• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ҲАМОИШ: “САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМУ ТЕХНИКА”
 Новости
ҲАМОИШ: “САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМУ ТЕХНИКА”

Дар Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Ҷамъияти илмии факултети муҳандисӣ - технологӣ ва садорати он, ҳамоиши илмӣ – назариявии “САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМУ ТЕХНИКА”, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия ” ва “Рӯзи илми тоҷик” бо иштироки аъзоёни Ҷамъият, омӯзгорон, унвонҷӯён, докторантон PhD аз рӯи ихтисос, магистрантон ва донишҷӯёни фаъолу навовар баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини директори донишкада Усмонҷон Ахмедов ва диекани факултети муҳандисӣ - технологӣ Насимҷон Камолов ифтитоҳ намуданд.
Сипас Фарангис Маҳмудова раиси Ҷамъияти илмии муҳандисӣ - технологӣ дар мавзӯи “САҲМИ ОЛИМОНИ ҶАВОН ДАР РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК” баромад намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои охир сафи олимони ҷавони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд, ҳам аз байни омӯзгорон, ҳам аз байни донишҷӯёну магистрантон беш аз пеш зиёд шуда истодаанд.
Дастовардҳои назарраси солҳои охири донишкада нишон медиҳад, ки ҷавонон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъол буда, кӯшиш намуда истодаанд, ки малакаву тахассуси худро ривоҷ диҳанд. Ҷавонони донишкада дар маҳфилҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодӣ, озмунҳои сатҳҳои донишкадавӣ, шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳумҳуриявию байналмиллалӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро созовор шудаанд.
Аз тарафи як қатор омӯзгорони факултети муҳандисӣ технологӣ дар давоми 2 соли охир рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, бо патенту санадҳои татбиқ ва бо иштирок дар форуму симпозиумҳои сатҳи байналмиллалӣ саҳми муассири худро дар рушди илми тоҷик гузошта истодаанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин маърӯзаҳои раиси созмони Ҷавонони факултет Шаҳзод Илмаминов таҳти унвони “НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР”, Абдуҳаким Дӯсматов, муовини декан оид ба тарбияи факултети муҳандисӣ – технологӣ, ассистенти кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока дар мавзӯи “АҲАМИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКА”, маърӯзаи Дилноза Тӯйчиева, ассистенти кафедраи технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ, докторанти Phd курси 3 ихтисоси 6D072600 “УСТОЙЧИВАЯ МОДА И ЭКОНОМИКА ЗАМКНУТОГО ЦИКЛА”, маърӯзаи Олияхон Исмоилова магистранти курси 1, дар мавзӯи “ТАКМИЛИ ТЕХНОЛОГИЯИ МАҲСУЛОТИ ФУНКСИОНАЛӢ ДАР АСОСИ КОНСЕНТРАТИ РАСТАНИГӢ” шунида шуд.
Маърузаву мақолаҳо аз тарафи аъзоёни ҷамъият дар атрофи самти кории ҳамоиш баррасӣ ва муҳокима гардида, зиёда аз 15 адад мақолааҳои илмии аъзоёни ҷамъият дар маводи чопии ҳамоиш нашр гардид.
Ҳамоиш бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Шуъбаи кор бо ВАО


: 16

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.05.2025
ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГАРВАРД
Новости
  • 08.05.2025
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ
Новости

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 14.10.2024
Маркази байналмилалӣ ва идораи лоиҳаҳо
Центр международного сотрудничества и управления проектами

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены