Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон нақши муҳим бозид. Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, дар рӯзгори мо нақш ва мақоми хосса дорад. Азбаски дар исломи ибтидоӣ ғояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар тарғибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ зери тозиёнаи танкид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронӣ хам онро писандида қабул карданд.Бо гузашти чандин аср     имруз дар зери ниқоби дини ислом хар гуна харакат ва равияхои ифротгаро пайдо гардида истодааст, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИТ баёнгари гуфтаҳои болоист.

Ин ҳизби моҷароҷӯй дар сафҳои худ шахсиятҳои аз дину диёнат дурро сарҷамъ намуда, мехоҳад, кишвари ободу озоди моро дубора ба ҷангу хунрезӣ кашад. Ҳамарӯза маводҳои иғвоангези онҳоро мехонам ва ин амали носипосу ноҷавонмрдонаи онҳоро маҳкум мекунам.

     Мо, халқи тоҷик дорои тафаккури баланди сиёсиву динием ва хурофотук таассубро аз ихлосу имон фарқ мекунем. Ва ҷавононро намегузорем, ки  ба ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда,  ки сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ ҳастанд, пайваст шаванд.  

        Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои биологӣ, профессор устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

Оилаи имрӯзаи ҷомеаи демократии мо табиатан аз нигоҳи диду фаросат, тафаккуру маънавиёт фарқ мекунад. Тавассути болоравии босуръати илму техника тибқи матбуоти даврӣ, садо ва симо сатҳи тарбияи оилавӣ хеле боло рафта истодааст. Волидайн имрӯз на танҳо масъулияти таълиму тарбияи фарзандро ба зима доранд, балки ҳидоят намудани фарзанд ба роҳи нек, интихоби касби мувофиқ, пешгирӣ ва ҳифз намудани фарзанд   аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун яке аз вазифаҳои муҳиму  аввалиндараҷаи волидон ба шумор меравад.

Падару модарон, умуман, аҳли ҷамъият бояд хуб донанд, ки пешгирии терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо давлат набуда, он вазифаи аввалиндараҷаи ҷамъияти инсонист.     

  Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати  тоҷик  ҷонбозию талош варзем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад.

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисод, профессор, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар кишвари озоду ободи мо ҳуқуқҳои фитрии инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, шаҳрвандон бе ягон мамониат ба таҳсилу табобат фаро гирифта мешаванд. Суботу оромӣ дар кишвар аз ҷониби давлаи ва Ҳукумат таъмин карда мешаванд. Аммо новобаста аз ин ашхос ва гурӯҳҳое низ мавҷуданд, ки бо андешаву ақида ва рафтору аъмоли “аҳриманӣ”-и худ мехоҳанд ба оромиву суботи давлатҳои алоҳида, ҳатто Ватани худ таҳдид намоянд.

Яке аз ин гурӯҳҳои тундраву ифротгаро – роҳбарони Ҳизби террористию экстремистии мамнӯи наҳзати ислом мебошад, ки бо ҷурми айбдорӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнин дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор доранд ва то ҳол аз паси миллату давлати худ сангпартоӣ мекунанд.

Роҳбари ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз шакли давлатдорӣ ва фаъолияти шохаҳои ҳокимияти Тоҷикистон норозигӣ баён намуда, бо ҳар роҳу восита мехохад накш ва мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зандад. Ин шахсияти манфур дар солҳои фаъолияташ ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар низ на ба манфиати халқ ва интихобкунандагон, балки ба манфиати шахсии худ ва иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худ машғул буд ва баъди дар интихобот ғолиб наомадан ва бе мансаб монданаш чеҳраи ҳақиқии худро ошкор сохт.

Дар расонаҳои хабарӣ чарх задании хабари бемории набераи Муҳиддин Кабирӣ Иброҳим Тиллозода ва «монеа» эҷод кардани мақомоти кишвар барои табобати ӯ дар хориҷи кишвар сару садоҳои гуногунро ба бор овард. Гурӯҳе, ки аз асли воқеа хабардор нестанд, ба хотири дилсӯзӣ аз ин кӯдаки маъсум шадидан  мақомоти интизомиро барои «бераҳмӣ» интиқод мекунанд. Аммо воқеияти ҳол он аст, ки командаи Муҳиддин Кабирӣ бо истифода аз ин ҳолати қулай барои бадном кардани давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъй меварзанд.Чунин шеваи мафкураи мардумро ба даст овардан аз шеваҳои асосии корбарии Кабирӣ ва ёронаш мебошанд. Ин як навъ кӯшиши бадном кардани давлат мебошад. Ҳол он ки модари Иброҳим, яъне келини Муҳиддин Кабирӣ иқрор мешавад, ки омили ба тахир афтодани сафари онҳо ба хориҷи кишвар барои табобат дигар аст. Яъне ҳуҷҷатҳо барои сафар бо айби худи модари Иброҳим пурра тахт нашудаанд. Ин барои онҳо дар хориҷи кишвар мушкилӣ эҷод мекунанд. Аммо наҳзатиён ин ҳамаро ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор диҳанд, ки ҳуқуқҳояшон нақз мешавад. Бояд мардона иқрор шуд, ки Кабирӣ ин бор низ мағлуб гардид. Зеро чунин баҳон, ки ба эҳсоси мардум бозӣ кардан аст, барои рақибе, ки худро пурқувват вонамуд мекунад, айб аст. Мард бояд буд ва мардона мубориза бурд.

Албатта мо медонем, ки чунин мушкилӣ ва вазъи ноҳинҷорро барои душман раво намебинем. Кӯдак бемор аст, вале онро ҳангома кардану дилашро ба зиндагӣ сард намудан чӣ ҳоҷат аст. Сандгиле низ ин ҳамаро дида, ба хотири саломатӣ аз ҳама чиз гузашт мекунад. Аммо бояд барои табобат дар хориҷ шахс зинаҳои ҳуҷҷатгузориро паси сар намояд, вагарна дар хориҷ  ба мушкилиҳои дигар мувоҷеҳ хоҳад шуд. Аммо пайвандони тифле, ки бемориаш чандин моҳҳо гузаштааст, акунун аз хобир гарон хестаанд. Мебоист, ки ғами кӯдакро пештар мехӯрданд. Аммо имрӯз бемории набера аслиҳаи асосии ҷанги иттиллотии Кабирӣ гардидааст, ки бо ин амалаш ӯ мехоҳад ҷонибдорони хешро боз ҳам зиёд намояд.

Бо қатъияти том гуфтанием, ки чунин сенариясозиро сокинони кишвар қабул надоранд ва бе  ҳамон имзоҳои сохтаву муроҷиатҳои беасос давлат ҳомии сокинонаш ҳаст ва ҳаргиз пеши роҳи табобати Иброҳим Тиллозодаро нахоҳад гирифт. Охир мо кӯр нестем ва ғамхориҳои Роҳбари кишварро нисбати беморон, ятимон ва маъюбон  ҳамарӯз эҳсос мекунем.

Бойпоччо Фатҳиддинов, устоди ДПДТТ, собиқадори меҳнат

Мо хуб медонем, ки агар қавм ва ё фарду ҷомеаи ин дорои савдои казоӣ набошад, ин қавм ва ин ҷомеаро метавон бо роҳи фиреб ба доми ҳаргуна амалҳои мудҳиш равона кард. Мо ҳамаи амалҳои нангини хоҷагони хориҷиро бо тамоми ҳастии хеш маҳкум менамоям ва бори дигар ба мардуми шариф ва азизи худ муроҷиат намуда гирифтанием, ки мудом дӯстдори ватан, модар об, хок ва ин сарзамини зебои худ бошанду аз найранг, дурӯғ ва фиреби сиёсиву мазҳабии хориҷиён бохабар шаванд ва чи хеле ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мефармояд: «Ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии аҷдодиро аз худ дур насохта, дар атрофи сарвари давлат боз ҳам қавитар муттаҳид гашта, ба ҳар гуна нотавонбинӣ зарбаи ҳалокатовари забонӣ занем».

Акбар Акбаров, номзади илмҳои педагогӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-ум ХХ – ҳанӯз дар оғози бунёди давлатдори соҳибихтиёрии худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт.

Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи омӯзиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.

Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқ Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд.

Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадими хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем. Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангиву тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷи дар кишвари тозаистиқлолои мо гирифта шавад. Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида  ҷонибдорӣ мекунем.

Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Яке аз нуктаҳои хосаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба даст омадани ҳамдигарфаҳмӣ  миёни нирӯҳои дорои мавқеи сиёсии динӣ ва дунявӣ мебошад. Барои дар амал татбиқ намудани ин тафоҳум, моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд аз ҷумла ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ таъсис намоянд. Дар сатҳи Сарқонуни як давлати дунявӣ расмият ёфтани ин ҳуқуқи сиёсӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои низоми нави сиёсии Тоҷикистон баъд аз низоъ маҳсуб мегардад. Мутобиқи ин меъёри конститутсионӣ 28 октябри соли 1999 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҳизби дорои хусусияти динӣ, яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври расмӣ ба қайд гирифт.

Гарчи ин ҳизб пештар таъсис гашта, солҳои 1991-1993 низ фаъолият дошт, вале бақайдгирии дубораи он, ки акнун кафолати конститутсионӣ ёфта буд, на танҳо дар таърихи худи ҲНИ, балки дар раванди сиёсии Тоҷикистони муосир низ як марҳилаи навин буд: Тоҷикистон дар минтақа ягона кишваре шуд, ки дар он ҳамзамон бо мавҷудияти низоми дунявии давлатдорӣ ҳизби сиёсии дорои хусусияти динӣ фаъолият мекунад.

Ин воқеияти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бисёре аз доираҳои илмию сиёсии ҷаҳони муосирро ҷалб намуда, паҳлӯҳои гуногуни он хусусан дар хориҷи кишвар мавриди омӯзишҳои васеъ қарор гирифтаанд.

Асри 21 давраи ҷаҳонишавӣ арзёбӣ гардида, мақсади асосии он аз байн бардоштани сарҳади давлатҳост. Ҷаҳони Ғарб бо сарварии абарқудрати Амрико имрӯз дар гирди кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва исломии Шарқи Миёна ва Наздик мечархад ва тори инқилобҳои исломиро метанад. Магар ҳадафи ниҳоии он демократӣ ва ҳуқуқбунёд кардани ин кишварҳо ва ҳукуматҳои онҳо буд?. Не, албатта. Балки ҳадаф аз иваз кардани режимҳо ба вуҷуд овардани шароит ва омилҳое мебошад, ки онҳоро дастнигари ин абарқудрат гардонад.

Омили асосии дастнигарии кишварҳои исломӣ ба Амрико худи Ислом мебошад. Ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Гарчанде бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд. Ба ҳамин хотир, Амрико дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад, ҳаракате, ки дар солҳои 1970‑ум бо ташаббуси Ихвон‑ул‑муслимин ташаккул ёфтааст, мутаассифона аз санҷиши таърихӣ гузашта натавонист. Фаъолони ин Ҳизб исломро аз нуқтаи назари ихвонии Саид Қутб ва Ҳасан Банно ва китобҳои онҳо шинохтаанд. Афсонаи “сиёсати сабр” (политика терпения)-е, ки роҳбари Ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ тӯли 5 соли охир талқин мекунад, ба усули “қадам ба қадам”-и Ихвон-ул-муслимин шабоҳат дорад. Тибқи ин усул, исломиҳо бояд аввал шароити инқилобро ба вуҷуд оранд ва пасон инқилобро роҳандозӣ кунанд.

Бахусус фаъолияти ин ҳизб дар солҳои охир косаи сабри ҷомеаи шаҳрвандиро аз амалкардҳои роҳбарон ва пайравони ҲНИ ва махсусан аз нақшаҳои фундаменталистии онҳо лабрез намуд. Ҷомеаи  тоҷик  намехоҳад Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ҷангзада ва ноороме чун Сурия, Ироқ, Ливия, Украина ва Афғонистон бошад.

Дар сурати фаъолияти ҲНИ барои миллати мо чӣ беҳбудие мешуд,  ба ғайр аз давлати исломӣ, ҷомеаи мардсолорӣ ва занҳои дар пушти дарҳо маҳкам чизе дода наметавонад. Бо ба сари қудрат омадани ин ҳизби исломӣ, ҳамаи онҳое, ки пайрави дигар динҳо ҳастанд ва ё диндор нестанд, аз ҳуқуқи иштирок дар сиёсат ва дигар  ҳуқуқҳои инсон маҳрум мешаванд. Дар ҳоле ки фақат мусулмонон метавонанд аъзои ин ҳизб бошанд.

Барои ҳамаи мардум ошкор аст, ки мардуми ҷангзада ва инқилобии Ироқ, Ливия, Миср, Сурия ва Украина, ки гӯё даъвои озодӣ ва демократия доштанд, айни ҳол дар орзуи як рӯзи осоишта ва беҷанг ҳастанд. Барои ҳар як фарди солимақл пайдост, ки барои гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо, қатлу куштор ва ба коми оташ кашидани биноҳои маъмурӣ ва маишӣ ки ва барои чӣ маблағгузорӣ мекунад. Барои “мухолифон” ҳам ин пӯшида нест.

Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?

 Магар онҳо намедонанд, ки барои Амрико ё ягон давлати дигари Аврупо муҳим нест, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна низоми ичтимоиву сиёсӣ ё фарҳангӣ барқарор мешавад, муҳим он аст, ки тоҷикон аз решаҳои таърихии худ дур гашта ” худии худ”-ро фаромӯш созанд. Ва дар ин роҳ онҳо ягон чизро, аз ҷумла сарфу харҷи моддӣ, маблағгузориро дареғ намедоранд. Барои чӣ давлатҳои абарқудрат ба мисли ИМА, Канада ва дигарон бар зидди “Ал-қоида”, “Бародарони ислом”, Давлати исломӣ” дар Сурия мубориза мебаранду, нисбати фаъолияти иғвогаронаи “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии ӯзбекистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир” “ҷамоати таблиғ”дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бефарқ ҳастанд? Илова бар ин ҳаракату ҳизбҳои номбурдароро кӣ тарҳрезӣ карду ва имрӯз онҳоро кӣ маблағгузорӣ менамояд? Илоҳиётшиносии муосир таъкид менамояд, ки ҳар он ашхосе, ки фарзҳои исломро иҷро менамояд мусалмон аст, вале  пайравони ҲНИ, яъне исломиёни сиёсӣ мехоҳанд, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагии одамон бояд тобеи талаботи шариати исломӣ бошад.

Бигзор инсонҳо дар дину имону боварҳояшон озод бошанд, ки ин ҳам ҳаққи фитрии онҳост ва ҳам ҳаққи конститутсионии онҳост. Бешак, дар дунёи мутамаддин чунин аст ва дар сохтори дунявӣ бояд чунин бошад. Танҳо вақте имону эътиқоди инсонҳоро сиёсӣ карда, ба онҳо бозӣ мекунанд, ин хатарафзост.

 

 

(Посух ба мақолаи «Сулҳи нофарҷоми тоҷикон». Паём.нет, 16.07.2018)

Пас аз баргузории ҳамоиши «тоҷикони бурунмарзӣ» ба ифтихори 21- солагии Созишкномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо иқдоми роҳбарияти олии ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор гардид, иштирокдорони ҳамоиш пайи ҳам чанд мақолагунаҳоро дар саҳифаи «Паём нет» интишор намуданд, ки муҷиб донистем ба навиштаи яке аз онҳо, ки муаллиф надораду «Сулҳи нофарҷоми тоҷикон» унвон дорад, посухе гуфта бошем.

Аввалан номи мақола худ носеҳеҳ ва иғвоҷӯёна аст. Мо дар нигоштаҳои пешини худ қайд карда будем, ки сулҳ маҳсули ҳар ду тараф – ҷониби Ҳукумати кунунӣ ва иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик аст. Аммо иқдом аз ҷониби давлати он вақт ҷавон шурӯъ шуд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам новобаста аз таҳдиду хатарҳо, ҷони ҷавони хешро ба даст гирифта, барои гуфтушунид ба мавзеҳои мухталиф рафтанд. Баъдан Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳои хеш зикри нафаронеро карданд, ки дар фароҳамсозии сулҳи бебозгашти тоҷикон саҳм гузоштаанд.

Дар мақола ва ҳам навори видеоӣ Эмомалӣ Раҳмон, сарвари давлати тоҷиконро яккатози майдони сиёсат хондаанд. Чаро не? Боре як рӯзноманигори хориҷӣ тариқи телефон барои ман савол дод, ки халқи тоҷик ба ҷузъ аз роҳбарияти кунунӣ ба дигар шахсият эътимод баста метавонад, ман оҷилан посух додам, ки не. Зеро барои эътимоду боварии халқро ба даст оварданд, тӯдакаш шудан лозим, орзу ормонҳо ва ниёзҳои халқро бароварда кардан даркор. Ин гуна шахсият дар ҳоли ҳозир танҳо Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастанду халос.

Воқеан бармегардем ба сарлавҳаи мақола, чаро он чунин номгузорӣ шуда аст. Агар сулҳ нофарҷом боқӣ мемонд, пас ҳоли мо тоҷикон мисли мардуми афғон хору залил мешуд. 21 сол аст, ки мардум садои тиру тӯпро намешунавад. Дар ҳама ҷо сухан аз ободкорҳо меравад. Имрӯз симои кишвар, шаҳраку ҷамоатҳо куллан дигар шудааст. Мардум дигар аз хонаҳои одии худ даст кашида, паи эъмори хонаҳои зебо ҳастанд. Оилае нест, ки барои соҳибмаълумоткунии фарзандони худ кӯшиш наварзад. Махсусан барои ман муроҷиати чанде аз муҳоҷирони тоҷик ба Вазорати маориф ҷиҳати баргузор намудани маҷлисҳои падару модарон ба таври мустақим тариқи интернет хеле писанд афтод. Онҳо бовуҷуди дур будан аз зодгоҳ ва Ватани хеш нисбати таълиму тарбияи фарзандони хеш бефарқ нестанд. Волидон мехоханд, ки фарзандони боодобу соҳибмаърифат дошта бошанд. Агар вазъияти кишвар номусоиду зиндагии мардум фақирона мебуд, волидон фикри таълиму тарбияи фарзандонро мекарданд, не, ҳаргиз.

Сониян маҳз тинҷиву оромист, ки имрӯз якчанд қонунҳои бар манфиати давлату халқ мусоидаткунанда амсоли Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯи кор омаданд.  Ба шарофати ин тадбири халқпарварона ҳазорҳо оилаҳо маъракаҳои худро бо харҷи андак гузаронанд. Магар ин аз сулҳу ҳамбастагӣ дарак намедиҳад???

Дар нигоштаи бемуаллиф омодааст, ки Ҳукумати кунунӣ барои афви зиндониҳо коре ба сомон нарасонидааст. Магар кӯрдилон бехабаранд, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар баъди ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуноҳҳои размандагон бо эълони авфи умумии пурра бахшида шуд ва роҳбари давлат ҳамагонро ба зиндагии ростин даъват намуданд. Давоми беш аз 27 соли соҳибистиқлолии борҳо дар остонаи ҷашнҳои бузурги кишвар авф эълон гардида, ҳазорон ҳазор маҳбусон, аз он ҷумла зиндониёни сиёсӣ озод карда шуданд.  Дар мавриди ҷойгузин шудани 30 фоизи мақомҳои ваъдашуда дар қувваҳои иҷроия ба мухолифин танҳо ҳамин нукта кофист: он роҳбароне, ки мансаб гирифтанд бинобар надоштани дониши казоӣ хостаҳои давлат ва Ҳукуматро бароварда натавонистанд. Мисоли барҷастааш Зайд Саидов, ки барои рабудани пулҳои зиёди давлатӣ имрӯз паси панҷара нишастааст.

Дигар аз даъвоҳо, ки дар мақола омадааст ин гӯиё ношаффоф доир шудани интихоботҳо мебошад. Хандаовар аст ин давъво. Зеро дар интихоботҳои солҳои 2000,2005, 2010 намояндагони ҲНИ дар парламент ду ҷойиро ишғол намуда, баъзе аз вакилон ба маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ роҳ ёфта буданд. Дар интихоботи соли 2015 сокинон аз ҳадафу мароми ҲНИ огоҳ шуда, ба ҷонибдориаш кам овоз доданд ва ин омил сабаб шуд, ки интихобот «ношаффоф» гӯиё гузаштааст. Магар хулосаи нозирони байналмилалӣ дар ин ҷода сарфи назр шудааст, дар ҳоле, ки онҳо маҳз ба хотири нақзи ҳуқуқҳояшон ба ин созмонҳои бонуфуз муроҷиат мекунанд.  Ва ахиран ҳуқуқу озодиҳои ягон нафаре, ки имрӯз қонунгузории кишварро риоя мекунад поймол нашудааст ва ин дурӯғи маҳз аст, ки мухолифин даъво пеш меоранд.

Мо, ба дасисаву бӯҳтонҳои душманони миллат, ки бо дасти  хоҷагони беруна имрӯз садо баланд мекунанд, бовар надорем. Сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами худро куллан дастгирӣ мекунем. Медонем, ки эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва ягонаи худро ба ҷузъ худи мо каси дигар бунёд намекунад. Мо ҳамдилем ва руҳи шикастнопазир дорем.

 

Тайи солҳои охир дар расонаҳои иҷтимоӣ зиёд матолиб оиди  фаъолияти норавшани ҲНИ ба мушоҳида мерасад. Маълум, ки муаллифони ноайён, аз хоҷагони шиапарасти худ манфиатдор буда, мекӯшанд ҳарфи дурӯғро рӯи қоғаз оварда, кишвари моро бо ҳар гуна восита бадном созанд. Ин амали ба ном «Худотарсон» чандон аз рӯи мардигарӣ нест. Баъдан исломро дар шеваи фаъолияти худ корбурд кардан ва манфиат ба даст овардан гуноҳест азим ва нобахшиданият. Чун аксари мо ба Худову расул эътимоди кулл дорему Худоро бо дил мешиносем ҳатман дар гӯшаи диламон пас аз чунин таблиғот ангезаи нобоварӣ нисбати давлат эҳсос карда мешавад. Маҳз бозӣ кардан бо эҳсоси мардум буд, ки мо сабақи талхеро дар гушту нохуни худ эҳсос намудем..

Бояд иқрор шуд, ки ислом ба гурӯҳ, қисм ё худ ҳизбе, ки тафриқандозиро миёни мардум эҷод менамояд, ниёзманд набуд ва нахоҳад монд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар кадом давлату миллате, ки ҳизби сиёсии динӣ мавҷуд бошад дар он ҷоно оромию тарсу ваҳшоният ва куштору ҳодисаҳои хатарнок хуруҷ дорад. Аз ин рӯ ин ташаббус шоистаи дастгирӣ мебошад.

Зеро ба андешаи мо сабаби аз фаъолият мондани ҲНИ маҳз сиёсати нодуруст, нигоҳи нобаробар ба мардум  мебошад. Ин ҳизб фаъолияташ чӣ кори манфиатбореро ба халқ анҷомдод? Бидуни ин ҳизб ҳам ҳама мардуми тоҷик мусулмонанд ва ниёз ба ҳизби исломӣ надоранд.

Шукрона барои мардуми тоҷик ҳамаи шароитҳо барои таҳсил, истироҳат, зисту зиндагонӣ ва кору фаъолият фаровон аст.Вале, ташкилкардани ҳизб бо номи «Наҳзати ислом» магар дуруст аст? Зеро ки исломин маданият, ибодат, гузаронидани расму оин, рукнҳои динӣ ва ҳаёти инсониро тарғибу ташвиқ менамояд. Барои намозгузорони мамлакат масчидҳои ҷомеъ ва марказӣ дари худро боз намудааст то ки мардум ибодат кунанд. Ё тарҷимаю тафсири китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, эълон гардидани бузургдошти Имоми Аъзам, бозгардидани муассисаҳои таълимии қонунии исломӣ ва даҳҳои дигар чорабиниҳо аз таваҷҷӯҳи асосӣ ба шумор рафта, дониши динию дунявии шаҳрвандонро сол аз сол қавитар ва огоҳтар менамояд.

Шояд савияи дониши мо то имрӯз намерасид вале имрӯз ҷаҳонбинӣ, сатҳи маърифат ва муносибат бо дин дигар шудааст. Манзур аз гуфтаҳои боло дар он аст, ки қонунгузорӣ оиди фаъолияти бисёр ҳизбӣ иҷозат медиҳад ва иҷозат ҳам дод. Вале ҷавонону шаҳрвандони мо медонанд ва ниёз ба иттилоъ ҳам надоранд, ки ҷомеаи мо ба ҳизби исломӣ ниёзманд нест.

Ба мисолидигар, баромад кардани баъзе аъзоён ва гӯё пешвоёни ҲНИТ дар маърака ва расму оинҳои динӣ – мардумӣ оид ба ҳидояти мардум ва ошноӣ аз ақидаҳои динӣ ин хизматионҳо нест. Ин ҳама анъанаҳои динӣ ва маросимҳое, ки солҳои сол идома ёфтаистодааст, бидуни фаъолияти ин ҳизб ҳам мардуми Тоҷикистон ҳама мусулмонанд ва аз дину диндорӣ бархӯрдоранд. Аксари мардумони Тоҷикистон тарафдори исломи анъанавие мебошанд, ки дар тӯли 70-соли ҳокимияти Шӯравӣ ва то имрӯза рӯзи вуҷуд дорад.

Боварии комил дорем, ки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯъ ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳанд гузошт.

 

  

 

 

Таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки оқибатҳои басо харобиоварро ба бор овард ва қариб буд, ки ин ҷанги бемаънӣ кишвари тозаистиқлолро аз байн мебурд, ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум дур намеравад. Хусусан аз хотири онҳое, ки дар рафти ин ҷанги бемаънӣ ҷигарбандону наздикону пайвандонашонро қурбон кардан. Онон ҳанӯз ҳам ба саркардагони ин низоъ ва дастдоштагони он аз ҷумла аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ наълату нафрат мехонанд. Дар саҳифаҳои таърих олимону донишмандон ва дигар қишри ҷомеа ин ҷангро ҷанги бародаркуш меноманд, зеро дар ин ҷанг писар бар муқобили падар, духтар бар муқобили модар ва ҳамингуна бародар бар муқобили бародар меҷангиданд. Албатта сабабҳои оғози ҷанг гуногун буданд. Яъне, агар каме ба сабабу омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон назар афканем маълум мегардад, ки раванди демократикунонии ҳаёти чамъиятӣ, ки дар охири солҳои 80-уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба пайдошавии ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти мардумии «Растохез», Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва дигар ҷамъиятҳои маҳаллӣ овард. Зиддияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократи муқобили Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар воқеаҳои 11-14 феврали соли 1990 дар Душанбе, бо задухурди намоишчиён бо ҳукумат анҷомида ин муқовиматҳо бо ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии дар солҳои 1991 ва 1992 давом ёфта оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт. Яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ реша давондани мазҳабҳои гуногуни исломӣ, шиддат ёфтани зиддияти дохилимазҳабӣ ва маҳалгароӣ байни пешвоёни дин маҳсуб меёбад. 

Маҳз дар замони ҷанги шаҳрвандӣ саркардагону пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ бо истифода аз холигии мафкуравии аҳли ҷомеа ва бахусус ҷавонон дар кишвар ба низоъ ва кашмакашиҳо оғоз карда, мардумро ба гумроҳӣ кашониданд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва воизгӯи ҳизб Саидқиёмиддини Ғозӣ Қиёмиддин  дар он замон ба даст баландгӯяк гирифта, ҷавонону дигар мардумро ба гирду атрофи худ даъват карда, митинг ва ҳамоишҳо ороста рӯйрост мардумро ба ҷангу ҷидол даъват мекарданд. Филми ҳуҷҷатии “Решаҳои ноайён” бори дигар сабабгори ҷангу ҷидол будани ТЭТ ҲНИ-ро исбот намуд.

Маҳз ҳамин талошу кӯшишҳои ин бешарафон буд, ки кишварро ба гирдоби кашмакаш ва низоъ оварда хонаи мардумонро бо дастони худашон оташ заданд. Худ дар кишвар низоъ ва оташи ҷангро фурӯзон карда, дарҳол зери қаноти хоҷагонашон паноҳ бурданд. Хисороти ҷанги шаҳрвандӣ басо зиёд буд. Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки ин ҷанги таҳмилӣ чӣ оқибат дошт: зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид. Аз ин бармеояд, ки наҳзатиҳои гумроҳ ятиммонии кӯдакону нолаву оҳи зори модаронро дидаву дониста аз он масрур гашта, кирдори разилонаву манфури худро бамаротиб меафзуданд. Маддоҳони ҳизби террористии наҳзати исломӣ сураву оятҳоро ба манфиати шахсии хеш тарҷума карда мардумро ба харобкориву даргириҳо даъват мекард. Баъди вафоти   Нурӣ ба сифати раиси ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ таъин шудани Кабирӣ фаъолияти таҳрибкории ҲНИ зиёд шуду кам не.  Шукри Худованд, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон баста шуд ва пеши роҳи харобкориву низоъҳои наҳзатиҳои бешараф гирифта шуд. Бо дарки масъулияти том мо ҷавонони кишвари соҳибистиқлол дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳалқаҳои занҷир муттаҳид гардида, кишвари азизамонро аз разилони наҳзатӣ эмин нигоҳ хоҳем дошт. 

Рустам Ғуфронов, донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла намудҳои муташаккили он, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рисолати ҳар як шаҳрванди худогоҳ,  аст.

Маврид ба зикр аст, ки   оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Бояд гуфт, ки истифодаи террористони худкуш марбут ба дину оини алоҳида набуда, чунин шакли террорро ҷараёни марксистиву ленинии Ҳизби коргарии Курдистон, Ҳизби коммунистии Ливан, Ҳизби миллии Сурия ва ғайра низ фаровон истифода мекунанд. Барои мисол ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама» дар истифодаи чунин навъи террор рекорд гузоштаанд ва аксаран сарони давлатҳоро нест кардаанд. Чунончӣ дар соли 1991 террористзани худкуш худро бо ҳамроҳии сарвазири Ҳиндустон Раxив Ганди тарконду дар соли 1993 бошад, президенти Шри Ланка Прендеса дар таркиши террористи худкуш ба ҳалокат расид. Бори аввал зерсохтори аз террористони худкуш иборатбуда бо номи «Палангони сиёҳ» дар ҳайати ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама»  ба вучуд омадааст.

Аз назарсанҷиҳои маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Террористони худкуш моли асри бист набуда, балки реша дар давраҳои қадим дорад. Ба ҳадде, ки дар даврони паҳншавии дини насронӣ онро ташкилоти яҳудии «сикариҳо» алайҳи амалиёти ғосибонаи Рим истифода намудааст. Ё худ дар асрҳои миёна ҳаракати «Исмоилия» тавассути террористони худкуш ду маротиба сарварони Хилофати Бағдодро аз байн бурдааст. Дар асри 18 бошад, террористони худкуш дар ташкилотҳое пайдо шуданд, ки дар Ҳиндустон, Филиппин ва Индонезия фаъолият доштанду бар зидди истилогарон мубориза мебурданд. Амали террор бо роҳи худкуширо онҳо дар байни истилогарони аврупоӣ ба кор меандохтанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст.  Аз ин xост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд:

Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

 

Муътабар Ғозиева, устоди кафедраи ҷомеашиносии ДПДТТ

 

 Мо, ҷавонони фаъоли Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳама гуна маводҳои ғаразнок ва суханҳои бардурӯғи маддоҳон ва тарафдорони ҳизби ба ном террористиву экстремистии ҲНИ-ро маҳкум намуда, қайд карданием, ки чунин шеваи таблиғотие, ки имрӯз «аъзоёни содиқ»-и ин ҳизб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд, аз рӯи оини ҷавонмардӣ нест. Зеро он асноде, ки онҳо дар нигоштаҳояшон меоранд, ягон заминаи воқеӣ надоранд. Баръакс, ин нафарони «фидоӣ» дар ҳар суханронии худ аз Худову расул ёдовар шуда, худ намедонанд, ки ягон рукни диниро ба  инобат намегиранд.Зеро мавҷи ҷавонони гумроҳе, ки имрӯз дар майдонҳои набарди Ироқу Шом ҷон ба  ҷаббор супоридаанд, маҳз маҳсули ташвиқу тарғиби «сарсупурдагон»-и ҲНИ мебошанд. Инро мо не, худи шоҳидони ҳол нақл мекунанд.Он ҷавононе, ки ба умеди ояндаи зиндагии шоиста дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, банди макру ҳияли таблиғгарони ҲНИ гардида, ҳаёти худ, волидон ва фарзандони худро сӯзонида истодаанд. Иддаи дигар ба хотири таълимоти илми исломӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби афроди маълуми ҲНИ таълимоти террористиву экстремистиро меомӯзанд, ки ин хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, хатар ба миллат аст.

 Худованд он касонеро дӯст медорад, ки худро дӯст дорад, пойбанди ҳама гуна иғвоҳо нашавад.

Дар ҳоли ҳозир ҲНИ душмани миллат ва аз ҳама асосаш душмани ҷавонон аст. Аъзоён ва пайравони ин ҳизби ошӯбгар мехоҳанд ҷавононро ба истлоҳ манқурт созанд.  

Мо медонем, ки имрӯз ҲНИТ такя ба ҷавонон дорад ва дар гузашта низ ҷавононро гумроҳона ба ҳизбашон шомил намуда буданд. Ба ҷавонони хушёру зирак, ватандӯсту имони пок дошта муроҷиатан гуфтнием, ки ба қадри оромӣ ва шароити хуби таълиму тадрис расед. Зеро имрӯз барои тақвияти дониш, маҳорату малака, ҳунаромӯзиву рушди истеъдод дар Тоҷикистон ҳама шароит мавҷуд аст. Бигзор садоқати худро барои ободии диёр, барои модарону хоҳарони худ нишон диҳем. Зеро дӯст доштани  Ватан, обу хок, модар як ҷузъи имон аст.

Ҷамшед Мирсаидов, Меҳроб Давлатов, Хиромон Пӯлодова, Рустам Ғуфронов, ҷавонони фаъоли ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд