мадрасаҳоро барои халқ фаровон намудаанд, бо амалҳои хиёнаткоронаи хеш посух гуфтанд.

Маҳз ҳамин ҳизб буд, ки тамоми мардумони гумроҳу нодони кишвар ва дигар миллату давлатҳоро тӯъмаи худ намуда, луқмаи ҳаромро баҳри онҳо арзонӣ донист, ки аз дасти нохалафи онҳо ҷомеаи тинҷу ором ва ватандӯстро аз падару модар, ёру бародар ва фарзандони хеш ҷудо намуд.

Маҳз ҳамин ҳизб аст, ки нооромии давлат аз он сар зада, баъзе аз ҷомеаи тинҷу ороми он дунболи он равон гаштааст. Тамоми мамлакатҳо кушиш карда истодаанд, ки аз чунин нохалафон даст кашида, баҳри тинҷиву оромии кишвари хеш то ҳастанд мубориза бурда, чораҳои гуногун андешида истодаанд. Мардуми ба ору номуси кишвар мехоҳанд, чунин ашхосҳоро аз бари худ дур карда, барои гул – гул шукуфтани кишвар ва миллати хеш кӯшишу фаъолият намоянд. Мо ҷавонон аз чунин ободкориву тинҷгардониҳо миннатдор буда, то ҷон дар тан дорем бояд хизмати хешро барои давлату миллати хеш ба ҷо оварда бошем.

Акнун, барои рушду равнақи минбаъдаи Ватани маҳбубамон ва саҳмгузории ҷавонон дар ин кори пурифтихор тамоми шарту шароитҳо мавҷуданд. Аз мо танҳо тақозо мешавад, ки бо азхудсозии илмҳои замона, касбу ҳунарҳои зарурӣ ва решакан намудани зуҳуроти номатлубу нангини ифротгароии динӣ, ба амалигардонии азму ниятҳои неки созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бандем.

Мо ҷавонони даврони истиқлол ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем,  ки ба боварии сарвари давлат сазовор боқӣ монда, ҳамеша пайи ободии ватан қувваю нерӯи хешро сарфа намуда, меросбардори насли ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем.

 

Ҳусейҷон Қаландоров, мудири кафедраи таъмини барқ ва автоматика

 

 

Мо, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қатори дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа, ҳамчун узви фаъоли ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишварамон мехоҳем дар мавриди фаъолияти ҳамоиши «тоҷикони бурунмарзӣ, ки бо иқдоми ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломи дар шаҳри Дормунти Олмон шуда гузашт, нуктаи назари хешро баён карда бошем. Зеро вақтҳои охир «роҳбарони олӣ»-и ин ҳизби мамнӯшуда бо истифода аз  расонаҳои иғвоангези дар хориҷа сабтиномшуда мехоҳанд фазои солими кишварамонро ғуборолуд намуда, дар зеҳну тафаккури шаҳрвандон андешаи ботилро ҷо созанд. Гузашта аз ин як гурӯҳ ба ном рӯзноманигорони «ҳирфаи»-и ин «нерӯи осебпазир» аз созмону ташкилотҳои байналмилалии ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд. Ин гурӯҳ, ки аз ҷониби хоҷагони беруна маблағгузорӣ мешаванд, бо истифода аз далелу аснодҳои бардурӯғ мехоҳанд фаъолияти кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳкум намоянд. Онҳо камтарин мушкилоти имрӯзаи кишварро баҳона пеш оварда, ҷомеаро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд. Ба андешаи онҳо мавҷи муҳоҷирони меҳнатие, ки имрӯз дар кишварҳои Русия кору зиндагӣ мекунанд, маҳз аз сатҳи пасти зиндагии онҳо дарак додааст ва онҳо иҷборан ба Русия рафтаанд. Ин далел ва мушоҳида комилан хатост. Зеро муҳоҷирати меҳнатии қувваҳои корӣ дар арсаи байналмилалӣ як ҳодисаи маъмул аст. Дар кишварҳои гуногуни олам он ба мушоҳида мерасад ва дар ҳар ҷо қувваи корӣ баҳри пайдо намудани ҷои кори хубтаре, ки музди меҳнати бештаре дода тавонад, кӯшиш мекунанд. Тибқи иттилои коршиносони олам мамлакатҳои Чину Туркия аз ҳисоби муҳоҷирини меҳнатии худ буҷаи кишварашонро ғанӣ мегардонанд. Ҳоло ҳудуди ду миллион сокинони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қариб 800 ҳазор мардуми қирғиз, беш аз як миллион қазоқиҳо дар кишвари Русия кору зиндагӣ мекунанд. Пас маълум мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатии кишвари мо низ ба хотири боз ҳам хубтар таъмин намудани маишати зиндагии худ озими Русия мешаванд. Агар зиндагии сокинони кишвар воқеан ҳам вазнин мебуд, падару модарон имрӯз аз ҳар вақта дида бештар майл ба маълумоти олӣ гирифтани фарзандони худ саъй намеврзиданд. Имрӯз онҳо ҳатто дар хориҷа истода аз Вазорати маориф ва илми кишвар дархост намуданд, ки маҷлиси падару модарони фарзандонашонро ба таври онлайнӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намоянд, то онҳо аз ҷараёни таълиму тарбияи фарзандонашон огаҳӣ ёбанд. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди донишҷӯён, арзи ҳастӣ намудани 39 муассисаҳои олӣ, шароити хуби таълиму тадрис имкон фароҳам овардааст, ки имрӯз маънавиёти ҷомеа боло равад.

Шахсан мо аз он шукрона мекунем, ки дар кишвари озоду обод зиндагӣ дорем. Сатҳи зиндагӣ сол то сол беҳтар мешавад. Дар муассисаи мо барои ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён шароити мусоиди корӣ ва таълимӣ мавҷуд аст. Маҳз таваҷҷӯҳи давлат ва Хукумати кишвар аст, ки пояи моддиву техникии донишкада торафт мустаҳкам гардида, баръакс шумораи зиёди волидон фарзндҳояшонро бинобар хуб будани вазъи таълим аз донишгоҳҳои хориҷа ин ҷо меоранд.

Ҳар як сокини кишвар ба хубӣ дарк мекунад, ки беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш аст. Дур намеравем, мамлакати ҳамсояи Афғонистонро бинед, то ба ҳол бинобар нофаҳмиҳои қувваҳо сокинони оддӣ зарар мебинанд. Дар ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг наздики 35 сол аст, ки ҷанг рафта истодааст. Иқтисодиёти футуррафта, нигоҳҳои хастаи сокинонро мебинему ҳазор маротиба шукрона мекунем, ки ин ҳодисаҳои мудҳишро таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба нерӯи хиради сокинон паси сар намудем. Ҳоло кишвари мо марҳилаи давлатсозиро паси сар намуда, ба давлатдории воқеӣ акнун қадамҳои қатъӣ мегузорад. Дар оростани қасри муҳташами ин давлати бузурги таърихӣ, ки номаш дар фарҳанги ҷаҳонӣ чун миллати қадима муаррифӣ шудааст, мову Шумо бо меҳнати созанда, бо дили соф кӯшиш варзем.  Боварӣ дорем, ки душманони миллати мо дар муқобили мардуми ваҳдатшиор якдилу якмаром маҳв хоҳанд шуд.

Абдушукур Назаров, Анвариддин Муҳидлдинов, профессорони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Хабари дар  шаҳри Дортмунди Ҷумҳурии Федоролии Олмон баргузор шудани ҳамоиш бо иштироки   як гуруҳ аз мухолифин тоҷик бо сарварии ТЭТ ҲНИ-ро шунида, тавассути шабакаи байналмилалӣ аз рафти он бохабар шудам. Рости пас аз суханронии беш аз 47 дақиқаи роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ як чиз айён шуд, ки ӯву ҷамъи ёронаш худ намедонанд, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар чӣ мехоҳанд. Ин нафарон ҳамоиши худро бахшида ба 21- солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ унвон карда, ҳудуди беш аз 3 соат фақат ғайбату бӯҳтонро бар сари давлат бор намуданд.  Гӯё бо ин маҷлиси худ онҳо исбот карданӣ шуданд, ки  дар сулҳи тоҷикон онҳо саҳми беандоза доштанд.

Аммо чашми воқеъбини мардум ва таърих исбот намудааст, ки дар ҳамбастагии гурӯҳи мухолифин нақши комиссияи оштии миллӣ бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон калон аст. Маҳз ин фарзонафарзанд буд, ки давлату миллатро аз вартаи маҳвшавӣ наҷот дод. Ваҳдат моро якҷову дӯсту бародар кард. Ваҳдат ба мо сулҳу оромиш овард. Бе ваҳдату якдилӣ, бе якдигарфаҳмию бе дӯстию рафоқат чизе поянда нахоҳад монд. Имрӯз мо истиқлолу ваҳдат дорем. Имрӯз моро мешиносанду эътирофамон мекунанд.

Пас, баъди ин ҳама Кабирӣ боз мехоҳад мисли солҳои 90 – ум ИНОТ-ро таъсис диҳаду худро роҳбари мухолифин вонамуд кунад. Лек ба ӯ ин дафъ ҳам муяссар намешавад. Зеро ҳама мухолифин ва шахсони ҷудогона нисбати ҳизби наҳзат ва роҳбарияти он фаҳмиш доранд. Онҳо пеш аз ба ягон иттиҳоду созиш омадан, каме фикр мекунанд ва баъд ҷавоб мегардонанд.

Аслан ТЭТ ҲНИ аз замони таъсис ва пайдошавиаш дар саҳна ва фазои сиёсии кишвар чун ҳизби моҷароҷӯ, тақрибкор, ниқорталаб, фитнаангез, ҷудоиандоз, ҳизби мансабталошону вакилшавандагон, ҳизби бегонапарастон, маҳалгароёну миллатгароён ва дур аз манфиатҳо ва арзишҳои миллии мо «шӯҳрат» пайдо намуд.

 Дар муддати начандон тӯлонии даврони Истиқлолият мардуми тоҷик баробари дастовардҳои чашмрас бо азияту кулфат, афтоданҳо, шикастанҳо, сӯхтану нобуд кардан, қатлу ғорат, ғаму ғусса ва фироқу ҷудоиҳо рӯ ба рӯ шуд.

Гарчанде мо дар аксар маврид ҷанги бародаркушро дар Точикистон (1992-1997) ҷанги таҳмилӣ мегӯем, айбро ба гардани дигарон бор кардан мехоҳем, вале ташкилкунандагону оташдиҳандагон, душманони дохилии миллати моро зуд бахшидем ва фаромӯш кардем.

Муттассифона баъзе тоифаҳо ва шахсон таърихро зуд фаромӯш мекунанд, панду ҳушдори таърихро нодида мегиранд.

  ҲНИ  аз замоне ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурӯъ намуд, ба ҷузъ ташкил намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори хайру савобе накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чи овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромӯш намуда худро мусичаи бегуноҳ, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву»  «оҷиз» мешуморанд.

Абдушукур Назаров, профессори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Мо хеле хуб дар хотир дорем, ки  баробари соҳибистиқлол шудани ватани маҳбубамон –Тоҷикистон, ҲНИ фаъолияти сиёсии хешро оғоз намуд ва дар ҳама гӯшаю канори ватанамон бо воситаи аъзоёну ҷонибдоронашон тарғиботи сиёсии худро ба роҳ андохта, аз илми дини муқаддаси ислом маккорона ба зеҳну тафаккури ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҳадафҳою ниятҳои нопокашон тарғибгарӣ мекарданд. Ва ҳатто тавонистанд, ки баъзе аз пешвоёни худро ҳатто ба олитарин маҷлиси ҷумҳурӣ ба ҳайси вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олии кишвар ҷойгузин намоянд. Ин ҳизби аз ҷониби аҷнабиён таъсис дода, тавонист, ки ҳатто дар муҳити маънавию сиёсии кишвар нобасомониҳои хело нангинро ба бор оварад ва дар як муддати хело кӯтоҳ ду майдонро ба миён овард, ки ҳатто писар ба муқобили падар менишаст. ҲНИ, ки воқеан ҳадафҳои нопок ва разилона дошт тавонист, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии ҳомиёни хориҷиашон ҷанги бародаркушро оғоз намуда, ҳазорҳо одамонро бехонаю ҷой ва садҳо одамони бегуноҳро ба коми марг кашад.

ҲНИ инчунин тавонист, ки садҳо ҳазори дигар одамонро бадном ва аз Ватан дур созад. Бо сарварони ин ҳизби маккору сияҳандешаву сияҳмақсад фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти муаззами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар хориҷи кишвар ҷони азизи худро ба кафи даст гирифта, вохӯриҳо ташкил намояд ва мулоқотҳои тӯлониро ба роҳ андозад. Бо заковати  фозилонаи азалии хеш  Сарвари давлат тавонист, ки сарвари ҲНИ-ро ба сари мизи музокироти шинонанд ва ба эшон мулоқотҳо орояд ва билохира соли 1997 Созишномаи беназири Ваҳдати миллиро бо сарварони ин ҳизб ба имзо расонад. Тибқи ин созишнома қисме аз аъзоёну ҷонибдорони ин ҳизби хиёнатпеша соҳиби вазифаҳои гуногун дар Вазорату муассисаҳои гуногун гардиданд. Ҳатто Назарзодаро рутбаи генералӣ дода ба маснади ҷонишини Вазири мудофиаи Ватан таъин намояд. Ҳамаи ин гузаштҳои Сарвари давлат ба хотири сулҳи абадии кишвар ва осудаҳолии мардуми он ба роҳ мондашуда буд.

Шоир фармуда, ки:

Неши ақраб на аз барои кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст… ё чих еле мегӯянд гургзода охир гург шавад, гарчи бо одамӣ бузург шавад. Ин носипосону хиёнатпешагони миллату ватан ба ҳамаи боварию самимияти Сарвари давлат носипосию курнамакона, ноҷавонмардона рафтор намуда, боз хостанд, ки бо сарварии Назарзода дар Тоҷикистон хуни ноҳақ рехта бо воситаи табаддулоти давлатӣ ба сари қудрат оянд. Аммо имрӯз саркардаҳои ин амалҳои нангин бок адом рӯву бок адом дил рӯирост мегӯянд, ки сулҳи моро дуздиданд. Не, баръакс сулҳи тоҷиконро ҲНИ хост бидуздад, аммо нашуд.

Бадхоҳони миллат ба нияти нопоку разилонаи хеш нарасиданд. Зеро миллати бедору ҳушёри мо аз ҳар вақта дида муттаҳидтар гардида, сиёсати хирадпарваронаи Президенти мамалакатро дастгирӣ мекунанд. Мо як Ватан ва як сарзамини биҳиштӣ дорем ва онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт мекунем. Зеро ин Ватан хонаи мост Пешвои миллат Пешвои воқеан ҳам мардумии мост.

Фаррух Аминов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хучанд

 

 Аз таҷлили 21-умин солгарди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ пас аз чанд рӯз як моҳ сипарӣ мешавад. Сокинони кишвар бо шукрона аз тинҷиву амонии ва фазои ободу озод ин ҷашни муҳими таърихиро таҷлил намуданд. Дар ҳар гӯшаву канори мамлакат садои созу суруд ва суханони меҳрбор танинандоз буд. Эҳсос мешуд, ки вуҷуди ҳар як соҳибватанро ифтихори миллӣ фарогир буд. Махсусан суханронии пур аз меҳру садоқати Сарвари давлатро сокинон бо вуҷуди том гӯш кардаву дар ботини ҳар як сокини меҳандӯст ҳисси боварӣ барои фардои дурахшони кишвар боз ҳам қавитар менамуд.

Вале, ин санаи муборак барои онҳое, ки умуман пешравии кишвари моро дидан намехоҳанд ҳамчун намак барои ҷароҳат пошидан буд. Махсусан саркардаҳои ҲНИ, гурӯҳи 24, анҷумани «Озодандешон» дар чеҳраи Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов ва даҳҳои тани дигар ин ҷашнҳоро дида, сухтану бирён шуданд ва қарор доданд, ки бо як ҳамоиш дар шаҳри Дормунди Олмон боз ба ивову дасиса оғоз бахшанд. Чун сенарияи қаблӣ Муҳиддин Кабирӣ чун «лидер»  аз худ қаҳрамон тарошида дар шабакаи иҷтимоӣ эълон доштааст, ки ҳар қадамашро мақомоти амниятии кишвар назорат мебарад ва гӯиё якчанд кормандони ин ниҳод онҳоро то ба ҳамоиш расидан таъқиб кардаанд, ки ин дурӯғи маҳз аст ва аз худ «ситоратарошӣ»-ро мемонад, сониян Кабирӣ дар суханронии худ таъкид доштааст, ки сулҳи побарҷои кишвар натиҷаи заҳмати ҲНИ ҳам ҳаст.  Вале номбурда иқрор намешавад, ки ангезаи ҷанг маҳз аз ҷониби наҳзатиён оғоз шудааст. Инро Эшони Қиёмиддин бори дигар исбот намуд.

Муҳиддин Кабирӣ дар назди 300 нафар (воҳима кардаанд аз 50 нафар беш набуд) иштирокчиёни ҳамоиш қайд кардааст, ки бояд мо якҷо сарҷамъ бошем. Аммо алакай ин чеҳраи «саршинос» миёни худи низ соҳиби эътибор нест. Зеро гурӯҳи 24 аз ҳамкорӣ бо ин ҳизб даст кашида, дигар гурӯҳҳо низ намехоҳанд, ки ҲНИ роҳбари онҳо бошад. Маълум, ки дар ин ҳамоиш ҳамон чеҳраҳои «шинос», ки мубаллиғони асоси хоҷагони берунӣ ҳастанд, мисли Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Илҳом Ёқубов бо суханрониҳои по дар ҳавои худ мехоҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки самараи ваҳдати миллӣ яктарафа баҳогузорӣ мешавад. Аммо ягон нафари онҳо дар баромадҳои хеш намегӯянд, ки ҳамин Созишнома бо иқдми кӣ оғоз шуду, накши кадомин шахсият дар фароҳамоварии нишастҳо зиёд аст. Дар бораи хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ҳамбастагӣ сухане гуфта нашуд. Балки онҳо мехоҳанд худро ҳизбашонро «қаҳрамон тарошанд», ки ин хатои маҳз аст.

Хайринисо Темирова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд