• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШКАДА
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДОНИШКАДА

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгощи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Дониш чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Шаҳриёр Саъдуллозода, директори донишкада чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, донишҷӯён ва устодонро бо Рӯзи дониш ва фарорасии соли нави хониши 2025-2026 табрику таҳният намуд.
Зуфар Исмоилзода, муовини Раиси вилояти Суғд, паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмазодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла, омадааст: Соли нави таҳсил барои ҳар яки мо оғози марҳилаи тозае андӯхтани дониш, рушду камол ва таҳкими нерӯи зеҳнӣ мебошад. Дар солҳои истиқлолият таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф бештар гашта, дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарин, самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пояи асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати рушди устувори давлат ба ҳисоб овардаанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги халқамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву оини ватандорӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд». Боиси фараҳмандист, ки соли равон дар вилоят 34 иншооти нави соҳаи маориф бо имкони қабули 3870 хонанда, инчунин 19 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 2150 кӯдак сохта шудаанд. Баробари ин, роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» марҳилаи наверо барои густариши фаъолияти наврасону ҷавонон ва устодону омузгорони онҳо боз намуд. Озмунҳои мазкур ба болоравии сатҳи саводу маърифат, бедории ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон мусоидат карданд. Соли равон дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз шумораи умумии иштирокчиён 90 нафар беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ 1 172 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят иштирок ва 642 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардид, ки ин нисбат ба соли гузашта 200 нафар зиёд мебошад”.
Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати Рӯзи дониш иро намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маориф ва таҳсилот дар мақоми аввал қарор дорад ва мактабу маориф доимо такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб меравад. Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, бе маорифи пешрафта ва низоми дурусти таҳсилот ба ҳадафҳои муҳиму созандаи давлатдорӣ расидан душвор аст. Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии Истиқлоли миллӣ, ки дар остонаи сивучаҳорсолагии он қарор дорем, ба рушди илму маориф ва нерўҳои ақлонии мамлакат таваҷҷўҳи беандоза зоҳир менамояд.
Барҳақ, Пешвои муаззами миллат аҳли илму маориф ва қувваи солими зеҳниро хазинаи тиллоии миллат номида, дар ҳама кору пайкор, ҳолатҳои тақдирсози душвор, ниятҳои наву таърихӣ ва муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодҳои аҳли маориф ва зиёро самаранок истифода менамоянд.
Шаҳриёр Саъдуллозода, директори донишкада ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят барои иштирок ва табрикот арзи миннатдории раёсати Донишгощи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷандро расонд.
Шуъбаи кор бо ВАО


: 124

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 08.11.2025
ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН—ТАҚОЗОИ ЗАМОН
ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН—ТАҚОЗОИ ЗАМОН
  • 08.11.2025
МЕРОСИ НИЁГОН ВА ТАҚОЗОИ ҚАРНИ XXI
МЕРОСИ НИЁГОН ВА ТАҚОЗОИ ҚАРНИ XXI

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены