Дар Қоҳира Конференсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» доир гардид

Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣоид ба фаъолияти  «Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин»  1-уми август, аз соати 18:00 то 21:00 дар толори Шӯрои мисрӣ оид ба корҳои хориҷӣ, воқеъ дар  шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодӣ, кӯчаи Курнейши Нил, бинои Бурҷи 2 доир гардид. Чорабинӣ зери сарпарастии пажӯҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии «Ҳивор» ва Намоишгоҳи баҳрӣ гузаронида шуд.

Конференсия зери унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом» сурат гирифт. Дар рафти он таърихи созмонҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, шабоҳати вазъияти ду кишвар, муштаракот ва ягонагии ин созмонҳои террористӣ, ки ҳарду кӯшиши ноором сохтани суботи ҳам Миср ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, масъалаҳои мубориза ва ҳамкорӣ бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни конференсия аксҳои воқеии амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошӯби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин филми мустанади «Решаҳои ноаён» дар бораи фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Дар чорабинӣ беш аз 150 нафар бо шумули коршиносони соҳа, устодони факултетҳои сиёсии донишгоҳҳои Миср, пажуҳишгарони сиёсӣ, рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ, корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизиони давлатии Миср ширкат варзиданд.

Меҳмонони хосаи конференсия собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Исом Шариф, собиқ Вазири рушди иҷтимоии кишвар Ҷуда Абдулхолиқ, намояндагони Маҷлиси Шӯро (Парлумон), вазоратҳои корҳои хориҷа, авқоф, Муассисаи ал-Азҳар ва ҳизбҳои сиёсии Миср, кормандони сафоратҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Алҷазоир, руҳониёни калисои масеҳиён ва дигарон буданд.

Ҷиҳати ироаи хулосаҳои хотимавии конференсия, пажуҳишгарони машҳури мисрӣ — собиқ сафири ғайримуқими Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ёрдамчии Вазири корҳои хориҷӣ ва директори Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ профессор Иззат Саъд ва собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Исом Шариф чунин пешниҳодҳоро манзур сохтанд:

  1. Фаъол гардондани тамоми муассисаю мақомотҳои давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди идеологияи созмонҳои террористӣ ва хатарҳои он.
  2. Ҷоннок намудани нақши ВАО дар мубориза ба муқобили таблиғоту ташвиқоти тахрибии созмонҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ.
  3. Ба роҳ мондани сафару вохӯриҳои дуҷонибаи коршиносону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Миср ҷиҳати табодули бештари донишу таҷриба дар масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм.
  4. Барпо намудани чорабиниҳои муштарак, аз қабили конференсия, семинар ва мизи мудаввар барои муҳокимаи паҳлуҳои гуногуни экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии интишори онҳо.
  5. Роҳандозии ҳамкориҳои судманд миёни мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва воридсозии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ дар кишварҳои арабӣ, мусулмоннишин, ҳамчунин созмонҳои арабӣ, исломӣ ва байналмилалӣ.
  6. Дар давоми соли ҷорӣ барпо намудани конференсияи байналмилалӣ бо ҷалби намояндагони кишварҳои арабӣ ва мусулмоннишин, ки «Ихвон-ул-муслимин»-ро ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф кардаанд (Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Кувайт, Алҷазоир, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Россия ва Хитой).
  7. Маҳкум ва ҷилавгирӣ намудани дахолати Эрон ба корҳои дохилии мамлакатҳои арабӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Тоҷикистон, кумакҳои доимии он ба созмонҳои террористӣ ба мисли «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, аз ҶИЭ талаб кардани эҳтироми истиқлолияту соҳибихтиёрии кишварҳо.

Натиҷаи конференсия дар шакли ҳуҷҷати хулосавӣ таҳия гардида, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ба мақомотҳои давлатии Миср, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Маҷлиси Шӯро ва корпуси дипломатии муқими ин кишвар ҷиҳати тасмимгирӣ расонида шуд.

Дар поёни чорабинӣ миёни пажуҳишгарони сиёсӣ, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои Қоҳира ва Айн-уш-Шамс озмун эълон шуд, ки барои таҳия ва пешниҳоди кори илмӣ-тадқиқотии беҳтарин доир ба масъалаи фаъолияти террористии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ мукофот тақдим хоҳад кард.

Оид ба кори конференсияи мазкур дар васоити ахбори оммаи Миср хабару мақолаҳои бешумор ба табъ расида, кори конференсия аз тариқи шабакаҳои телевизионии Миср намоиш дода шуд.

Боиси тазаккур аст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай (аҳолии давлатҳои аъзои ин Созмон беш аз 3,5 млрд), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Макарзи зиддитеррористии ИДМ ва ғайра ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф гардидааст.

Конференсия бо номи «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом», ки бо ташаббуси олимон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон ва дигар зиёиёни Миср доир шуд, намунаи беҳтарини муттаҳидшавӣ ба муқобили терроризму экстремизм ва ҳамрайъӣ ба миллати тоҷик дар самти ифшо намудани симои душманонаи ҲНИ ва истифодаи он ҳамчун абзор аз ҷониби кишварҳои муайян, ба ҳисоб меравад.

 

Бознашр аз аз сомонаи АМИТ «Ховар» аз 02.08.2018

 Тафаккури ҷомеаи муосир имрӯз имкон намедиҳад ки нафарони маҳдуд ба ҳизбу ҳирфаҳои сиёсӣ мардумро ба ҷониби мақсаду омолҳои шахсиашон раҳнамун созанд. Зеро халқи тоҷик аз зарбаҳои сахти таърих сабақ омӯхта, аз худсӯзиву ҷудоихоҳӣ ба худсозиву кишварсозӣ омада расидааст. 

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби экстремистиву террористии ҲНИ ва ҷамъи ёронаш натавонистанд аҳдофу мароми ҳизби хешро дар замони фаъолияти қонуниашон миёни ҷомеа роҳндозӣ намоянд.  Тавсеаи суҳбату нишастҳои мардум бо Муҳиддин Кабирӣ худ ошкор буд, ки ӯ ва ҳизби ӯ чи мақсадҳои нопок доранд.  Бояд ӯ амалан ба анҷоме коре даст занад буд, ки он шоиста бошад ва агар аз дасташон намеомад ақаллан, кӯшиш мекарданд, ки ба истиқрору оромии кишвар халал ворид насозанд.

Ҳодисае, ки чанд рӯз пеш дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара рух дод маҳз дасти наҳзатиён бо ёрии манқуртони ДИИШ буд. Танҳо Худованд медонист, ки агар мақомоти амнияти 14 нафар манқуртони дигарро, ки мехостанд тариқи дарёи панҷ ба Тоҷикистон  гузаранду даст ба террор зананд, боздошт наменамуданд.

 Аммо фарҷоми сабукфикриҳо чи шуд ба худатон маълум. Мо бояд аз ин сабақи хуб гирем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Н.Бобоҷонова, устоди кафедраи дизайн ва меъморӣ

Р. Зокиров, устоди кафедраи дизайн ва меъморӣ

М. Мирхолиқов, номзади илмҳои техникӣ, устоди кафедраи дизайн ва меъморӣ

 

Солҳои охир дар дунё ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором карда ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Мо кунун қатлу куштор, амалҳои ваҳшиёнарон тавассути телевизон аз гӯшаву канори олам медидем ва бовар намекардем, ки насли одамӣ ба чунин кирдорҳои ваҳшиёна қодир аст. Ангезаи ин ҳаводис имрӯз дар Тоҷикистон низ падидор шуда, бо даъвати ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ ва ДИИШ чанде аз ҷавонони гумроҳ ва манқурти мо даст ба амале заданд, ки миллат дар таърихи худ ёд надорад. Ин ҳодиса давоми мантиқии ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 буда, наҳзатиён дидаву дониста, ба хотири халал ворид намудан ба сулҳу суботи кишвар ба чунин кирдори ваҳшиёна даст заданд. Ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини кишварро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ бетараф набошад.

Ҷавонони моро мебояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории дӯстиву тифоқӣ, ваҳдату ҳамдилӣ саъй варзанд.

Бойпоччо Фатҳиддинов, номзади илмҳои техникӣ,

Акрамов Абдуқодир, номзади илмҳои техникӣ,

Алиев Шамшод, номзади илмҳои техникӣ,

Холиқов Мазбут, унвонҷӯй

 

 

 

 Хатарҳои нави геополитикӣ, ки сарчашмааш аз давлати исломии Ироқ ва Шом бармеояд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Махсусан ангезаҳои ин қувваҳои иртиҷоӣ  ба зеҳну тафаккури ҷавонони мо таъсири баде гузошта истодааст. Аксари ҷавонони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ пойбанди афкори  ифротгароёна гардида, фарҷоми тақдиру қисмати хешону прайвандони хешро фикр намекунанд. Гузашта аз ин дар қатори ин ниҳоди террористи барои миллати мо хавфи дигари амниятӣ ин фаъолияти густурдаи ҳизби терроистию ифротгарои наҳзати исломи кишвар хатари дигаре ворид кардааст.

Аъзоёни ин ҳизб барои ширкат кардан дар ҷангҳои зидди давлатҳои қонунии Ироқ ва Сурия шомили ДИИШ гаштанд.

Мувофиқи иттилооти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳоло дар кишварҳои Сурия ва Ироқ наздик ба 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд. Нисбати 85 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои Ироқ ва Сурия меҷанганд, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Боиси зикр аст, ки ҳизби наҳзати ислом пеш аз ҳама ҷузъи таркибӣ ва ҷудонопазири шабакаи террористӣ буда, бо радиои ифротии «Зелло» ҳамкории зич доранд. Маҳз ҳамин тадбири онҳо буд, ки чанд тан аз ҷавонони навхат барои канда шудани риштаи ҷони сайёҳони бегуноҳ сабаб гардиданд.  

Чӣ бояд кард? Беҳтарин мубориза бар зидди тундгароён ин маърифати баланди сиёсӣ доштан аст. Ҷомеаро бояд мо омода кунем, то мафкураи онҳо ба ин ҳизбҳо нагаравад. Он гоҳ мо пирӯз хоҳем шуд.

Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои биологӣ,

Толмас Сайфуллоев, номзади илмҳои кишоварзӣ

А. Рашидов, номзади илмҳои кишоварзӣ

 

 

 

Аз фоҷеае, ки дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ба амал пайваст огоҳӣ ёфта, хеле нороҳат шудам. Дилам ба насли одамӣ сӯхт. То куҷо ҳайвонсирату бадгуҳар шудаем, ки барои канда шудани риштаи ҷони нафари бегуноҳ даст дорем. Дилам ба наздикону пайвандони сайёҳон сӯхт. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш онҳо дар саҳифаи инстаграммаи худ аз меҳмоннавозӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон васф карданд. Дар ҳар куҷое буданд, тоҷикон онҳоро гарм пешвоз мегирифтанд. Магар ин аз рӯи адолат аст, вақте миллионҳо сокинони кишвар аз рушди сайёҳӣ болидагӣ изҳор намоянду ҳар хонадон ҳатто беҳтарин анвои хӯрданиашро барои меҳмонон, хоссатан сайёҳон пешкаш созанду бо айби чанд тан аз ҷавонони ноогоҳ  бо тавсияи терористони наҳзативу исломпарастони зоҳирӣ ин ҳама хислатҳои наҷиби тоҷикона фаромӯш шавад? Магар мардуми ношукр фоҷеаҳои солҳои душвори ҷанги бемаънии шаҳрвандиро аз хотир фаромӯш сохтаанд, ки боз ба чунин амалҳои ноҷавонмардона даст мезананд.

Нохалафон зимни куштори шахсони бегуноҳ магар наандешиданд, ки фарҷоми ин кирдори ношоистаашон вой аст? Баробари ба нафрати халқ гирифтор шудан ин рафтори онҳо ба обрӯи сиёсии кишвари азиз лакнат зад.

Андешаи дигар маро ором намегузорад. Баъзе аз ин нафарон бо вуҷуди синну соли ҷавонӣ аллакай мактабҳои террористии хориҷиро гузашта, дар зеҳну тафаккури худ ончунон нафрат ба халқ ва мардуми осоишта ҳосил кардаанд, ки оқибаташ вой аст.

Таърих собитгари он аст, ки тоҷикон дарозои  арзи ҳастии худ боре ба сари ягон миллат сар набардоштаанд, балки бо нерӯи ақлу заковат, меҳнату бунёдкоронаи хеш дар тамаддуни башарӣ нақши мондагор доранд. Мо пас аз ҳазор сол бо хунбаҳои садҳо ҷавонон соҳиби як мулки ободу озод гардида, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол кишварамонро ба сӯи ободиву пешравӣ бурда истодаем. Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳои хеш қайд мекунанд, ки чунин миллати соҳибхирад, заковатманд, сабуру таҳаммулпеша дар ягон олам нест. Маҳз аз як гиребон сар баровардан, якҷоя меҳнати софдилона намудан моро дар ҳама ҷодаҳо пешрав намуда истодаааст. Пешвои мо онқадар дили бузург доранд, ки бовуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта дар Тоҷикистон ғами оламиёнро хӯрда, дар ҳалли мушкилиҳои глобалӣ аз қабили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ташаббускорӣ нишон медиҳанд.

Вале чанд тан ноҷавонмард бо амали тахрибкоронаи худ хостанд ба ҳамаи ин амалҳои нек хатти батлон зананд. Ҷомеаи ҷаҳон, халқ медонад, ки террорист Ватан, миллат ва дил надорад. Барои вай иҷрои супориши хоҷагони хориҷиаш муҳим асту бас.

Хайринисо Темирова,

номзади илмҳои педагогӣ,

устоди кафедраи ҷомеашиносӣ ва забони давлатӣ

 

 

 

  

Тоҷикистони азизи мо дар охири садаи ХХ ба даргириҳои ҳалокатбор ва ҷанги бемаънии бародаркушӣ, ки асосу мақсади ин аъмол ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд, рўбарў гардид. Касрату касофати ҷанги шаҳрвандӣ боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ, муҳоҷирати бешумори сокинони осоиштаи Ватан, харобию хонаю манзилҳо, фалаҷ гардидани саноату истеҳсолот ва маҷмўан сабаби паҳн гардидани бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ шуд. Ба василаи маводи матбуоти даврӣ, мақолаю хотираҳо, китобҳо, ёддоштҳо, сабтҳои радиоию телевизионӣ мардуми тоҷик дарёфт, ки дар саргаҳи оташ афрўхтани низоъу кашмакашҳои дохилӣ кадом нерўҳо қарор доранд. Бо гузашти вақт мо дарёфтему фаҳмидем, ки ҳама гуна ҳодисаҳои нохуши солҳои 90-ум дар Тоҷикистон рухдода бо дастури хоҷагони хориҷӣ ва хоинони ватанӣ сурат гирифтааст.

Бо вуҷуди далелҳои беҳисоб ва шинохти шахсиятҳое, ки воқеан дар харобии сарзамини аҷдодӣ даст доштанд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имзои якчанд қонуни афв гунаҳкорони ҳаводиси сиёсиро бахшиданд. Баъди талошу музокироти батакрор сулҳи деринтизор насиби халқу миллати мо ва тамоми сокинони мамлакат гардид. Давлату ҳукумат барои ҳар нафари сиёсии дар ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта сарзада имконоту шароити ягонаро чун дигар шахсон фароҳам овард. Баъди оромию сулҳу субот бозингарони сиёсӣ ба Ватан баргашта, аз ҷомеаи озоди шаҳрвандии кишвар истифода бурда, бо ташкили ҳизб, рўзнома, маҷалла, сомона ва садҳо тақвиму варақаҳои пурнақшу нигор кори таблиғотиро бо усули мухталиф ба роҳ монданд. Ҳарчанд аксари онҳо соҳиби корхонаю муассисаҳои хусусӣ ва машғулиятҳои озоди соҳибкорию тиҷоратӣ буданд, ва ба қавле, дар шурўъу идомаи ҳамаи кори барояшон судманд озод буданд, ё вазифаҳои баландмақоми давлатиро ба уҳда доштанд, аз рўзгору таърихи начандони дур ибрат нагирифтанд. Маълум шуд, ки роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳаммаслакони онҳо пайи шикастани пояҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тасмимҳо гирифта, дар дунболи табаддулоти сиёсӣ мебошанд. Ин буд, ки ин шахсиятҳои дар ҳақиқат барои таъмину пойдории мафҳумҳои муқаддаси Сулҳу Ваҳдат хавфнок аз камингоҳ берун омаданд ва чеҳраи аслии худро дар шакли табаддулоти сиёсӣ зоҳир карданд. Маҳз ҳамин кирдори сарварони ин ҳизби ифротии сиёсӣ боиси марги шахсони бегуноҳ, бахусус марги кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардид. Роҳбарият ва таблиғгарони Ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷ аз зодгоҳ ин аъмоли ноҷавонмардонаро назорату раҳнамоӣ карданд. Чи хеле ки дар урфият мегўянд «хас каму ҷаҳон пок». Дар фурсати кўтоҳ пайи ин тахрибкорон аз хоки поки Ватан рўфта шуд, вале сад афсўс, ки ин ҷамъи фирефта берун аз кишвар, дар долону толорҳо ва ҷойҳое, ки дар мамлакатҳои Аврупо чорабиниҳои сиёсӣ баргузор мешаванд, сўи ҳамватанону ҳаммилатони худ санги маломат меафкананд.

Филми мустанади «Манқурт», ки чанд рӯз пеш тавассути телевизион пахш шуд, бори дигар собитгари гуфтаҳои болоиянд. Маҳз бо супориши Муҳиддин Кабирӣ шумораи зиёди ҷавонони кишвар ба хлориҷ рафта, бинобар гумроҳии худ ба мактабҳои террористӣ шомил шуданд ва имрӯз аз роҳи интихобкардаашон сахт пушаймонанд.

Бояд ёдовар шуд, ки имрўз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақсадҳои нопоку ғаразноки «муҳоҷирони сиёсӣ» огоҳ аст. Ин тоифа чашми бози дидани пешравиҳои сарзамини хешро надоранд ва дар кишварҳои хориҷӣ ба ҷойи баланд бардоштани парчами Ватан, ифтихормандию сарфарозӣ аз Сулҳу Ваҳдат ба туҳматноманависию дурўғу фиреб машғуланд.

 Тоҷикон халқи соҳибтамаддун ва дурандешанд. Ҳар яки мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорем, ки фарзандони раҳгумкарда боз тири кину адоват ҷониби бародару хоҳари худ кашанд. Мо фиребхўрдагони солҳои 90-уми асри ХХ нестем ва барои мо Сулҳу Ваҳдат, якпорчагӣ, ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ ва бахту саодати якдигар волотарин гавҳарест, ки сарнавишт насибамон сохтааст.

Зафар Раҳмонов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

     

Барои халқи Тоҷикистони азиз, ки дар фазои сулҳу оромӣ рӯзгори босаодат ба сар мебаранд, амали ношукргузорона, ки аз ҷониби тан аз ҷинояткорон ҳадафмандона ба амал омадааст, хеле шармовар ҳам аст. Ҳадаф ҳам маълум аст: кишвари азизи мо бо ташаббус ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдаҳти миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ин соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас сазовор гардид. Мо медонем, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ба хотири рушди сайёҳӣ чи корҳои бузурге амалӣ шуда истодаанд. Имрӯз  кишвари мо ба як минтақаи азими сайёҳӣ мубаддал гардида, ҳамарӯза ҳазорон- ҳазор сайёҳон ба хотири сайру сайҳат, дидани мавзеҳои таърихӣ ташриф мефармоянд.

Вале рушди кишвари азизро баъзе нохалафон таҳаммул карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бо амалҳои ифроткоронаи худ мехоҳанд обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар байни дигар кишварҳо паст зананд.

Дар Қуръони азиммуушаън омадааст, ки рехтани хуни ноҳақ ҳаром аст. Пас чаро ифротиён дидаву дониста, ба хотири манфиатҳои беруна, пойбанди хурофот гардида, ба ин амал даст заданд? Ҳар амали бадро подоше ҳаст. Магар ин нафарон намедонанд, ки ин амали ноҷавонмардонаашон нафрати халқро нисбаташон меафзояд, дуои бади халқ мегирад. Маълум, ки барои ин ифротиён манфиати моддӣ аз манфиати халқу Ватан болотар меистад. Пас инҳо ватанфурӯшонанд, ки ба чанд фулусе оромию осоиши Тоҷикистони азизро иваз намудаанд.

Имрӯз мардум саркардагони ҷанги бемаънии таҳмилии солҳои навадуми қарни гузаштаро бо нафрату надомат ба хотир меоранд ва албатта, ин ҷавонони гумроҳи фурӯхташуда, ки ба номи саркардаи худ Ал- Бағдодӣ қасам ёд кардаанд, ба нафрати сахти халқ гирифтор мешаванд.

Ҳамон тавре, ки ишора рафт, масъулияти ин амали нангинро давлати исломӣ бар дӯш гирифта, онҳо ҳадафи ин амали террористиро аз байн бурдани «кофирон» арзёбӣ намудаанд. Ва бо ин кирдори нангин ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор доданианд, ки мақсади бунёди давлати исломиро доранд. Аммо, давлати бунёдменамудаи онҳо чӣ давлате хоҳад буд, ки аслаш қатлу куштор, тарсу ваҳм, нафрат ба дигар дину фарҳанг аст?

Ҳодисаи мазкур моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати ҳар гуна ҷинояткорон бетараф набошем, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Охунбобо Сайфиддинов,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент,

устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика,

собиқадори меҳнат

 

 

                         

 

Волидайн пас аз ба дунё омадани тифл нахуст бо ниятҳои наҷиб ва орзуву умеди бепоён ӯро номи нек гузошта, барои ба камол расидан ва инсони нек шудани ӯ ҷаҳду талош меварзанд. Худ намехӯранду фарзандро мехӯронанд. Худ намепӯшанду ҷигарбандашонро мепӯшонанд. Шабҳо шабзиндадорӣ намуда,  худ намехусбаду фарзанди азизашонро мехобонанд. Ва хулоса тамоми ҳастии хешро баҳри фарзандаш бахшида, мекӯшад, ки тифли нозпарвардаш хубу саодатманд ба воя расида, фардо дар дами пирӣ дастгиру мададгораш гардад. Ба таъбири шоири бузург Тошхоҷа Асирӣ:

Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,

Ба уммеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.

Аммо, мутаассифона, мисли Муҳиддин Кабирӣ ва дигар нохалафоне низ дар дунё арзи ҳастӣ доранд, ки аз гуфтаи волидайн берун по ниҳода, ҳатто волидонро мусибатзада карда, ба Модар-Ватан хиёнат мекунанд.                  

Тавре маълум аст террорист Муҳиддин Кабирӣ, ки пас аз ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистии эътироф гардидани ҳизби наҳзати исломӣ ҳатто ба гуфтаҳои падараш гӯш наандохта, аз кишваре, ки дар он ба воя расидааст,  фирор карда, имрӯзҳо бар муқобили Ватан – Модар сангпартоӣ мекунад. Борҳо падари Муҳиддин Кабирӣ тариқи расонаҳои иттилоотӣ ба фарзанди нохалафаш муроҷиат намуда, хостори ба Ватан баргаштани ӯ карда буд, аммо муроҷиаташ ҳамчун падар ба писараш нагузашт. Падари Кабирӣ аз рафтору кирдори разилонаи фарзандаш ҳамарӯза тариқи расонаҳову садову симо огоҳ гардида, аз ба камол расидани чунин фарзанд борҳо изҳори норозигӣ кардааст. Тибқи иттилои бархе аз хешовандони наздики Тилло Кабиров, ӯ баъди ба бемории вазнин гирифтор шуданаш, ки сабабгори асосии ӯ фарзанди хоинаш террорист Муҳиддин Кабирӣ мебошад, Кабириро оқ карда будааст. Маҳз чунин кирдору рафтори Муҳиддин Кабирӣ ба он боис гардид, ки падараш дар назди хешу ақрабо ва ҳамдеҳагон шармсор гардида, дар дами пирӣ аз азоби фироқи фарзанди хоин ба бемории сактаи қаблӣ гирифтор гардида,  ҷон ба холиқи ҷонофарин супорид.  Аз ин  бармеояд, ки мусибати Кабирии террорист падарашро аз пой афтонду кушт. Ба ҳамин монанд имрӯзҳо чандин тан аз хоинони миллат аз дидори гарми падар маҳрум гардида, ҳатто аз гӯшаи тобути падар набардоштаанд. Ин хоинон супориш ва дастури хоҷагони хеш ва маблағи муфтро аз дидори гарми волидайн боло гузошта, ҳатто аз онҳо рӯй гардонидаанд. Мо, ҷавонони худогоҳу хештаншинос рафтору кордори чунин бешарафонро маҳкум менамоем, намегузорем, ки дигарбора ин нохалафон ҷавонони моро гумроҳ кунанд!

Рустам Ғуфронов,

донишҷӯи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҳаёти осудаву пешрафту шукуфоии мамлакат аз шаҳрвандони босаводу дурандеши он вобастагии калон дорад. Дар солҳои охир маърифати сиёсии мардум, ифтихору ҳуввияти ҷавонон хеле боло рафта, ҳар кадоме бо амри дилу виҷдон барои ободии кишвар саҳмгузор мешаванд. Аммо миёни ҷавонони худогоҳу заковатпеша ҳастанд нафароне, ки пойбанди фиребу макру ҳияли дигарон гардид, даст ба амалҳои нобахшиданӣ мезананд.

Ҳодисаи нанговаре, ки рӯзи 29 июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данщара ба вуқӯъ пайваст, дили бандаро абгор кард. Амале, ки чор хоин бо шаш ёвари худ кардаанд, ҳайвони ваҳшӣ ҳам ба ин дараҷа намекунад. Қисме аз онҳо ҳаёти худро бохтанд, боқимондагон дар торикистон мемонанд. Ин нотавонбинон ҳам падару модар ва наздикону пайвандон доштанд, наход онҳо рафтори фарзандонашонро  мушоҳида накарданд? Имрӯз сари ҳамаи онҳо назди мардум хам ва забонашон кӯтоҳ шуда монд. Дар амали ҳар кадоми онҳо бемасъулиятӣ ва бетарафиро мебинам.

     Рафтори ин нотавонбинонро сахт маҳкум намуда, пайравони онҳоро ёдрас мешавам, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, ҳаёти дилхоҳро соҳиб намешаванд.

         Аз мардуми соҳибназари вилоят даъват ба амал меоварем, ки ин ҳодисаи мудҳишро барои фарзандону пайвандон ҳамчун сабақи зиндагӣ матраҳ намоянд, то онҳо хатогии ҳамсолони худро, ки бо амри хоҷагони ДИИШ дар ҳамкорӣ бо ҲНИ кардаанд, дигар такрор насозанд.

Хуршед Худойбердиев, Хуршед Мақсудов, Одилхӯҷа Солиев, устодони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои итттилоотӣ, номзадони илмҳои физика ва математика

Воқеаи нангине, ки чан рӯз қабл дар кишвари мо рух дод, бори дигар моро ҳушдор менамояд, ки нисбати тақдири давлату миллати худ бетараф набошем. Онҳое, ки имрӯз дар пардаи ислом худро пинҳон мекунанду бо номи ислом ба корҳои ношоиста ва кирдорҳои номатлуб даст мезананд, кӯшиш мекунанд, ки обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ тамоми воситаҳоро истифода намоянд. Рафтори ноҷавонмардонаи ашхоси шомил ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки чор нафар сайёҳони хориҷиро ба қатл расониданд,  ба иззату шаъни инсони комилу солимфикр созгор нест.  Онҳое даст ба чунин куштори ваҳшиёна заданд, ки  ҳадду андозаи инсонигариро намедонанд,  лоиқи номи инсонӣ нестанд.

     Мо, устодон, ки солҳои сол барои маърифатнокии ҷомеа саъй меварзем чунин рафтори ношоиста ва ваҳшиёнаи афроди ҷиноятпешаро ҳамаҷиҳата маҳкум мекунем. Бахусус, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу созанда, бунёдкорона ва хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хоса пайдо намудааст, бо боварии комил зикр менамоем, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи ин сиёсати созанда боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба хотири ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо ин гуна хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат  сарҷамъона муборизаи беамон мебарем.

  Ғайрат Раҷабов, номзади илмҳои физика ва математика,

Хайриисо Темирова, номзади илмҳои педагогӣ,

Абдушукур  Назаров, доктори илмҳои иқтисод,

Охунбобо Сайфиддинов, номзади илмҳои техникӣ

Осимов Зайниддин Осимович, номзади илмҳои техникӣ

     

 

 

  Ҳар як халқу миллат сулҳу субот дӯстиву рафоқат ваҳдату ягонагиро орзу дорад, зеро фақат дӯстиву рафоқат ваҳдату ягонагӣ инсонро хушбахт менамояд. Аммо афроде ҳастанд, ки мехоҳанд ин орзуи тамоми аҳли башарро барҳам диҳанд.

 Чун аз расонаҳои ватаниву хориҷӣ огаҳӣ пайдо намудем, санаи 29. 07 соли равон дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара як гурӯҳи бадхоҳон сайёҳони хориҷиро бо нақлиёт пахш намуда, гӯё ба садама дучор шуда бошанд ва бо ҳамин амалиёти нопок риштаи умри чанд нафарро барканданд. Аз рӯйи маълумотҳо  чор нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расида, чанд тани онҳо бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд. Албатта, ин кирдори онҳо беҷавоб нахоҳад монд. Зеро ҳар амал подоши худро дорад. Набояд ин ҳикмати ҳаётиро фаромӯш кард:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

        Аз ҳисоби ин ҷинояткорон як нафар аз тарафи мақомоти қудратӣ дастгир, чанд нафари дигар  нобуд шуда, якчанд нафар дар ҷустуҷӯяенд.

     Мо, ҷавонони ДПДТТ аз ин амали ноҷавонмардона сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони ин шахсон ҳамдардии бепоён изҳор менамоем. Зеро воқеан ҳам, ин кирдор боиси ангезаи нафрати ҳамдиёрон гардида, мардумро ба ҳамдилию сарҷамъӣ водор менамояд.

Ҷамшед Масаидов, сарвари бахши кор бо ҷавонони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Хиромон Пӯлодзода, донишҷӯи курси 3,

Ғуфрон Рустамов, донишҷӯи курси 2,

Манучеҳр Шарипов,  донишҷӯи курси 3,

Аёмиддин Саидов, донишҷӯи курси 3