• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ПАЁМ - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
 ПАЁМ - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
ПАЁМ - КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Дар факултети сохтмон ва нақлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Паём - кафили ояндаи дурахшони давлату миллат» ҳамоиш баргузор гардид.
Декани факултет Зӯҳро Умарова ироаи навбатии Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷомеа, аз ҷумла ба устодону донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки мо бояд баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар нерӯи зеҳнии хешро равона созем, зеро таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар маҳз ба самти соҳаи техника ва рушди он бештар гардидааст.
Муовини директори донишкада оид ба тарбия Гулшан Довудов дар баромади худ иброз дошт, ки чун ҳамеша нуқтаи меҳварии паём ин таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст, ки Президенти кишвар бо мисолҳои возеҳ онро таҳлилу баррасӣ намуданд. Мо бояд ҷавонон ва мутахассисони ҷавонро барои азхуд намудани фанҳои дақиқ роҳнамоӣ намуда, барои навовариҳо ва ихтироъкорӣ дар соҳаи техникаю технология онҳоро дастгирӣ намоем.
Омӯзгори калони кафедраи меъморӣ Р. Зокиров дар баромади худ қайд намуд, ки дар Паёми имсола ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон супориш дода шуд, ки ба сифати сохтмон ва санъати баланди меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда ба зебо гардидани симои шаҳру ноҳияҳо мусоидат намояд ва ба мардум садсолаҳо хизмат намоянд, аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Вобаста ба ин, устодони кафедраи меъморӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи меъморӣ фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намоянд ва донишҳои муосири соҳаро омӯзонанд.
Омӯзгори калони кафедраи сохтмон Фаррух Аминов дар маърӯзаи худ иброз дошт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати амалишавии ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне рушди босуръати саноат қайд карданд, ки суръати рушди саноати кишвар дар соли сипаригашта 15% буд ва он бояд дар соли 2025 на кам аз 20% бошад. Устодони кафедра баҳри соҳиб шудан ба салоҳиятҳои касбии ба талаботи замон ҷавобгуйи донишҷуёни самти сохтмон пайваста кушиш ба харҷ диҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қариб 90% мутахассисони соҳаи сохтмони вилоят хатмкардагони донишкадаи мо мебошанд.
Омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ М. Ғозиева гуфт, ки моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ сайъ намоем ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Барои дар ниҳоди ҷавонон бедор намудани ҳуввияти миллӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ кӯшиш аз тамоми имконот истифода барем.
Омӯзгори калони кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт С. Ашӯров дар баромади худ қайд намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он мебошад. Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 155 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Дастур супоришҳои Сарвари кишвар нисбати тадбирандешиҳо дар соҳаи нақлиёти транзитӣ ва инфрасохторҳои он устодони кафедраро водор месозад, ки ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи нақлиёт бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ҳамоиш бо мубодилаи афкор ҳусни анҷом пазируфт.
Шуъбаи кор бо ВАО


: 143

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены