

ПАЙҒОМИ НЕК: ДИЛФУЗА ҶӮРАЕВА, ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК БОШАД!
Раёсати Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷӯраева Дилфуза Муродҷоновна, ассистенти кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти донишкадаро ба муносибати ҳимояи рисолаи номзадӣ сидқан табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодӣ комёбиҳои беназир таманно менамояд.
Дилфуза Ҷӯраева санаи 24-уми апрели соли 2025 дар Шӯрои диссертатсионии Д999.XXX.03 (99.2.129.03) назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.3. - Иқтисодиёти ҳудудӣ ва соҳавӣ (иқтисодиёти соҳаи хизматрасонӣ) дар мавзуи “ТАКМИЛДИҲИИ МЕХАНИЗМИ ИДОРАКУНИИ ПОТЕНСИАЛИ КАДРИИ КОРХОНАҲОИ САВДО ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳти роҳбарии н.и.и., дотсент Галина Комарова бомуваффақият ҳимоя намуд.
Шуъбаи кор бо ВАО