Ҳаёти осудаву пешрафту шукуфоии мамлакат аз шаҳрвандони босаводу дурандеши он вобастагии калон дорад. Дар солҳои охир маърифати сиёсии мардум, ифтихору ҳуввияти ҷавонон хеле боло рафта, ҳар кадоме бо амри дилу виҷдон барои ободии кишвар саҳмгузор мешаванд. Аммо миёни ҷавонони худогоҳу заковатпеша ҳастанд нафароне, ки пойбанди фиребу макру ҳияли дигарон гардид, даст ба амалҳои нобахшиданӣ мезананд.

Ҳодисаи нанговаре, ки рӯзи 29 июл дар минтақаи Себистони ноҳияи Данщара ба вуқӯъ пайваст, дили бандаро абгор кард. Амале, ки чор хоин бо шаш ёвари худ кардаанд, ҳайвони ваҳшӣ ҳам ба ин дараҷа намекунад. Қисме аз онҳо ҳаёти худро бохтанд, боқимондагон дар торикистон мемонанд. Ин нотавонбинон ҳам падару модар ва наздикону пайвандон доштанд, наход онҳо рафтори фарзандонашонро  мушоҳида накарданд? Имрӯз сари ҳамаи онҳо назди мардум хам ва забонашон кӯтоҳ шуда монд. Дар амали ҳар кадоми онҳо бемасъулиятӣ ва бетарафиро мебинам

 Рафтори ин нотавонбинонро сахт маҳкум намуда, пайравони онҳоро ёдрас мешавам, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд, ҳаёти дилхоҳро соҳиб намешаванд.

Аз мардуми соҳибназари вилоят даъват ба амал меоварем, ки ин ҳодисаи мудҳишро барои фарзандону пайвандон ҳамчун сабақи зиндагӣ матраҳ намоянд, то онҳо хатогии ҳамсолони худро, ки бо амри хоҷагони ДИИШ дар ҳамкорӣ бо ҲНИ кардаанд, дигар такрор насозанд.

Хуршед Худойбердиев, Хуршед Мақсудов, Одилхӯҷа Солиев, устодони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои итттилоотӣ, номзадони илмҳои физика ва математика

Хабари дар ҷамоати Себистони шаҳри Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ анҷом ёфтани амали террористӣ аз ҷониби пайравони ДОИШ боиси нигарони аҳли олам гардид. Ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барин давлати абарқудрат расман баён дошт, ки дар самти таҳқиқи ин ҷинояти мудҳиш бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд ва кирдори нангини анҷомдиҳандагони амали мазкурро ба кулли мардуми тоҷик вобаста намедонад. Ин маънои онро дорад, ки дар Амрико низ таъкидҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси Ватан, модар, дину имон, меҳру муҳаббат ва ихлосу садоқат надоштани террористону ифротгароён тасдиқ менамоянд. Яъне наметавонад дасисаву фитнаи нокасон номи давлату миллатамонро дар ақсои олам паст кунад.

Вобаста ба ин масъала падидаи номатлубе моро сахт ба андеша водор намуд, ки мавқеи бетарафиро ишғол кардани Ҷумҳурии исломии Эрон нисбати амали террористии болозикр аст. Мо бо мардуми ин кишвар на танҳо ҳамзабон, балки ҳамхун низ ҳастем. Решаҳои ягонаи миллӣ, таърихиву фарҳангии муштарак дорем. Бузургони миллати тоҷик бузургони форсҳо ҳам ҳастанд. Адабиёти ҳар ду кишвар низ муштарак аст ва дар саргаҳи он Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ меистад. Бо назардошти ин, эрониҳо бояд беш аз дигарон ғусса мехӯрданду мутаассир мешуданд. Вале мутаассифона, мо баръакси онро мушоҳида намудем.

Хирадманде панд медиҳад, ки ё зангии Занг бош, ё румии Рум! Дар ҷаҳон аз мавқеи бетарафиро ишғол кардан дида кори бадтаре нест. Нисбати чунин кирдорҳои нангин бетараф будан маънои ҷонибдорӣ аз онҳоро дорад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои дӯстонаро бо Эрон ба роҳ монд, ки ҳама соҳаҳоро фаро мегирифтанд. Маҳз дар доираи ҳамин дӯстию рафоқат ду лоиҳаи калони сармоягузорӣ – нақби «Истиқлол» ва НБО «Сангтӯда -1» сохта, ба истифода дода шуданд. Сафарҳои расмии сарони ҳар ду кишвар ва даҳҳо ҳайатҳои бонуфуз ба давлатҳои якдигар, баргузор намудани чорабиниҳои гуногун ва ҳамкории босамар дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ барои ҳар ду кишвар судманд буд. Мутаассифона, бо иваз шудани роҳбарияти Эрон дӯсти дирӯзаи мо ба паноҳдиҳандаи бадхоҳону душманонамон табдил ёфт ва имрӯз парвое надорад, ки пайравони ДИИШ ба Тоҷикистон низ роҳ ёфтаанд.

Ҳанӯз зиёда аз 1000 сол пеш шайхурраис Ибни Сино таъкид дошта буд:

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст,

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт!

Ватани азизи мо имрӯз аъзои комилҳуқуқи  СММ аст ва бо зиёда аз 140 давлати дунё муносибати дипломатӣ дорад. Дӯстони ҳақиқиву ҷониамон дар тамоми қитъаҳо ҳастанд ва ҳаргиз моро дар рӯзи сахтӣ танҳо намегузоранд! Аммо дар сари масъалаи дӯстӣ бо «Дӯстон»-и душманнасақ бояд сахт андеша намоем.

 

Турсун Холматов, муовини директор оид ба илми ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 Меваи ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки бештари олимону  мутахассисон, муаллимону муҳандисон ва кормандони дигар муассисаю корхонаҳо тарки кишвар намуданд. Бо рафтани бисёри аз онҳо фазои илмию фарҳангӣ мамалакат холӣ монд. Ва ҳамон солҳо нафаре ё гурӯҳе аз рӯшанфикрону озодаандешони Тоҷикистони натавонистанд фарҳанги миллии худро эҳё ва муҳофизат намоянд. Бинобар ин фарҳанги арабӣ ва мафкураи  исломӣ мисли асри VII аз нав хурӯҷ карда ба оташи ҷанг равған рехт. Ҳаминро бояд ба инобат гирифт, ки гуногунақидагӣ дар масъалаи дину этиқод ба нофаҳмиҳо пайдоиши ҳар гунна ҳаракатҳову ҳизбҳое оварда мерасрнад, ки метавонад боиси халалдории оромиву суботи давлату ҷомеъа гарданд. Бояд қайд кард, ки аллакай ин падидаҳо дар ҷомеъаи мо зуҳур ёфта истодааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди соҳибмарифати Тоҷикистони азизамон бояд дарк кунад, ки дин аз сиёсат ҷудо аст, вале давлат дар сиёсати худ дин ва масъалаҳои диниро аз мадди назараш дур  намемонад. Истифодаи дин, эҳсос ва этиқодии динии мардум дар сиёсат раво нест. Барои он, ки аз номи дину худо манипулятсия накунанд. Барои ба ин мақсад расидан бояд калимаи ислом аз номи ҳизби наҳзати ислом бардошта шавад.

Аз қабили чунин қувваҳо, ки бо эҳсоси мардум ба қавле бозӣ мекунанд ин ҳизби террористиву экстремистии наҳзат мебошад. Намояндагони ин ҳизб сар аз роҳбари «оқил»-и худ  мехостанд бо роҳи давлатро дар назари мардуми одди сиёҳ созанду барои ҳизбаш имтиёзоти сиёсӣ ба даст орад. Он мушкилотеро мегӯянд, ки мардум худаш медонад. Суханпардозиҳояшонро хизмат ба ҷомеъа меҳисобанд. Аммо дар бораи он ки ҳизби наҳзати ислом аҳри ҳаёти орому осудаи мардум, пешрафти иқтисодии онҳо чи корҳоеро анҷом додаст, хомуш аст. Зеро амали воқеиро дар тӯли мавҷудияти ҳизб анҷом надодааст. Фарқиятгузори ин ё он гурӯҳҳо дар масоили дини метавонад байни ин гурӯҳҳо ҳисси бадбини ва тафриқаро ба миён оварад. Аз ин лиҳоз тарафдорони ҳизби наҳзати ислом имрӯз дар кишвар намондааст, зеро онҳо чеҳраи аслии худро нишон дод.

Бойпоччо Фатҳиддинов, устоди кафедраи нақлиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ

 

 

Вақте ки хабари нохуш оид ба амали террористӣ нисбати сайёҳони хориҷӣ дар васоити ахбори омма расонаӣ шуд, беихтиёр ин абёти шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба хотир омад:

Лаънати ду ҷаҳон ба он кас бод,

Ки зи дунҳимматию беорӣ

Хӯрда шири сафеди модарро,

Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ.

Ва бо қатъияти тамом гуфтем: Лаънати ду ҷаҳон ба чунин нокасоне бод, ки мехоҳанд бо амалҳои нангин номи Тоҷикистони соҳибистиқлолро доғдор кунанд. Махсусан дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар шаҳри Данғара – зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудани амали мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки душманони миллати тоҷик хоссатан дастандаркорони ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва давлати исломии ироқу Шом барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали ғайриинсонӣ даст намекашанд ва ҳар як лаҳзаи мувофиқро истифода мебаранд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Мақсад аз ин иқдоми ватандӯстона ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии Ватани маҳбуб, рушди ин соҳа, ҷалби сармоя ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор буд. Ва тибқи маълумотҳо дар давоми нимсолаи аввали соли равон шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифоварда аз шумораи умумии соли 2017 зиёд аст. Бо ибораи дигар, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ба манфиати тамоми сокинони кишварамон аст.

Имрӯз дар дунё давлатҳое кам нестанд, ки аз рушди соҳаи сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ даромади калон ба даст меоранд. Новобаста ба ин амали террористӣ соҳаи туризм дар Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад ва душманону бадхоҳони миллату давлат дар ин самт наметавонанд монеае эҷод кунанд. Зеро дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳли сайёра Ватани моро чун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона шинохтаанду эътироф кардаанд.

Хулоса, ҳар касе, к ибо душмании халқ равон аст, ба зудӣ сари худро мисли гирдоб мехӯрад. Халқи сарбаланду соҳибтамаддун дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид шуда, намегузорад ҳаёти хуррамаш доғдор шавад.

Бо истифода аз фурсат ба шахсиятҳои нопок ғоибона муроҷиат намуда мегӯям: Шумо ҳайвоне ҳастед, ки дар сурати одам ҷилва менамоед, зане ҳастед, ки либоси мардона ба бар кардаед. Дониста монед, ки шуморо халқу Худо намебахшанд ва дар ҳар ду ҷаҳон рӯсиёҳ хоҳед буд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

 Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати  тоҷик  ҷонбозию талош варзем.

Махсусан мо бояд шадидан ҳамоиши баргузорнамудаи наҳзатиёнро дар шаҳри Дортмунди Олмон, ки гӯиё ба ифтихори 21- солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бахшида шуда буд, маҳкум намоем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад.

Солиев Зоҳир, номзади илмҳои филологӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат

 

 

Тоҷикистон дар шоҳроҳи ободкориву созандагӣ  қадамҳои устувор мегузорад. Фазои софу беғубор, мардумони зиндадилу зарофатгӯ, меҳмоннавозу  ободкор бо меҳнати ҳалолу рафтори намунавӣ дили ҳазорон – ҳазор сайёҳро ба Тоҷикистони офтобрӯя гарм месозанд. Махсусан эълон шудани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ба рушди туризм, эҳёу рушди ҳунарҳои мардумӣ таккони тозае бахшид. Дар ҳар куҷое бошем, сухан аз меҳру муҳаббат ва раиятпарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад.

Аммо ин фазои софу кабудро ҳар замон абрҳои хира мепӯшонад ва торику зулмат дили сокинонро ҳазён медиҳад. Ҳодисаи рӯзи 29 июл дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара рухдода бори дигар исбот намуд, ки душманони миллати мо ҳаргиз пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд. Ин сияҳдилон, ки намояндагии давлати ироқу шомро муаррифӣ намуданд, чун диданд, ки Тоҷикистон дар роҳи рушди сайёҳӣ ба пешравиҳо ноил гашта истодаанд, мавқегирона ба ҷони 7 сайёҳи хориҷӣ амали терорристиро анҷом доданд. Дар натиҷа, ду нафар шаҳрванди Амрико, як нафари шаҳрвандони шоҳигарии Нидерландия ва кишвари Шветсария дар ҷои ҳодиса фавтиданд. Ду нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор дошта, танҳо як нафар ҷон ба саломат бурдааст. Тавре аз наворҳои видеоӣ бармеояд, ин сиёҳбахтон, ки аксаран насли ҷавони зери 20 –солаанд, бо як бераҳмии махсус аввал онҳоро пахш намуда, чун диданд, ки аз онҳо осори зинда мондан аст, дубора ба болояшон мошинаи ДЕУ Леганзеро ба ҳаракат дароварданд. Ба ин корашон қаноатманд нашуда, бо корд ба сайёҳон ҳуҷум намуданд. Аз ин ҳодиса чунин хулоса баровардан мумкин, ки онҳо бо баҳонаи нафрату надомат ба шаҳрвандони ғайримусулмон мехостанд ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди кишвари Тоҷикистон бархезонанд. Ҳодиса замоне баргузор шуд, ки чанд рӯз пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки нисбати сайёҳон муомилаи дуруст намуда, барояшон дар бароварда кардани ҳоҷатҳояшон кӯмак намоянд. Президент ҳатто қайд карданд, ки касоне, ки ба сайёҳон муносибати дағалона мекунанд, онҳо душмани миллат ҳастанд, зеро маҳз хориҷиён ба имрӯзи Тоҷикистон баҳои воқеӣ медиҳанд. Маҳз ба хотири паст задании шаъну эътибор ва пирӯзиҳои  давлат ва Ҳукумат хоҷагон хостанд ин амали нангинро ба сомон расонанд. Тавре аз баёнияи боздоштшудагон бармеояд, онҳо қаблан аъзои ҲНИ буда,  ин нақшаро қаблан тарҳрезӣ намуда, дар мактабҳои касбии киллерии шаҳри Қуми Ҷумҳурии исломии Эрон машқу тамрин намудаанд.

Ҳосили ин амали террориистиро имрӯз дар расонаҳои хабарии олам ҳар рӯзноманигор аз нигоҳи худ баҳо медиҳад. Лекин худи сайёҳони хориҷие, ки имрӯз дар Тоҷикистонанд иқрор мешаванд, ки ин кор бозии дасти душманони миллатанд. Ва онҳо борҳо таъкид медоранд, ки чунин миллати хушсухан, инсондӯст ва меҳмоннавозро дар олам кам дидаанд. Тоҷикистон агарчи кӯҳсор аст, ба он тамоми оламиёнро ғунҷонида метавонанд.

Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,

Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик,

Агарчи ҳалқаи кӯҳҳош танг аст,

Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Дилафрӯз Раббизода, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар тамоми Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё, ҷавонон дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, баҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба тхотири ҳифзи суботуамнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Дар Қонуни дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи  чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Гулнора Юсупова, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети муҳандисӣ- технологӣ

 

 

Ҳамдиёрони азиз! 

Таърих собитгари он аст, ки тоҷикон дар дарозои  арзи ҳастии худ боре ба сари ягон миллат сар набардоштааст, балки бо нерӯи ақлу зковат , меҳнату бунёдкоронаи хеш дар тамаддуни башарӣ нақши мондагор дорад. Мо пас аз ҳазор сол бо хунбаҳои садҳо ҷавонон соҳиби як мулки ободу озод гардида, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол кишварамонро ба сӯи ободиву пешравӣ бурда истодаем. Сарвари давлат борҳо дар баромадҳои хеш қайд мекунанд, ки чунин миллати соҳибхирад, заковатманд, сабуру таҳаммулпеша дар ягон ҷои олам нест. Маҳз аз як гиребон сар баровардан, якҷоя меҳнати софдилона намудан моро дар ҳама ҷодаҳо пешрав намуда истодаааст. Пешвои мо онқадар дили бузург доранд, ки бовуҷуди мушкилиҳои ҷойдошта дар Тоҷикистон ғами оламиёнро хӯрда, дар ҳалли мушкилиҳои глобалӣ аз қабили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ташаббускорӣ нишон медиҳанд.

Аммо новобаста ба ин, чун қарнҳои пешин аҳримансифатоне чун заҳҳоки морхӯр дар ҷамъият пайдо мешаванд, ки оромии ҷомеаро халалдор месозанд. Ин бор «нақшаҳо»-и душманон фаротар аз ҳудуди Тоҷикистон гардид. Онҳо даст ба амале заданд, ки ҳатто ҳайвон ба наслҳои худ намекунад. Куштори чор сайёҳ, дар соле, ки Тоҷикистон онро соли рушди сайёҳӣ эълон кардааст, бори дигар аз нодидагирии пешравиҳои Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Бо ин амали хеш онҳо мехостанд, ки оламиён ба кишвари мо нафрат намоянд. Аммо аз ҳодиса ду рӯз гузашта, ҳоло аксаран Тоҷикистонро дар ин самт гунаҳкор не, балки душманони онро маҳкум мекунанд. Мо медонем, ки пушти ин ҳодисаи нангин ДИИШ  дар ҳамкорӣ бо ҲНИ меистад.

Онҳо дигар чораи мубориза наёфтанд. Гуноҳи ин чор нафар сайёҳи бегуноҳ ба гардани онҳост. Ин ҳодиса моро дар атрофии давлат ва Ҳукумат қавитар намуд.   

Мо, устодони донишкада ин амали нангинро маҳкум менамоем ва гуфтанием. Шикаст бод, пойи душманони миллат.

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисод, профессор, Азизулло Авезов, доктори илмҳои иқтисод, профессор, устодони кафедраи иқтисодиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Терроризми исломӣ дар мамлакатҳои Араб, Аврупо ва Амрико ҳоло аз ҳама беш фаъол мебошад.  Онҳо ба худ ниқоби пайравони дини мубини исломро гирифта, аз номи он ба тамоми оламиён идеяҳое, ки ба дини мубини ислом ҳеҷ умумияте надорад, паҳн карда истодаанд. Ҳусусан он бедодгариҳое, ки аз тарафи роҳбарони давлати ба ном исломии Ироқ,  ки орзуи бунёд кардани ҳалифатро доранд, одамони бомаърифатро ба ташвиш овардааст. Ба ин давлат бисёр одамони гумроҳ аз Аврупову Русияву Осиё шомил гашта истодаанд, ки ин боиси таассуф мебошад. Хусусан, он ҷавононе, ки аз Тоҷикистон иҳтиёрона ба ин давлат рафта истодаанд, мо сокинони кишвари азизамонро бетараф гузошта наметавонад.

Ин одамон аз ҷанги шаҳрвандии ҳонумонсузи солҳои 1992-1995 шояд беҳабар бошанд, ки дар натиҷаи он бисёр шаҳрвандони кишвар нобуд гардиданд. Наҳод калонсолони ин оилаҳо аз ин хел фикру акидаҳои фарзандони ҳуд бехабар бошанд? Ба фикри ман, онҳо бохабар, лекин беаҳамиятӣ нисбати такдири фарзандонашон боиси  он мегардад, ки онҳо дар ҷангҳои беадолатона ҳалок мегарданд. Ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо кадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Аз тарафи давлат ягон озодии инсон новобаста аз он ки ба кадом дин шомил мебошад, маҳдуд карда нашудааст. Ҳамаи имкониятҳо барои инкишофи ҳар як фарди ҷомеа аз тарафи давлат муҳайё карда шудааст. Бояд ҳар як кас дарк кунад, ки беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ин кори на танҳо шахсони алоҳида буда, балки ҳар як аъзои ҷомеа кушишу ғайрат кунад, то ки ватани азизи мо  рӯз ба рӯз шукуфон гардад.  Ман аз тамоми ҷавонон ҳоҳиш мекардам, ки пеш аз амали бемаънӣ кардан, як фикр кунанд, ки бо ин амали ҳуд обрӯи оила, хешу табор ва наздиконро паст мекунанд. Мақсади асосии ҳар як ҷавон дар замони ҳозира ин соҳиби касбу ҳунари муайян шудан бояд бошад. Барои ин ҳамаи шароитҳо аз тарафи давлат муҳайё гардида истодааст. Он гамҳорие, ки давлат ваҲукумати кишвар нисбати ҷавонон мекунанд, на дар ҳамаи давлатҳои дунё ба назар мерасад. Мо бояд аз ҳар як рузи ҳаётамон дар шароити сулҳу осоиштагӣ ва тинҷӣ миннатдор ва шукргузор бошем.

Руслан Бобоҳоҷаев, номзади илмҳои техникӣ, устоди кафедраи агротехнология

 

Хабари марги 4 сайёҳ дар шоҳроҳи Данғара – Душанбе, ки рӯзи 29 июл сурат гирифт, ҷомеаи кишвар ва ҷаҳониёнро ба ларза овард. Шахсан ман аз ин амали ноҷавонмардона, ки чанд тан аз ҷавонони навхат онро иҷро намуданд, сахт андӯҳзада шудам. Дертар фаҳмидам, ки ин амали ваҳшиёнарон Давлати исломӣ бар дӯш гирифтааст. Бубинед, ин гурӯҳи ба ном исломӣ бо дасти ҷавонони нооогоҳ ба чӣ коре даст мезананд. Дар Қуръон омадааст, ки рехтани хуни ноҳак ҳаром аст. Пас чаро онҳо дидаву дониста, ба хотири манфиатҳои беруна, пойбанди хурофот гардида, ба ин амал даст мезананд. Мо медонем, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар ба хотири рушди сайёҳӣ чи корҳои бузурге амалӣ шуда истодаанд. Имрӯз  кишвари мо як минтақаи азими сайёҳӣ гардида, ҳамарӯза ҳазорон- ҳазор сайёҳон ба хотири сайру сайҳат, дидани мавзеҳои таърихӣ ба кишвари мо ташриф меоранд.

Нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи душманони кишвари мо ДИИШ ва ҲНИ танҳо ба як хотир аст. Лакнат задан ба обрӯи миллат аст. Зеро душманон фаҳмида истодаанд, ки ин мулки воҳид ва сокинони якдилу якмаромро бо ҳарфҳои сохтаю бофта ба даст оварда намешавад. Ҷониби наҳзатиён иддао доранд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири паст задани мавқеи онҳо ҲНИ-ро гунаҳкор медонанд, аммо онҳо дақиқан фаромӯш карданд, ки саркардаҳои ин амали ваҳшиёна иқрор шудаанд, ки бо супориши хоҷагони эронии худ даст ба ин амали нангин задаанд.

Чанд рӯз пеш наҳзатиён то ба ақсои олам дар бораи гӯиё ҷониби Тоҷикистон зидди муолиҷаи Иброҳим Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ бошанд, аммо аслан ба таъхир афтодани сафар барои муолиҷаи ин тифлаки маъсум комил набудани ҳуҷҷатҳои модар ва худи кӯдаки модар буд. Мақомоти кишвар барои дар хориҷа азоб накашидани модару кӯдак тавсия доданд, ки ҳуҷҷатҳоро пурра намоянд. Аммо Кабирӣ ва ёронаш аз мӯр фил сохтанд. Онҳо имрӯз давво доранд, ки ҳодисаи сайёҳонро ҳукумат сиёсӣ намудааст ва бегуноҳ онҳоро дар ин кор ҳамроҳ менамоянд.

Хулоса ин аст, ки ҳодисаи бо сайёҳон рухдода махсус дар минтақаи ноҳияи Данғара танҳо ба хотири сиёҳ кардани номи Тоҷикистон аст. Аммо яқин он аст, ки ин дафъа низ душманони миллат ба шикаст мувоҷҷеҳ гардиданд. Зеро ҳар қадаре, ки муқовимат шадид мешавад, мо низ далеру шуҷоъ ва бебок мешавем. Мо як Ватан ва як роҳнамо дорем, ки моро ба сӯи фардои дурахшон мебарад.

Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои биологӣ,

профессор, устоди кафедраи агротехнологияи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Дин ҳизб нест! Дин эътиқод аст ва боварӣ ба Худои таоло. Имрӯз дар давлатҳои исломӣ мусалмонон намояндагони динҳои дигарро бо чашми бад нигоҳ мекунанд, ки ин соф муқобили дини мубини ислом аст, барои он ки дар ислом умуман хислати бадбинӣ нисбати якдигар ва бандагони Худо гуноҳи гарон аст.

Агар бадбиниро гуноҳи гарон ё азим гӯем, худкушӣ, қатли мардуми бегуноҳ, дигар амалҳои террористӣ гуноҳе ҳаст ногуфтанӣ.

Яъне ифротгароён ё шахсоне, ки амалиёти ваҳшиёнаро на танҳо дар давлатҳои худ, балки дар дигар кишварҳои минтақа низ амалӣ мегардонанд, аз номи мусалмонон баромад карда, якчанд амалиёти террористӣ гузаронидаанд, ки боиси фоҷиаи гӯшношунид гардидааст. Барои аз байн бурдани чунин нофаҳмиҳо, бадбиниҳо ва амалҳои гайриинсонӣ, ҳар як фарди солимақл вазифадор аст, ки мардумро ба миллат ва дин ҷудо накунад, чунки онҳо ҳама офаридаи як Худоанд.

Яъне ҳар яки мо пеш аз даст задан ба ягон амали зишт ва ё амале, ки ваҳшиёна аст, бояд фикр кунем: «Оё чунин амали ман дуруст аст?», «Оё ин мусалмонии маро исбот мекунад?

Албатта, на, дуруст нест ва мусалмониро исбот намекунад ва ин роҳи ислом нест, балки ин роҳи мусалмонони ғаразнок ва соҳиби мафкураи паст мебошад. Пас, биёед, ҳаракат кунем, ки бо амалҳои хуби инсонии худ номи исломро пок нигоҳ дорем ва дар роҳи рости ислом вафодор монем. Ҳамчун шахси бомаърифат дар ҷомеаи имрӯзаи соҳибистиқлол барои зиндагии осоиштаву босуботи имрӯз ва фардои худ талош варзем.

Маҳбуба Султонова, номзади илмҳои иқтисодӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат