• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МУҲАББАТУ САМИМИЯТ МАРЗҲОРО УБУР МЕКУНАД
 Новости
МУҲАББАТУ САМИМИЯТ МАРЗҲОРО УБУР МЕКУНАД

Дар сарнавишти ҳар қавму миллат санаҳои хотирмоне ҳаст, ки барои саҳифаи рангини таърихи он гардиши куллиеро ба миён овардааст. Баҳори имсола мисли баҳори соли 2018 барои кишвари мо баҳори файзтару накӯтар гардид.
Зеро бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму қатъияти Сарвари давлати Қирғизистон муҳтарам Содир Ҷаппаров марзҳои баста аз нав боз шуда, хешу табор, наздикону пайвандони ҳар ду тараф дубора ба ҳам омаданд. Ин ҳодисаи фараҳбахш маҳсули хиради халқи бузурги ҳар ду миллат, талошу муборизаи сарварон ва самараи шабзиндадории комиссияи муштарак оид ба муайян намудани ҳудудҳо маҳсуб мешавад. Халқи тоҷик чунин рӯзи хотирмонро 7 сол муқаддам, вақте марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуда буд, эҳсос карда буданд.
Хони густурдаи наврӯзӣ, растаҳои ҳунармандӣ, чеҳраҳои тобони модарону падарони тоҷику қирғиз дар оғуши табиати афсонавӣ, намоиши ҳунарҳои бадеӣ ва чорабинии фарҳангӣ ин рӯзро боз ҳам шукуҳмандтар гардонид.
Аз чеҳраҳои мардуми ҳар ду тараф маълум буд, ки онҳо ташнаи дидор, ташнаи тинҷиву амонӣ, ташнаи сулҳу ваҳдат ҳастанд. Ба оғӯш гирифтану дасти якдигарро самимона фишурдан дилҳоро лабрез аз шодиву нишот гардонд. Зеро дар фосилаи чор сол ду халқи бародар ва таърихан хешу табор дар сангарҳо барои ҷангу ҷидол, ҷисман аз байн бурани ҳамдигар талош меварзиданд. Дар симои якдигар душмани хунинро медиданд. Ин ҳамаро аҳримансифатон наззора мекардану табли шодӣ мезаданд. Ба чунин кӯрдилон мусибати мардум тӯй ва сурури мардум мотам маҳсуб мешавад.
Аммо дар асл халқ ҳамеша талаби осоиш дошт. Мо, халқи зафарманди кишвар аз он шукрона мекунем, ки Пешвои муаззами миллат бо сабру таҳаммул, иродаи шикастнопазир бо сухану алфози самимона барои рафъи мушкилиҳо кӯшиш ба харҷ доданд. Аз он ҷониб низ бо вуҷуди ҷавонии худ нигоҳ накарда, барои ба даст овардани сулҳ кӯшиш ба харҷ дод.
Пешвои ҳалқпарвари мо дар яке аз суханрониҳои хеш таъкид дошта буданд: “модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем. Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем.”
Дар такя ба чунин суханҳои гуҳарбор бамаврид аст, гӯем, ки роҳбари дурнигари хирадманди мо дар такя ба асолати таърихӣ барои побарҷоии миллат ва таъмини сулҳу ваҳдат чӣ қадар ҷонбозиҳо карданд.
Боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғтзистон натанҳо барои рафтуомади бемамониати ҳар ду тараф манфиатбор аст, балки ба рушди туризм, иқтисодиёт, равобити ҳасанаи фарҳангӣ, табодули таҷриба, робитаи варзишӣ арсаеро боз намуд.
Он рӯз дур нест, ки сайрхатҳо дубора ташкил карда мешаванд ва мардум аз маконҳои фароғати бозору марказҳои савдо фаровон истифода мебаранд. Дигар ҳамсояқирғиз бе душвори ба хонаи ҳамсояи тоҷикаш ворид мешавад, ҳусни ҳамсоядорӣ ва ҳамҷавориро риоя мекунанд. Ин аст тантанаи адолат, шафқат, меҳру муҳаббат, ҷавҳари худшиносӣ, инсонгароӣ.
Ин мисраҳоро рӯи саҳифа оварда, байти машҳуре ба ёд мерасад:
Одамизодам, барои одамӣ ҷон меканам,
Канда шуд гар риштае ҷоне зи кин ҷон меканам.
Оре, танҳо меҳру муҳаббат, садоқат, эҳтироми якдигар марзҳоро убур мекунад ва инсонро ба маънои аслиаш фардсоз менамояд.


: 219

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены