ГИРИФТОРИ МАКРИ БАДХОҲОН НАГАРДЕМ
Имрӯзҳо падидаҳои ҷаҳони муосир тамоми мардумони кишварҳоро ба танг овардааст. Вазъияти муташанниҷи Афғонистону Сурия ва Ироқу Шом ва дигар кишварҳои ҷангзада худ бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошад. Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ мо ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани худогоҳии миллатамон талошу заҳматҳо кашида, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ба хотирии оромии ҷомеаи мутамаддин ҳама якдилонаву якзабонона амал намоем. Ба ягон нафари хоину бадкина иҷозат надиҳем, ки ақидаҳои тундгароёнаи хешро таввасути мо амалӣ намоянд.
Аслан нест кардани ҳатто ному нишони онҳо аз Тоҷикистон худ кори хубе буд, ки миллатамон бидуни халал ба пеш равад ва мардумони тоҷик бидуни тарс зиндагӣ кунанд. Боре тавассути оинаи нилгун ва шабакаҳои иҷтимоии созмондодаи худи наҳзатиҳо хонда будам, ки наҳзатиҳо изҳорот пахш намуда, иддао доранд, минбаъд Тоҷикистон бидуни фаъолияти онҳо пеш намеравад. Ин суханҳоро хонда ҳам ба тафаккури пасти онҳо механдидаму ҳам аз ин суханони аз ночорӣ гуфтаашон раҳмам меомад. Аммо садқаи раҳму меҳрубонӣ гардидан, ки ба неъматҳои илоҳӣ шукргузор нестанд. Мақому манзалати худро дарк намекунанд, кас аз куҷо ба қадри дигарон мерасанд.
Бояд гуфт, ки вақте онҳо барои вайрон кардани фазои озодии мардум соли 2015 ташаббус нишон доданд, бегонагон ку як дарди бахайр чаро андешаи ҷони азизи падару модар ва ҷони ҷавони худу фарзандонашонро накарданд. Имрӯзҳо низ аз ҷониби баъзе аз хоинони миллат нисбати Тоҷикистон иғвову дасисаҳо рӯи кор омода, бо ин амали хеш онҳо мехоҳанд, то дар байни мардум якдигарнофаҳмӣ ривоҷ кунад. Аслан афроди ношукр ҳамеша чунин носипосу нотавонбин боқӣ мемонанд. Онҳоро ҳатто аз ин бӯҳронӣ равонӣ бароварда ҳам намешавад, зеро онҳо то ба дараҷае тинати нопок доранд, ки ҳатто ба хотири пул аз баҳри Ватан аз баҳри оила гузаштаанд. Ҳамаи он нафароне, ки қадри озодии зиндагиро намедонанд ба даргоҳи Яздон шукр карданро намедонанд, ба ғазаби Худо гирифтор шудаанд, ҳатто худи мо шоҳиди он гардида истодаем, ки нафарони хиёнаткору хиёнатпеша имрӯзҳо чи азобу кулфатҳоро аз сар гузаронида истодаанд. Ҳазор тавба, ки ҳатто онҳо дар маросими видоъи падару модарашон иштирок карда натавонистаанд. Куҷо шуд он диншиносиву исломдӯстиатон, ки ҳатто фикри падару модари хешро накардед. Онҳое, ки бароятон ҷони хешро фидо карданд, дар дами пириашон ба ҷои асои дасташон шудан онҳоро тарк кардед. Аммо бояд донед, ки чунин кирдорҳои нохалафонаи фарзанд, ҳеҷ гоҳ оини мусаллмонӣ нест.
Ба ҳамаи Шумо шаҳрвандони барӯманду арзандаи кишварам таъкид менамоям, ки ҳеҷ гоҳ ба доми макру фиреби бадхоҳон гирифтор нашавед.
Тоҳир Маҳкамов,
омӯзгори кафедраи меъмории Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд