

ИШТИРОКИ УСТОДИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ХӮРОКВОРӢ
Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Таърихи муваффақият ва дастовардҳо дар роҳи ояндаи устувор» баргузор гардид, ки иштирокдорони он мавзуъи технологияҳои хӯрокворӣ, тадқиқоти илмӣ-амалӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Аврупоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар симпозиум бо даъвати ташкилкунандагон Насим Тошхоҷаев, мудири кафедраи технологияҳои маҳсулоти хӯрокаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва маърӯзаи илмӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки Симпозиум дар доираи лоиҳаи PECA (GIZ) баргузор шуда, ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ миёни донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро тақвият мебахшад.