ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН—ТАҚОЗОИ ЗАМОН
Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳо аҳли ҷомеа, хоса донишҷӯён, ки навраҳе дар роҳи илму ҳунаромӯзӣ мебошанд, ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хуб донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд.
Дар ин замина нақши Конститутсия дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии донишҷӯён басе муҳим арзёбӣ мегардад.
Зери мафҳуми фарҳанги ҳуқуқӣ қоидаҳои умумии ҳатмии рафтори муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаҳмида мешавад, ки барои баланд бардоштани шуурнокӣ ва маданияти ҳуқуқӣ, амалишавӣ ва риояи қонунҳо, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ равона шудааст.
Соли сипаригардидаи 2024-умро эълон доштани соли маърифати ҳуқуқӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ба шумор ёфта, дар робита ба авзои ҷаҳони муосир амри бисёр муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки вобаста ба рушди кишвар тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ зина ба зина рушд намуд. Дар он меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки дурнамо, равиши асосии инкишофи қонунгузорӣ ва дар умум принсипҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
Барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии донишҷӯён мо бояд чунин тадбирҳоро амалӣ созем:
-Ҳар як фарди ҷомеа бояд ба муқобили ҳуқуқвайронкунӣ бетараф набошад;
-Ҳар як фарди ҷомеа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳама гуна зуҳуроти зиддиҳуқуқиро пешгирӣ карда, онро дар сатҳи гуногуни мақомотҳо мавриди муҳокима қарор диҳад;
-Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ пеш аз ҳама пояҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа баланд бардошта шуда, ба муқобили амалҳои коррупсионӣ барои пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва интизомӣ чораҳои давлатӣ андешида, назорат аз болои иҷрои он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
-Ҷалби кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар баландшавии маърифати ҳуқуқӣ бояд назарррас бошад.
Ҳанӯз дар асрҳои миёна аз он замоне, ки дар байни одамон нобаробариҳои молумулкӣ ба вуҷуд омад, дар афкори ҷамъият чунин масал пайдо шуд: “Дар ҷамъияте, ки дар он одамон ба табақаҳои доро ва нодор ҷудо мешавад, қонун ба мисоли тори анкабутест, ки дороён аз он бемалол гузаранду нодорон андармони он шаванд.
Барои давлати ҳуқуқӣ марҳилаи дурударози таърихӣ, пайваста баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад.
Бо тафохуру шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии меҳани озоду демократӣ, аз Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ мо бояд тамоми кӯшишҳои худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба як кишвари пешрафта мубаддал гашта, ба наслҳои оянда як мулки ободу осуда мерос гузорем. Ин аз мо омӯзиши илму дониш, дарки фарҳангиу маърифати ҳуқуқӣ, заҳмати рӯзафзун, садоқат ба халқу Ватан, пайравӣ ба ғояҳои ватанпарваронаи Пешвои миллатро тақозо менамояд.
Гулрухсор Умарова, устоди ДПДТТ